Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
01 май 15:20АСОСӢ / Ахбор / Ҳуқуқ ва амният / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Иқтисод / Маслиҳати муфид
«ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНҲО ДАР СОҲАИ БАРҚ!»
Бояд гуфт, ки нерӯи барқ омили асосии равнақи тамоми соҳаҳои истеҳсолот ва пешравии ҳар як давлат дар тамоми соҳаро азҷумла самти кишоварзӣ, саноат ва дигар соҳаҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин асос дар асри нанатехнологияи имрӯза хонадони ҳар як шаҳрванди кишварҳои пешрафта ва рушдёбандаро бе истифодаи нерӯи барқ тасаввур намудан ғайриимкон аст.
Мақсади ҳар як давлати соҳибистиқлол ва рушёбанда ин пеш аз ҳама тамини барқ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва нерўии барқи босифат барои шаҳрвандони худ мебошад. Дар кишвари мо низ солҳои зиёде боз барои таъмини истиқлолияти энергетии кишвар ва дар ин асос рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар барномаҳои зиёде қабул ва амалӣ гашта, иқтидорҳои нави энергеткӣ хушбахтона хело зиёд ба кор андохта шуда, рушди бесобиқаи хоҷагии халқи кишвар ва зиндагии шоистаи шаҳрвандонро таъмин намуда истодаанд.
Дар ин асос санҷишҳои прокурорӣ шаҳодат медиҳанд, ки омилҳои истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунӣ истифода бурдани нерўи барқ, талафи нерўи барқ ва дигар қонуншиканиҳои ҳанўз дар ин соҳа зиёд ҷой доранд, ки чораҳои эътиноии прокурории вобаста ба қонуншиканиҳои дар ин самт зимни санҷишҳои прокурорӣ барои бартараф намудани ин омилҳо қабулгашта бозгўи ин ҳолатанд.
Қайд бояд намуд, 15-уми апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани иловањо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти №2163 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти №2164-ро ба имзо расонид.
Чи тавре, ки дар боло қайд намудем бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 апрели соли 2025 дар Кодекси ҷиноятӣ моддаи 253 - «Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ» илова гардид.
Моддаи мазкури Кодекси ҷиноятӣ аз се қисм иборат мебошад.
Қисми якуми он ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин, кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, муқаррар менамояд.
Барои содир кардани кирдорҳои дар қисми як зикршуда ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 27375 сомонӣ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 41025 сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол пешбинӣ гардидааст.
Тибқи қисми дуюм, агар кирдорҳои мазкур ба миқдори калон, аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ва ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, ҷазои ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 60000 сомонӣ то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 90000 сомонӣ ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол љазоро муқаррар намудааст.
Қисми сеюми ин модда оиди кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар ба миқдори махсусан калон ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазоро пешбинӣ намудааст.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ» тағйирот ворид карда шуд.
Аз ҷумла барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ба шахсони воқеӣ аз бист то сӣ, шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин мешавад.
Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ дар моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима пешбинӣ гардидааст.
Аз ҷумла:
- ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 1500 то 2250 сомонӣ;
- ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 2250 то 3750 сомонӣ;
- ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 15000 то 22500 сомонӣ.
Қабул гаштани таѓироту иловањо ба кодексњои зикршуда ин пешгирии дахолати беасос ба таљњизотњои нерўи барқ ва аз байн бурдани қонуншиканиҳои ҷойдошта вобаста ба истифодаи кувваи барқ мебошад.
Дар ҳамин асос шаҳрвандон бояд ба масъалаи сарфакорона истифода бурдаи қувваи барқ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳамагон бояд дар ин ҷода масъулиятшинос бошем.
Варқаи Зайниддин, ёрдамчии калони прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 1, шаҳри Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
Хатлон. Маъракаи кишти пиёзу картошка оғоз шуд 15:26ЧАҲОР ШОҲҶОИЗА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" 14:43СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ – СОЛИ МУВАФФАҚИЯТ ДАР ХАТЛОН 14:372 ШОҲҶОИЗА ВА 26 ҶОЙ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ « ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ » НАСИБИ ДОВТАЛАБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД. 14:34Шумораи ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" 14:30КОМЁБӢ АЗ ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА РӮЙИ КОР ХОҲАД ОМАД 14:24АНҶИР: ҲАМ ҒИЗО, ҲАМ ДАВО 11:36ХӮРИШ АЗ АНҶИР 11:33
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2 ШОҲҶОИЗА ВА 26 ҶОЙ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ « ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ » НАСИБИ ДОВТАЛАБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД.
“ШОҲНОМА” БА БОХТАР ҲАМ РАСИД
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. ДАР ДАҲ МОҲ 43 ИНШООТ БУНЁД ШУД
Тақдими “Шоҳнома” ба сокинони ноҳияҳои Вахшу Абдураҳмони Ҷомӣ
ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Бунёди бинои 5 ошёнаи Раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон
Ҷайҳун. 342 иншоот бунёд гардид
Насби дурбинҳои назоратӣ дар партовгоҳҳо



