Бойгонӣ
Апрель 2025 (30)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)
Октябрь 2024 (27)

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ ЙОРК ШУГРАФ

23 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Йорк Шуграф дидору мулоқот анҷом доданд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи вилояти Хатлон бо Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, ҳамчунин фарҳангию гуманитарӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва сайёҳиро муҳокима намуданд.

Дар доираи барномаҳои рушди босуръати саноат соҳаи маъданҳои кӯҳӣ, металлургӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ ва ҷалби сармоя ба бахшҳои мухталифи саноат, ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок муайян гардиданд.

Бо дарназардошти имкониятҳои содиротии вилояти Хатлон таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва марказҳои логистикӣ дар вилоят зарур шумурда шуд.

Раиси вилоят зикр намуданд, ки вилояти Хатлон беш аз 40 дарсади аҳолии кишварро дар бар гирифта, иқтидори истеҳсолӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳои муҳими давлатӣ зиёд мебошад. Хусунан, беш аз 60 фисади маҳсулоти кишоварзиро дар ҷумҳурӣ кишоварзони вилояти Хатлон истеҳсол намуда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ ҳамзамон ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он содирот мемоянд. 


Ҷонибҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳо, рушди соҳаи кишоварзӣ, бандубасти маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар табодули афкор намуданд. 

Тавре дар мулоқот зикр шуд, аллакай дар вилояти Хатлон сабзавоти барвақтӣ, хусусан пиёз дар марҳилаи чиниш қарор дошта, тибқи таҳлилҳо ҳосил наздик ба 500 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва бештари он ба содирот нигаронида шудааст.  

Йорк Шуграф аз ҳамкориҳои ду кишвар баҳри рушди муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва саноатию кишоварзӣ ҳарф зада, илова кард, ки мо ҳамкориҳоро дар самти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ баҳри дастгирии ду кишвар Тоҷикистону Олмон густариш хоҳем дод. 

- Ҳоло 15 ширкати бузурги мо дар Тоҷикистон, дар бахшҳои гуногун кору фаъолият доранд ва мо ният дорем, ки баъди ин мулоқот ва боздид намудан аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, туризм ва дигар самтҳо онҳоро баҳри сармоягузорӣ ба вилоят ҷалб намоем, - афзуд сафир. 

Дар мулоқот бештар ба масъалаи бунёди корхонаҳои саноатӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, энергияи сабз, коркарди пахта ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳ шуд. 

Таъкид гардид, ки соҳибкорону сармоягузорон аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон метавонанд дар амалӣ шудани лоиҳаҳо ва нақшаҳои созанда саҳми муносиб гузоранд. Зеро дар вилояти Хатлон фазои муносиби сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, бунёди корхонаҳои муштаррак бо истифода аз таҷрибаҳои пешрафта ва технологияи навтарин ба нафъи ҷониб ҳохоҳад буд. 
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии мутақобилаи худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва истифодаи имконияту зарфиятҳои мавҷуда изҳор намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019