Бойгонӣ
06 мар 09:50АСОСӢ / Мақомот

2020- СОЛИ НУРУ САФО

Сухани сармуҳаррир

     Ҳар рӯзе, ки сипарӣ мегардад моро ба ҷашни бузурги миллат-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик месозад. Аз омодагиҳо ва тараддуди сокинон ба ҷашнҳои миллӣ, дил лабрези фараҳ мегардад, ки мардуми соҳибтамаддуни мо бо дарки масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстӣ ба ободкорию хуррамгардонӣ ва гулкорӣ даст мезаданд, то муҳит боз ҳам дилкашу зебо ва насимаш муаттару пур аз сафо бошад.

Боиси хушнудист, ки имрӯз дар шаҳраку деҳоти кишвар, аз чумла дар вилояти Хатлон дигаргуниҳои тозаву фараҳбахш ба вуқуъ мепайвандад. Ҳамаи бунёдкориву сабзкориҳо, ободонӣ аз иқдомоти ватандӯстонаву созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд, ки ҳадаф таъмини зиндагии арзанда ба ҳар сокини кишвар аст. Дар заминаи ин иқдомот ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон тозакориҳо вусъати бесобиқа касб намудааст. Роҳбарияти вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки аз Ҷашни бузурги миллӣ шоиста истиқбол гардад. Корҳои ободониву бунёдкорӣ хусусияти оммавӣ гирифта, бо мақсади истиқболи арзанда чорабиниҳои гуногун матраҳ гардидаанд, ки ташкили озмунҳои «Ободгари Ватан», «Рӯзи аёдати ниёзмандон» ва даҳҳо чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ аз ҷумлаи тадбирҳои судманд аст, ки ҳамаи ин ба боло бурдани ҳисси меҳанпарастиву ватандӯстӣ, зебоипарастӣ мусоидат мекунанд.   

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ иқдомҳои нав рӯи кор меоянд, ки ҳадаф якест - ободонӣ, ватансозист. 7 феврали соли ҷорӣ бо қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода «Соли 2020 - соли равшаннамоӣ ва чароғонкунии шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон» эълон гардид. Роҳандозӣ гардидани ин ташаббус саривақтӣ буда, рӯзгори моро боз ҳам мунаввартар мегардонад. Ин тадбири муҳим имкон медиҳад, ки дар баробари вусъати корҳои ободонӣ шаҳраку деҳот рушд кунад ва пур аз сафову нур гардад. Тибқи нақшаи чорабиниҳо чароғонкунии шаҳраку деҳоти шаҳру навоҳии вилоят оғоз гардида, корҳои равшаннамоиву ороишӣ дар биноҳои маъмурӣ ва корхонаву муассисаҳо дар маркази вилоят ва шаҳру навоҳӣ  идома дорад, ки шабонгоҳон ба ҳусни атроф ҳусн зам мекунад. 

Чароғонкунӣ ва равшаннамоии шаҳраку деҳот ин идеяи созанда буда, даъват ба ободонию бунёдкорист. Имрӯз мо масъулияти бузурги ватансозиро ба дӯш дорем ва иҷрои ҳамаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба саодати рӯзгор расонидани мардум аст. Ин масъулиятро мо бо ифтихори ватандорӣ сарбаландона баҳри сафову пурнур гардидани диёрамон амалӣ мекунем. Воқеоту рӯйдодҳои фараҳбахши ҳамагӣ 1-2 соли охир собит намуданд, ки мо МЕТАВОНЕМ Ватанамонро обод намоем. 

 
Латофат ЧОРИЕВА
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019