Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
09 авг 16:53АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
Нишондиҳандаҳо назаррасанд
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар оғози нишасти матбуотӣ нақши воситаҳои ахбори оммаро дар таъмини дастрасии иттилоот муҳим арзёбӣ намуда, барои фаъолияти пурсамар изҳори сипос намуд.
Давлаталӣ Саид дар баромади хеш зикр намуд, ки нишондиҳандаҳои соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2024 мусбат ҷамъбаст гардида, дастовардҳо назаррасанд.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар 6 моҳи соли 2024 ба 15,1 миллиард сомонӣ расида, суръати рушд дар сатҳи 8,2 банди фоизӣ таъмин гардид.
Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба 100,9 фоиз гардида, ба буҷет 1,3 миллиард сомонӣ (11,2 млн сомонӣ зиёд) ворид карда шуд.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 100 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 млрд 643 млн сомонӣ (4 млн сомонӣ зиёд) маблағ ворид шуд.
Гуфта шуд, ки дар доираи амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 аз 368 лоиҳа 170 лоиҳа ба маблағи 4,8 млрд. сомонӣ (56,5%) иҷро гардида, дар 86 лоиҳа корҳо идома доранд.
Дар ин давра ба вилоят 5 миллиону 930 ҳазор доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 70 фоизи онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
-Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳиссаи маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи вилояти Хатлон 60,5 дарсади ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи аввали сол 4,5 банди фоизӣ зиёд арзёбӣ мегардад,- иброз дошт раиси вилоят.
Содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят ба хориҷи кишвар дар ин давра дар маҷмуъ 27086 тонаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7290 тонна (47%) зиёд ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.
Инчунин, аз ҳудуди вилоят наздики 2000 тонна нуриҳои минералӣ, 5578 тонна калобаи ришта, 32,8 ҳазор тонна нахи пахта, 183,5 ҳазор тонна семент ва 198 тонна матоъ ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя содирот шудааст.
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои мазкур 685 адад иншоот, аз ҷумла таъмиру сохтмони 50 адад иншооти соҳаи маориф, 7 дармонгоҳ барои қабули 140 нафар дар як баст, 15 адад иншооти фарҳангӣ, 6 адад биноҳои истиқоматии бисёрошёна, 22 адад иншооти варзишӣ, 55 адад иншооти соҳаи кишоварзӣ, 2 иншооти соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хати оби нӯшокӣ, сохтмони 126 км роҳҳо ва 30 адад пулҳои автомобилгард дар қитъаҳои гуногун, 171 иншооти хизматрасонӣ ва 176 адад дигар биною иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки дар ин замина барои 29,3 ҳазор сокинони маҳаллӣ ҷойи кори нав таъсис ёфтааст.
Дар робита ба иҷрои барномаҳои давлатӣ дар самти маориф ва муассисаҳои томактабӣ гуфта шуд, ки айни замон шумораи умумии муассисаҳои томактабӣ ба 169 адад расонида шуда, фарогирии кӯдакон дар ин зина 19,336 нафар ва дар 1286 Марказҳои инкишофи кӯдак 67557 нафар кӯдакро ташкил дода, ба 21 фоиз баробар карда шуд.
-Вобаста ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни муқаддаси 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 6260 адад иншооти нақшавӣ 3090 адад иншоот ба маблағи 2,5 млрд. сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки 49,4 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Давоми шаш моҳи соли 2024 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 343 ҷойҳои корӣ ба истифода дода шудааст.
Журналистон вобаста ба корҳои идеологӣ дар вилоят, мубориза бо падидаҳои номатлуб, мавзеҳои сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон, иҷрои барномаҳои давлатӣ дар самти маориф, бунёди муассисаҳои томактабӣ, таҷрибаи пешқадам дар соҳаи кишоварзӣ ва бунёди боғҳои интенсивӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди саноат, вусъати корҳои ободонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ дар вилоят ва ғайра дахл намуда, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
«Сафо»
Добавить комментарий
Ахбор
БАРОИ “БЕҲТАРКУНИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН” 4,8 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕШАВАД 13:19ҶАВОН ВА ВАТАН: МАСЪУЛИЯТ, ДОНИШ ВА САДОҚАТ 15:04ХАТЛОН: НАЗДИК БА 80% ДУХТАРОНИ СИННИ 10 – 14-СОЛА ИММУНИЗАТСИЯ ШУДАНД 14:48ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:15ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД 11:33ФАРРУХЗОДАҲОИ МИЛЛАТ 11:38ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ 11:25ЭЪЛОН. "ҚАЛАМИ ДОНИШҶӮ" 10:51
Серхонандаҳо
НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, САНОАТӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЯК ВОЯИ GARDASIL САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОНРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
Бохтар. Бозсозии муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
РӮЗНОМАНИГОРИ БОХИРАДИ САДСОЛА
ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
Иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар Леваканту Бохтар
КИТОБХОНАИ ОММАВИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАС АЗ БОЗСОЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ИСТИФОДА ШУД
ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД