Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Меҳргон ҷашни бузурги хусравон
“Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёнажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст”
Эмомалӣ Раҳмон
Дар замонҳои бостон одамон барои муайян намудани шабу рӯз ва вақт аз ҷирмҳои осмонӣ истифода менамуданд. Дар натиҷа гоҳшуморӣ пайдо шуд. Мардуми тоҷик дар аввал ду фасли сол доштанд: тобистон ва зимистон. Бо мурури замон сол ба чор фасл ҷудо шуда, дар ҳар фасле маросими махсусе иҷро мегардид.
Миёни мардуми форс-тоҷик ҷашнҳои гуногун, аз ҷумла Ялдо, Тиргон, Сада ва Меҳргону Наврӯз ҷашн гирифта мешавад, ки дар байни худ пайванди ногусастанӣ ва таърихи дуру дароз доранд. Зуҳури онҳо ба зиндагии ҳаррӯза, ҳар ҳафта, ҳар моҳа ва ҳарсолаи мардум пайванд буда, дар воқеъ ҳисоби кишту кору чорводорӣ аст. Яке аз чунин ҷашнҳо ин ҷашни Меҳргон аст.
Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои миллии ниёгони ориёии мо мебошанд, ки дар гузашта ҳамчун ҷашни бошукӯҳи ҳосилғундорӣ, бардоштани самараи меҳнати кишоварзон таҷлил мегардид. Вожаи Меҳргон аз ду қисм иборат аст: “меҳр” – муҳаббат, самимият, дӯстӣ ва “гон” – нисбат, яъне ба чизе мансуб будан.
Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,
Пурфайз бод хони шумо, аз нуру нори арғувон.
Агар бунёдгузори Наврӯзро Ҷамшед ҳисобем, пас бунёдгузори Меҳргон ин Фаридун аст. Чунончӣ дар “Шоҳнома” – и безаволи А. Фирдавсӣ омадааст;
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносониву хӯрдан оини ӯст.
Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи Меҳр,
Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр.
Хушбахтона, дар замони Истиқлолияти кишвари азизамон ин ҷашни каёнӣ бо шарофату ҳидоятҳои созанда ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, монанди иду ҷашнҳои дигар бо як шаҳомати махсус таҷлил мегардад. Ба муносибат ва истиқболи ин ҷашни фархунда деҳқонону ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорону дигар қишри ҷомеа аз сидқи дил заҳмат кашида, баҳри пешрафти давлати тоҷикон саҳми бориз мегузоранд.
Ҷашни Меҳргон баёнгари анъанҳои неки инсонӣ буда, файзу баракат ва фаровони хони кишоварзонро дар худ инъикос менамояд. Иди Меҳргон ҷашни кишоварзон, ҳосили бардоштаи онҳо, самараи заҳмат ва меҳнати онҳо, баракати рӯзгор ва хурсандии мардуми фарҳангсиришти Тоҷикистон аст. Мардум ин ҷашни пуршукӯҳро бо нияти фаровонии ҳосил, хайру баракат, рӯзгори тинҷу осуда таҷлил менамоянд.
Рӯзи Меҳру моҳи Меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр биафзой эй нигори моҳчеҳраи меҳрубон.
Меҳрубонӣ кун ба ҷашни Меҳргону рӯзи Меҳр,
Меҳрубонӣ кун ба рӯзи Меҳру ҷашни Меҳргон.
Абубакр Давлатов, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



