Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
20 май 09:42АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН
19 май, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ҷаласаи кории раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини якум, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ, роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 17 май дар ноҳияи Данғара дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон баён доштаанд, суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ дар сатҳи вилоят ва ноҳия бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта фаврӣ ҷораҷӯӣ намоянд.
Зимни суханронӣ раиси вилоят вазъи воқеии соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳоро таҳлил намуданд.

Раиси вилоят масъалаҳои марбут ба таъмини фаъолияти мунтазами бахшҳо, боло бурдани самаранокии истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи маданияти истифодаи замину об, инчунин, вазъи корҳои созандагиву ободонии ноҳияро баррасӣ намуда, дар назди масъулини ноҳия вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Таъкид гардид, ки дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ мушкилот дар соҳаи кишоварзӣ зиёд буда, аз масъулин андешидани чораҳои фавриро тақозо менамояд.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ зарур шумурданд, ки мардум баҳри ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар кишвар тамоми тадбирҳои заруриро андешида, барои кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода намоянд.
Таъкид шуд, ки танҳо бо саъю талоши ҳар як сокини ноҳия ва дар навбати аввал, роҳбарону кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои худӣ мо метавонем ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ноил гардем.

Ҳамзамон бо ин, супориш дода шуд, ки иҷрои дурнамои кишти зироатҳо, хусусан, пахта, картошка ва ғалладонагиву лӯбиёгиҳо, кишти такрорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, рушди муназзами истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиши содироти маҳсулот таъмин карда шавад.
Дар интиҳо раиси вилоят Давлаталӣ Саид бори дигар масъулон ва фаъолони ноҳияи Хуросонро ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии он ҳидоят намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



