Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
15 ноя 13:03АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ВАЗЪИ НАШЪУНАМОИ ДАРАХТОНИ СОЯАФКАНУ ОРОИШӢ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН
Субҳи имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии "Бустонқалъа"-и ноҳияи Кӯшониён бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ шинос шуданд.
Ҳадафи боздиди раиси вилоят аз хоҷагии ниҳолпарварӣ шиносоӣ бо парвариши дарахтони ороишӣ, ки барои рушди корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва беҳтар кардани ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст, мебошад.
Зимни суҳбат бо хоҷагидорон раиси вилоят ба онҳо барои дуруст ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳо маслиҳатҳои муфид доданд. Ниҳолҳои дар ин ҷо парваришёфта барои ободонию зебогии кӯчаву хиёбон ва боғҳову гулгаштҳо истифода мегардад.

Баъди шиносоӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир ба тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилу баргузории маъракаҳои ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, чароғонкунӣ, ташкили шароити мусоид дар боғ барои истироҳати сокинону меҳмонон ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дода, онҳоро ба вусъати тадбирҳои созанда ҳидоят намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



