Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
14 авг 15:58АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод
Э Ъ Л О Н
Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тибқи қарори раиси вилоят аз 26 июли соли 2024, №160 “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2024-2025” бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон озмуни грантҳои раиси вилояти Хатлонро эълон менамояд.
-2 грант дар ҳаҷми 25000(бисту панҷ ҳазор) сомонӣ
-6 грант дар ҳаҷми 20000 (бист ҳазор) сомонӣ
-22 грант дар хаҷми 15000(понздаҳ ҳазор) сомонӣ
Вобаста ба ин аз занҳои соҳибкор хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаҳои худро ҷиҳати иштирок дар озмун барои гирифтани гранти раиси вилоят аз 1 август то 1 сентябри соли 2024 ба унвонии Комиссияи грантии вилоят, ба суроғаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати кор бо занон ва оила пешниҳод намоянд.
Тартиби баррасии дархост:
Тартиби ба расмият даровардани шакли дархост тибқи замима муайян карда мешавад (намунаи дархост замима мегардад).
Қабули дархостҳо ҷиҳати иштирок дар озмун пас аз чопи эълон дар воситаҳои ахбори омма шуруъ мегардад.
Дархостҳои барои иштирок дар озмун пешниҳодшуда аз ҷониби комиссия дар давоми ду моҳ пас аз анҷомёбии муҳлати қабули дархостҳо баррасӣ мегарданд. Ҳуҷҷатҳои лоиҳаи грантии занҳои соҳибкор, шахсони алоҳидаи воқеии вилояти Хатлон, ки ба озмун пешниҳод шудаанду аз он нагузаштаанд, баргардонида намешаванд.
Дархостҳо тибқи намунаи муқарраргардида ба расмият дароварда нашудаанд, аз ҷониби комиссия баррасӣ карда намешаванд.
Танҳо 30 (сӣ) лоиҳаи грантии беҳтарин маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳаҷми Грант мувофиқи харҷномаи воқеӣ ва корҳои банақшагирифташуда муайян карда мешавад.
Байни Раёсат ва занҳои соҳибкор, шахсони алоҳидаи воқеии вилояти Хатлон, ки лоиҳаҳои грантиашон дар озмун ғолиб омадаанд, оид ба татбиқи лоиҳаи грантӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонида мешавад, ки дар он уҳдадориҳои тарафҳо ва шартҳои маблағгузории лоиҳа муайян карда мешаванд.
Муҳлати қабули дархостҳо барои иштирок дар озмун аз 1 август то 1сентябри соли 2024-ро дар бар мегирад.
Дархост ва номгӯи
ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои иштирок дар озмуни грантҳо:
1. Ариза ба унвони раиси комиссияи грантӣ
2. Маълумот дар бораи соҳибкор;
- Шарҳи ҳоли соҳибкор;
- Нусхаи шиноснома;
- Ду дона акси 3х4;
- Нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- Маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
- Маълумотномаи нозироти андоз оид ба набудани қарз ва уҳдадориҳо; -маълумоти мухтасар дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ (оғози фаъолият аз самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ).
3. Маълумот дар бораи лоиҳа;
- Номи лоиҳа;
- Тавсифи лоиҳа ва асосноккунии он;
- Мақсаднок будани лоиҳа (мақсад бояд воқеӣ бошад);
- Вазифаҳои лоиҳа;
- Муҳлати амалигардонии лоиҳа;
- Маблағҳои дархостшаванда;
- Макони амалигардонии лоиҳа;
- Саҳми соҳибкор;
Добавить комментарий
Ахбор
Тоҷикистон – Ватанам 15:38РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД 14:39ХОҲАРОНИ КИТОБХОН 13:16ФОТЕҲИ ВАХШОНЗАМИН 13:10НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН 15:07ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД 15:05
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД



