Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРОНИ ҶБВ РАФТАНД
Имрӯз, 7 май, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба аёдат ва табрики онҳо рафтанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Пахтаободи ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш Қосимов Розиқ ва дар шаҳри Бохтар Алиев Зайнуллоро аёдат намуданд. Нахуст, онҳоро ба муносибати Иди Ғалаба самимона табрику муборакбод намуда, ба онҳо тани сиҳат, хотири ҷамъ, хонаи ободу осуда, файзу баракат ва дар тарбияи фарзандону наберагон бурдбориҳоро орзу намуданд.
Сипас, туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яке бо маблағи 50 000 сомонӣ, раиси вилояти Хатлон 10000 сомонӣ расонида шуд. Инчунин, аз ҷониби раисони шаҳру ноҳия ва дигар сохторҳои марбута низ кӯмаки пулӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо медали "80-солагии Ғалаба" тақдим гардид.
Розиқ Қосимов 22 январи соли 1926 дар ноҳияи Рашт таваллуд шуда, соли 1945 ба сафи артиши Шӯравӣ даъват мешавад ва дар шаҳри Чкалов омодагии ҷангӣ мебинанд. Сипас, полки онҳоро ба Муғулистон мебаранд, то ки фашистони аз тарафи Япония сарбаровардаро торумор намоянд. Дар ҷанг худро марди далеру ҷасур нишон дода, хизматҳои ҷангиашро ба инобат гирифта, аз ҷониби давлати Шӯравӣ бо даҳҳо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонида шудааст.
Розиқ Қосимов баъди ғалаба бар фашизм то соли 1948, барои барқароркунии шаҳрҳои валангор дар хизмати ҳарбӣ мемонад. Ӯ соҳиби 6 фарзанд: 2 духтар ва 4 писар буда, шумораи набера ва абераҳояш ба 200 нафар мерасад. Розиқ Қосимов маъюби гуруҳи 2 буда, ҳоло ба синни мубораки 99-солагӣ расидааст.

Алиев Зайнулло 12 ноябри соли 1920 дар ноҳияи Кангурт (ҳоло Темурмалик) таваллуд шудааст. Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, соли 1942 ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мегардад ва дар ҳайати фронтҳои Ленинград ва Белорусия ҷангида, дар муҳорибаҳои озод кардани шаҳрҳои Ленинград, Калинин, Молдова, Венгрия, Руминия иштирок кардааст.
Ҳоло бобои Зайнулло дар маҳаллаи "Ваҳдат"-и шаҳри Бохтар истиқомат намуда, дар иҳотаи фарзандону наберагон бо ғамхорию қадрдониҳо фаро гирифта шуда, давлати пирӣ меронад.
Ҳаёт ва фаъолияти ҷангию меҳнатии бобои Зайнулло ҳамчун иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 барои насли наврас ва ҷавонон мактаби бузурги омӯзиши шуҷоату мардонагӣ, омили муҳими тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ба шумор меравад.
Имрӯз ҷавонони шуҷои кишвар анъанаҳои пуршарафи ҷангӣ ва меҳнатии насли калонсолро идома дода, дар таъмини амнияти марзу буми кишвар, сулҳу осоиши халку Ватан, якпорчагии кишвар ва пойдории Истиқлол содиқу устувор мебошанд.
Қосимов Розиқ ва Алиев Зайнулло зимни суҳбат бо раиси вилоят аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат изҳори сипосгузорӣ намуда, шукронаи сулҳу субот ва осудагии сарзаминро намуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар вилояти Хатлон айни замон 8 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд, ки калонсолтарини онҳо дар шаҳри Бохтар буда, 102-сола мебошад. Кӯҳансарбози 102-сола Файзалии Сафаралӣ ва Зайнулло Алиеви 100-сола дар шаҳри Бохтар ба сар мебаранд. Ҳамзамон, Гулмурод Тағоеви 101-сола дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Розиқ Қосимови 99-сола дар ноҳияи Вахш, Машраб Давлатови 99-сола дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳабиб Сафарови 99-сола дар ноҳияи Ҷайҳун, Мирзо Ғаффорови 99-сола дар ноҳияи Хуросон ва Аҳиё Мирзоеви 99-сола дар ноҳияи Ховалинг зиндагӣ доранд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



