Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
29 апр 13:27АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Маориф / Иҷтимоъ / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
Кӯшониён. Бунёди 392 иншоот дар нақша
-Аз 392 иншооти дар нақшабуда ба ифтихори ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён 185 адади он бунёд гардида, дар қисмати зиёди иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд, - гуфт зимни суҳбат мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён Хуршеди Ҳайдар.
Иттилоъ дода шуд, ки баъди бунёди ин ҳама иншоот беш аз 1200 ҷои корӣ муҳайё гардида, сокинон бо ҷои кори доимию мавсимӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.
Аз иншооти дар нақша буда, 95 иншооти соҳаи маориф, 38 иншооти соҳаи тандурустӣ, як иншооти соҳаи фарҳанг, ду иншооти соҳаи варзиш, шаш адад ба соҳаи кишоварзӣ, 30 адад маркази савдою хизматрасонӣ, 15 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва 110 адад дигар бинову иншооти иқтисодию иҷтимоӣ буда, марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Хуршеди Ҳайдар афзуд, ки давоми соли равон дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия бунёди 161 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то ин муддат 26 адади он ба истифода дода шуда, дар боқимондаи он корҳои сохтмонӣ бо суръат ҷараён доранд.
-Феълан аз ҳисоби он ҳама иншооте, ки дар ҳудуди ноҳия бунёд гардиданд, беш аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд, - афзуд, Хуршеди Ҳайдар.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД 14:30ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ



