Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
27 апр 14:47АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Мақомот
Вилояти Хатлон дар озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» сазовори ҷойи дуюм гардид
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор шуд, ки дар он вилояти Хатлон бо натиҷаҳои назаррас сазовори ҷойи дуюм гардид.
Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки фестивал тибқи Амри Президенти мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадаф аз он вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳамин тавр, Анвар Ортиқов, сокини шаҳри Бохтар, дар номинатсияи «гулпарвари беҳтарин» ҷойи дуюмро ишғол намуд. Боғи фарҳангӣ-фароғатии Дӯстии ноҳияи Дӯстӣ дар номинатсияи «боғҳои фарҳангию фароғатӣ» мақоми сеюмро ба даст овард. Маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Ёвон дар номинатсияи «маҳаллаи беҳтарин» сазовори ҷойи дуюм гардид. Деҳаи ба номи Исмоили Сомонии ноҳияи Хуросон дар номинатсияи «деҳаи беҳтарин» ҷойи дуюм ва Ҷамоати деҳоти Ҷилликӯли ноҳияи Дӯстӣ дар номинатсияи «деҳоти беҳтарин» ҷойи сеюмро соҳиб шуд.
Ҳамчунин, Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён дар номинатсияи «шаҳраки беҳтарин» ҷойи дуюм ва ноҳияи Данғара дар номинатсияи «ноҳияи беҳтарин» мақоми дуюмро ишғол карданд. Шаҳри Кӯлоб дар номинатсияи «шаҳри беҳтарин» ҷойи дуюмро ба даст овард.
Ҳадафи баргузории озмуни мазкур тарғиби зебоишиносӣ, корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ миёни сокинони кишвар мебошад.
Маҳмадализода Маҳмадалӣ
Добавить комментарий
Ахбор
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД 14:30ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ



