Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
19 мар 14:13АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Мақолаҳо / Чеҳра
ДАСТОНИ ПУРҲУНАР
Ҳунар ганҷест, ки моликашро муҳтарам мегардонад. Ҳамин аст, ки ҳунарманд ҳамеша садрнишин аст. Ин ҷо аз рӯзгори модаре қисса мекунем, ки ҳунарманд аст ва миёни аҳли ҷомеа эҳтироми хоса дорад.
Зебогул Назарова зани хонашини меҳнатдӯсту заҳматқарин аст. Солҳост бо ҳунари волои худ, яъне дӯзандагӣ чархаи рӯзгорашро тоб медиҳад. Ӯ сокини деҳаи Сурхдараи Ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ аст.
Табиист, ки ҳунар мерос аст ё ин ки ҳар нафар ҳунареро аз нафаре меомӯзад. Махсусан, ба занон бештари вақт модаронашон устоди ҳунаранд. Қаҳрамони мо низ ҳунари порадӯзиро аз модараш омӯхтааст.
Холаи Зебогул меҳнатдӯсту мушкилнописанд аст. Ӯ ҳунарҳои худро аввалан ба фарзандон омӯхтаву баъдан аз сиёсати раиятпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳом гирифта, ба дигар занони хонашини маҳал омӯзондааст. Инчунин, дар асоси барномаи давлатии «Мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Восеъ курсҳои кӯтоҳмуддат таъсис дода, ҷиҳати соҳибҳунар намудани занону духтарон саҳми назаррас дорад.
Қаҳрамони мо дар порадӯзӣ шуҳрат пайдо кардаву ӯро дар ноҳия ва берун аз он бо ин ҳунари волояш шиносанд ҳам ҳунарҳои зиёди дӯзандагию пазандагиро низ соҳиб аст.
Аслан эҷодкориву навоварӣ хоси ҳунарманд аст. Дар ҳуҷраи кории ин зани соҳибҳунари муътабар ҷилваи рангҳо бармало ба чашм мерасад. Ҳар як нақшу нигор ва порадӯхтаҳо муҳитро зиннат мебахшанд. Бо тамошои маҳсули ҳунари ин бонуи соҳибзавқ ҳар бинанда ба ваҷд меояд.
Зебогул Назарова қаҳрамонмодар аст. Ӯ соҳиби 11 фарзанд аст, 6 духтару 5 писар, ки имрӯз фарзандон дар ҷабҳаҳои гуногуни ҷомеа кору фаъолият доранд.
Ин модари ба гуфтаи халқ “панҷ панҷааш ҳунар” шавқ ва дилгармии зиёде ба ҳунарҳои худ дорад. Ӯ гранти раиси вилояти Хатлонро ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ сазовор гардидааст. Ин дастгириву ғамхориҳо ӯро ба шуғлаш бештару беҳтар ҳавасманд мекунад ва нақшаву ниятҳои зиёдеро низ пешаш мегузорад.
Хеле хушсухану меҳрубон, саховатпеша ва дидадарост холаи Зебогул. Солҳо байни мардуми маҳал кори роҳбарӣ ва ташкилотчигӣ дорад.
Аз оғози суҳбат то интиҳо пайваста изҳори сипосу миннатдорӣ мекард ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Аз вохӯриҳояш бо Сарвари давлат ёд меовард. Шукрона мекард, ки чунин Роҳбари ғамхору дилсӯзи миллат дорем. Бахусус, оид ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ ба Пешвои миллат зиёд сипосгузорӣ менамуд, ки аз шарофати он ҳам рӯзгораш пурбаракат аст ва ҳам дар ҷомеа қадру иззат дорад.
Оре, ҳунару маҳорати ӯро сипосномаву ифтихорномаҳояш низ бозгӯянд.
Ашӯралӣ Эргашев, ноҳияи Восеъ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



