Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Диабети қанд - омилҳои пайдоиш ва табобату пешгирӣ
Тибқи таҳлилҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ сол аз сол дар саросари олам шумораи гирифторони бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемории диабети қанд зиёд шуда истодааст. Бемории диабети қанд дар арсаи ҷаҳон аз мушкилоти глобалӣ арзёбӣ мегардад ва афзоиши он дар кишварҳои олам, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида гашта, ҳамчун масъалаи муҳими тиббӣ-иҷтимоӣ ҳалли худро тақозо менамояд.
Сабабҳои афзоиши ин беморӣ хеле зиёданд ва маъмултарини онҳо ин тағйир ёфтани тарзи ҳаёти инсоният ба сӯи камҳаракатӣ, паст шудани фаъолияти ҷисмонӣ, тағйир ёфтани реҷаи хӯрокхӯрӣ, истеъмоли хӯрокҳое, ки ба миқдори зиёд карбогидратҳои зудҳазмшаванда доранд, мебошад. Бинобар маълумотҳои оморӣ агар соли 2004 дар тамоми ҷаҳон ҳамагӣ 170 миллион нафар одамон гирифтори бемории диабети қанд шуда бошанд, пас, ин омор дар соли 2010 ба 218 миллион нафар мерасад. Тибқи пешгӯии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар соли 2025 шумораи гирифторони бемории диабети қанд ба 300 миллион нафар хоҳад расид.
Бинобар гуфтаи Шодрӯз Сафаров, табиби бемориҳои эндокринологии Маркази саломатии шаҳри Бохтар, диабети қанд аз гурӯҳи бемориҳои табиаташон полиэтиологӣ аст, ки дар натиҷаи вайрон шудани хориҷи инсулин дар хуни инсон ва таъсири он ба дохили ҳуҷайра вобаста буда, тавассути клиникӣ гипергликемияи устувор (баланд шудани меъёри қанд дар хун) зоҳир шуда, ба тағйироти мубодилаи чарбусафедаҳо ва карбогидратҳои организм, носозкорӣ ва норасогии узву системаҳои асосӣ, пеш аз ҳама, дилу рагҳо, асаби канорӣ ва ғайра оварда мерасонад. Дар механизми раванди ин беморӣ ҳормони инсулин ё тавлид намешавад ё ба шакли зарурӣ фаъолият намекунад.
Инсулин ҳормоне аст, ки дар B-ҳуҷайраҳои ғадуди зери меъда ҳосил шуда, вазифаи паст кардани қанди хунро дар организм ба уҳда дорад. Дар беморони гирифтори диабети қанд бо далели он, ки ҳормони инсулин камбудӣ дорад ва ба хубӣ амал намекунад, меъёри қанди хун то сатҳи хатарнок боло меравад. Бояд гуфт, ки сабабҳои пайдоиши ин беморӣ хеле зиёд буда, яке аз онҳо омилҳои ирсӣ мебошад, яъне бемории диабети қанд бемории генетикӣ буда, аз насл ба насл мегузарад. Ҳамчунин, дигар ҳолатҳо аз қабили асабонияти баланд (стресс), истеъмоли меъёри барзиёди ғизо, камҳаракатӣ дар ашхоси гени диабетдошта, метавонад сабаби пайдоиши ин беморӣ гардад,-иброз дошт Шодрӯз Сафаров.
- Як сабаби дигари пайдоиши ин беморӣ гузаронидани бемориҳои вирусӣ арзёбӣ мегардад, ки он ба бемории диабети қанди навъи якум оварда мерасонад. Баъдан, нафароне, ки ба пурхӯрӣ роҳ дода, ҳамзамон фаъолияти ҷисмонӣ надоранд, бештар ба бемории фарбеҳӣ гирифтор мешаванд, ки маҳаки асосии инкишофёбии бемории диабети қанд ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, шахсоне, ки бемории фишорбаландии шараёнӣ, бемориҳои ишемиявии дил, одатҳои номатлуб, аз қабили тамокукашӣ, истеъмоли барзиёди нӯшокиҳои спиртӣ доранд, ба гурӯҳи хатар дохил мешаванд.
Манбаи дигари бемории диабети қанд ин истеъмоли хӯрокҳои тезтайёр мебошад, ки нахуст боиси халалдоршавии кори ғадуди зери меъда гардида, баъдан ба бемории қанд оварда мерасонад.
Тибқи иттилои мутахассисон бемории диабети қанд ба намудҳои зерин ҷудо мешавад ва аломатҳои клиникӣ дар намудҳои гуногунион бо баъзе ҷузъиёт каме аз ҳамдигар фарқ мекунанд: Диабети қанди навъи I-ум (вайроншавии β-ҳуҷайраҳо, ки асосан норасогии мутлақи инсулиниро ба амал меоранд). Диабети қанди навъи 1 дар навбати худ ба аутоиммунӣ ва идиопатӣ ҷудо мешавад.
