Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
07 май 15:04АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРОНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ПАРВАРИШИ ПИЛЛА
Имрӯз, 7 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияҳои Вахш аз самаранок истифодабарии замини наздиҳавлигӣ ва парвариши пилла дар манзили истиқоматӣ дидан намуданд.
Раиси вилоят дар деҳаи Пахтаободи ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш бо истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ ва парвариши пиллаи шаҳрвандон Қосимов Маҳмадсолеҳ шинос шуда, ба шеваи кору натиҷаҳои баланди меҳнаташон баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Қосимов Маҳмадсолеҳ нафақахӯр мебошад. Замини наздиҳавлигиаш 0,08 гектар буда, самаранок истифода намуда, айни замон картошка, гулкарам ва дигар зироатҳоро кишт кардааст ва ҳосили хуб ба даст меорад. Соли ҷорӣ 2 қуттӣ кирмак (40 гр) гирифта, дар назар аст, ки 100 килло ҳосил гирад ва айниҳол пилла ба пуррагӣ барои ҷамъоварӣ омода аст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ саҳми онҳо ва дигар сокинони маҳалларо дар таъмини амнияти озуқаворӣ чашмрас арзёбӣ намуданд.
Зимни суҳбат бо пиллапарвар раиси вилоят Давлаталӣ Саид қайд кард, ки ин соҳа ҳамчун соҳаи сердаромаду афзалиятноки иқтисодӣ ҷиҳати бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, рушди саноати сабук, истеҳсоли матоъҳои аз ҷиҳати экологӣ ба саломатӣ безарар, таъмини садҳо нафар бо ҷойи кор нақши муассир дорад.

Зимни суҳбат бо сокинон раиси вилоят Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки дар шароити имрӯза бояд ҳар як оилаи мамлакат ҳар порча замини корам, бахусус замини наздиҳавлигиро ба манфиат истифода бурда, дар навбати аввал талаботи оилаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи ғизоӣ қонеъ сохта, ба ин васила дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат - таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд.
Деҳқон ҳам аз фазои сулҳу суботи кишвар шукргузорӣ намуда, иброз доштанд, ки маҳз бо шарофати истиқлол имрӯз мо кору фаъолият мекунему зиндагии осуда дорем.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



