Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
05 май 14:39АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
ЭЪЛОН: 515 000 СОМОНӢ ГРАНТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА СОҲИБКОРЗАНОН
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 25 апрели соли 2025, №95 «Дар бораи таъсис додани гранти раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои соли 2025» бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон озмуни гранти раиси вилояти Хатлонро эълон менамояд.
- 3 грант дар ҳаҷми 25 000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ
- 7 грант дар ҳаҷми 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ
- 20 грант дар ҳаҷми 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ
Вобаста ба ин аз занҳои соҳибкор хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаҳои худро ҷиҳати иштирок дар озмун барои гирифтани гранти раиси вилоят аз 2 май то 2 июни соли 2025 ба унвонии Комиссияи грантии вилоят, ба суроғаи Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пешниҳод намоянд.
ТАРТИБИ БАРРАСИИ ДАРХОСТ:
Тартиби ба расмият даровардани шакли дархост тибқи замима муайян карда мешавад (намунаи дархост замима мегардад).
Қабули дархостҳо ҷиҳати иштирок дар озмун пас аз чопи эълон дар воситаҳои ахбори омма шурӯъ мегардад.
Дархостҳои барои иштирок дар озмун пешниҳод шуда аз ҷониби комиссия дар давоми ду моҳ пас аз анҷомёбии муҳлати қабули дархостҳо баррасӣ мегарданд. Ҳуҷҷатҳои лоиҳаи грантии занҳои соҳибкор, шахсони алоҳидаи воқеии вилояти Хатлон, ки ба озмун пешниҳод шудаанду аз он нагузаштаанд, баргардонида намешаванд.
Дархостҳо тибқи намунаи муқарраргардида ба расмият дароварда нашудаанд, аз ҷониби комиссия баррасӣ карда намешаванд.
Танҳо 30 (сӣ) лоиҳаи грантии беҳтарин маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳаҷми грант мувофиқи харҷномаи воқеӣ ва корҳои ба нақша гирифташуда муайян карда мешавад.
Байни раёсат ва занҳои соҳибкор, шахсони алоҳидаи воқеии вилояти Хатлон, ки лоиҳаҳои грантиашон дар озмун ғолиб омадаанд, оид ба татбиқи лоиҳаи грантӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонида мешавад, ки дар он уҳдадориҳои тарафҳо ва шартҳои маблағгузории лоиҳа муайян карда мешаванд.
Муҳлати қабули дархостҳо барои иштирок дар озмун аз 2 май то 2 июни соли 2025-ро дар бар мегирад.
Добавить комментарий
Ахбор
ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР БОХТАР 13:00ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД 12:56ҲУНАРМАНДИ АСИЛ, МАҲБУБИ ДИЛҲО 12:52ХАТЛОН: ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД 12:49ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН 11:29ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 11:34Пешвои миллат ва рушди соҳаи тандурустӣ: аз сиёсати созанда то тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ 11:25ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 11:21
Серхонандаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ДАР НОҲИЯИ ЁВОН 10 ИНШООТИ ТОМАКТАБӢ БУНЁД МЕШАВАД