Диабети қанди навъи 2-юм (аз норасогии нисбии инсулин, то норасогии ҳосилшавии мутлақи инсулин). Бемории диабети қанди навъи 1 дар синну соли ҷавонӣ инкишоф меёбад. Мавсимӣ будани он хос аст (ин бемориҳо аксаран тирамоҳ ва зимистон моҳҳои октябр-январ хуруҷ мекунанд). Ибтидои диабети қанди навъи 1 шадид аст. Сегонаи классикӣ- полиурия (пешобронии зуд-зуд), аз ҳад зиёд ташна мондан (полидипсия), иштиҳои зиёд (полифагия) мушоҳида мегардад. Ҳангоми муоина гипергликемия (баланд шудани меъёри қанд дар хун) ва глюкозурия (баланд шудани меъёри қанд дар пешоб) ба назар мерасад, ки сабаби полиурия (аз меъёр зиёд ҳосил шудани пешоб) мегардад.
Тибқи таҳлилҳо кӯдакони ширмак низ ба диабети қанд мубтало мешаванд. Аксар вақт волидайн ба ҳолати ғайримуқаррарӣ гуё «крахмалшавии» парпечҳо баъди хушкшавии пешоб, ё доғҳои часпак дар фарш баъди чакидани пешоб диққат медиҳанд ва кӯдакон одатан беқароранд ва пас аз нӯшидан ором мешаванд.
Сустшавии (иммунитет) масуният боиси ҳамроҳшавии сироятҳои вирусӣ ё бактериявӣ, аксаран думмалҳои римнок, фурункулҳо, флегмонаҳо оварда мерасонад.
“Аломатҳои бемории диабети қанди намуди 2 аксаран дар шахсони синнашон аз 40 боло ба назар мерасад. Дар 80 - 90 дарсади беморон афзоиши вазни бадан мушоҳида мешавад. Баъзан диабети қанд зимни ташхиси тиббӣ, ки бемор бори аввал ба духтур аз сабаби оризаҳои диабети қанд, масалан, иллати босира, рагҳои канорӣ, нейропатия, халалёбии функсияи гурдаҳо, безурётӣ, носозкории эректилӣ муроҷиат менамояд, муайян карда мешавад.
Пешгирӣ аз табобат осонтар аст. Дар 70 дарсади афроде, ки тамоюли гирифторшавӣ ба бемории диабети қанд доранд, ин беморӣ инкишоф меёбад, вале бо риоя кардани баъзе шартҳо метавон инкишофи ин бемориро пешгирӣ намуд. Албатта, ба омилҳое ба мисли ирсият, синну сол, генҳо таъсир расонида наметавонем, вале бо иваз кардани тарзи ҳаёти худ, даст кашидан аз одатҳои номатлуб метавон хатари пайдоиши ин бемориро кам кард”.
Бинобар гуфтаи Шодрӯз Сафаров риояи парҳез яке аз роҳҳои асосии табобати бемории диабети қанд баҳисоб меравад ва ин имкон медиҳад, то мо вояи доруҳои асосиро кам кунем.Таркиби ғизои беморони диабети қанд бояд чунин бошад: карбогидратҳо- 45- 65%; равғанҳо-25-35% (аз инҳо чарбҳои сер камтар аз 10 %); сафедаҳо-15-20 % (ҳангоми муътадил будани кори гурдаҳо).
Манбаи асосии чарбҳои сер ин маҳсулоти ширӣ ва чарбуи ҳайвонот мебошад, ки бабеморони диабети қанд тавсия дода намешавад.Манбаи асосии карбогидратҳо дар беморони гирифтори диабети қанд бояд аз ҳисоби нон аз орди гандумӣ, сабзавотҳо, донагиҳо ва мевагиҳо бояд қабул карда шавад. Бештар илова намудани нахҳои растанигӣ дар хӯроки беморон. Манбаи асосии сафедаҳо ин гӯшти моҳӣ, гӯшти мурғ, кефир, панир мебошанд. Ҳамзамон нафароне, ки бо ҳамрадиф бемории фишорбаландӣ доранд, истифодаи намак то 3гр/рўз маҳдуд карда мешавад.
Ҳамарӯза пиёда роҳ рафтан на кам аз 5 ҳазор қадам, сайругашт дар ҳавои тоза, ба танзим даровардани реҷаи хоб, риоя намудани тарзи ҳаёти солим, тарғиби ғизои солим, назорати вазни бадан, худдорӣ аз истифодаи машруботи спиртӣ ва тамокукашӣ, роҳ надодан ба истифодаи хӯрокҳои сарироҳӣ тавсияи асосии табибон мебошад. Албатта, парҳез як роҳи осони пешгирии аксари бемориҳо ба ҳисоб меравад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки оризаҳои аз ин беморӣ одатан ба бемороне бештар таҳдид мекунанд, ки ба назорати қанди хуни бадани худ беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Зеро ҳолати хуби ҷубронии қанди хун метавонад чунин оризаҳои мудҳишро пешгирӣ намуда, сатҳи маъюбшавӣ ва фавтро коҳиш диҳад.
“Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД