22 фев 12:57АСОСӢ / Мақомот

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

     Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Афсарону сарбозон, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва тамоми мардуми Хатлонзаминро бо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба шумо саломатӣ, умри дароз, файзу эҳсон, садоқати зиндагӣ ва ваҳдати ҳамешагиро дар мамлакат хоҳонам.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазнинтарин лаҳзаҳои давлатдорӣ таъсис ёфта, таҳти таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирию ғамхориҳои рӯзафзуни Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як неруи пуриқтидори мудофиавӣ табдил ёфтааст.

Дар шароити имрӯза Қувваҳои мусаллаҳ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон ба ҳисоб рафта, марзи кишварро аз ҳама гуна хатару тазодҳои замони имрӯза эмин нигоҳ медоранд.

Артиши миллӣ, ки дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, бо ҷаҳду кӯшиши бевоситаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат тадриҷан устувор гардида, имрӯз бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар давоми солҳои мавҷудияти худ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву ҳарбӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ фидокориҳои зиёд намуда, далерона хизмат карда истодаанд.

Тавре Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад». 

Ба Модар-Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр будан қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бонангу номус ва далеру матин мебошад.

Таҳаввулоти босуръати ҷаҳонӣ, ки имрӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон таъсири манфии худро расонида истодааст, дар назди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҳар як фарди ватандӯсту баор дар самти ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими милливу давлатӣ вазифаҳои бисёр ҷиддиро мегузорад, ки ҳалли онҳо аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва шахси худогоҳ иродаи матин, зиракии сиёсӣ, кордонӣ ва садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд. 

Дар марҳалаи торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, ҳифзи марзу бум, суботу оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид барои беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла Артиши миллӣ, мебошад.

Имрӯз хуб мушоҳида гардида истодааст, ки аз ҷониби неруҳои муайян дар минтақа ва ҷаҳон бо истифода аз роҳу воситаҳои харобиовар, аз ҷумла тавассути анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи трансмиллӣ, инчунин бо роҳи тавсеаи муборизаҳои иттилоотӣ кӯшиши дахолат намудан ба корҳои дохилии давлатҳои мустақил рӯз ба рӯз густариш ёфта истодааст.

Дар чунин шароит масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ ва суботу оромии ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, ҳамаи кормандони сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро водор месозад, ки масъулиятшинос ва ҳушёру зирак бошанд.

Яке аз шартҳои муҳими баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омодабошии Қувваҳои Мусаллаҳ мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва тарбияи сиёсиву маънавии ҳайати шахсӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, Роҳбари давлат мунтазам масъалагузорӣ мекунанд, ки дар баробари тарбияи кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ба масъалаи риояи бечунучарои муқаррароти қонунгузорӣ, ойинномаҳои ҳарбӣ, пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҳайати шахсӣ тамоми чораҳоро амалӣ намоем. Равандҳои тағйирёбии вазъияти ҳарбиву сиёсиро дар минтақа таҳти омӯзиш, таҳлил ва назорати доимӣ қарор дода, таҳдиду хатарҳои мавҷудаву эҳтимолиро ба амнияти мудофиавии кишвар ва вилоят ҳамаҷониба ва сари вақт арзёбӣ кунем. Ҳолати омодабошии қисмҳои низомии ҳудуди вилоят бояд таҳти назорати доимӣ бошад. 

Бо мақсади табаддулоти давлатӣ, нооромсохтани фазои кишвар гурӯҳҳои ифротӣ ва даҳшатафкан борҳо кӯшиши ғасби кишвар ва таҳдид ба ҷони ходимони давлатию сиёсӣ карданд. Қувваи шикастнопазирии афсарону сарбозони ҷасури Ватан имконият дод, ки ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои ҷиноятпеша пешгирӣ карда шуда, амнияту суботи кишвар пурра таъмин гардад. Маҳз чунин мардонагию шуҷоатмандии афсарону сарбозони диловари Ватан буд, ки ҳадафи нопоки хоинони миллат, яъне ҳамла ба қисми низомии Ишқободи воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар санаи 6 ноябри соли 2019, базудӣ бартараф гардид ва дар як муддати кутоҳ ҳамлаварони иртиҷоӣ безарар карда шуданд.

Аз ин лиҳоз, бояд гуфт, ки хизмат ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон рисолати муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан-Модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад.

Бовар дорам, ки падару модарон ва дар маҷмӯъ, ҳар як фарди худогоҳи вилоят, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандорӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ ва дӯст доштани марзу буми Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд. 

Инчунин, итминон дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои қисмҳои низомии ҳудуди вилоят ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар менамоянд.

Ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азизро, бори дигар ба ифтихори 27-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳар яки шумо тансиҳативу хушбахтӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани аҷдодӣ барори кор орзумандам.

Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоли мо сулҳу ваҳдат ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона намоем, ки ин неъмати бебаҳо ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидонӣ боқӣ монад.


      Раиси 

      вилояти Хатлон                              Қурбон Ҳакимзода
Добавить комментарий