Бойгонӣ

СОҲИБЭҲТИРОМИ МАРДУМ

Ташаббусҳои созанда

Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд,

Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст. 


      - Акаҷон, ташаккур ба шумо, ман моҳияти танзимро фаҳмидам ва маъракаи хурсандиамро ба тартиби муайяншуда мегузаронам, - гуфта аз утоқи кории Ҷангихон Одинаев баромада бо мо ӯ вохӯрдӣ кард марди миёнасоли корафтодае.

- Кош ҳама мудирони шуъба ва роҳбарон мисли акаи Ҷангихон мешуданд, зеро вай бо корафтодагон муносибати неку хоксорона дорад. Худованд ҳам на ба ҳар кас ҳунар ва истеъдоди суҳбатороӣ медиҳад, - гуфта, сухани ҳамроҳашро тасдиқ кард дигаре. Ин як лаҳзае аз мушиҳидаҳои мо дар назди утоқи кории Ҷ. Одинаев буд. Вале аз паҳлуи дигари истеъдоди акаи Ҷангихон - ташкилотчигиаш бештар хоҳем сухан кард. Вай ба ҷуз аз вазифааш вакили  Маҷлиси вакилони ноҳиявӣ низ аст. Дар ҳаллу фасли мушкилоти мардуми деҳот ҳамеша ташаббускор аст.  

- Эълон гаштани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми қишрҳои ҷомеаро водор намуд, ки дар ободонии диёр саҳми хешро гузоранд. Ман низ ҳамчун вакили маҷлиси ҷамоати деҳот ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар назди худ вазифа гузоштам, ки ба ҳайси ватандор, як сокини ноҳия дар обод кардани деҳоти худ саҳме дошта бошам. Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, ҷавонони баору номуси деҳа ва дастгирии раиси ноҳияи Ховалинг Акрамзода Парвиз мо корҳои муайянеро дар тӯли як сол ба итмом расонидем. Истгоҳи обгирии деҳаи Доробӣ солҳои тӯлонӣ пур шуда, оби ошомиданӣ ба сокинон намерасид. Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ аз шаҳри Душанбе компрессорҳоро ба ноҳия оварда, чоҳи амудиро тоза намудем. Ҳоло сокинони деҳа бо 50 нуқтаи обгирӣ таъминанд ва аз оби нӯшокӣ танқисӣ намекашанд. 

Ҳамчунин, як қатор кӯчаҳои деҳаи мо бо талоши соҳибкорони деҳа, мумфарш ва сангфарш карда шудаанд. Дар як қисмати дигари деҳа маҳаллаи нав бунёд шуд. Дар болои дарёча, ки деҳаро ба ин маҳалла пайваст мекунад, сохтмони пул оғоз гардид, - мегӯяд Ҷ. Одинаев. 

Тавре ин марди ташаббускор иброз медорад, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони деҳа маблағи зарурӣ барои бунёди пули мазкур ҷамъоварӣ гардид. Айни замон сохтмони пули деҳа дар арафаи анҷомёбист ва онро дар ҷашни Наврӯзи байналмилалии соли ҷорӣ ба истифода медиҳанд. Ин пул барои деҳаи Доробӣ, ки 3 ҳазор аҳолӣ дорад ва дигар сокинони деҳаҳои атроф муҳим буда, мушкилоти дурии роҳи эшонро ҳал менамояд. Мардуми деҳаҳои атроф ба марказҳои хизматрасонии деҳаи Доробӣ ва ё ба деҳаҳои якдигар ба воситаи ин пул рафтуомад намуда, ҳоҷати худро мебароранд.

- Соли ҷорӣ мо ният дорем кӯчаҳои боқимондаи деҳаи Доробӣ ва деҳаҳои дигарро сангфарш карда, ба таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббӣ пардозем. Дар ин кори хайру савоб моро шахсони саховатманду хайрхоҳ кумак мекунанд.

Ҷангихон Одинаев - мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг аст. Вай зодаи деҳаи Доробии ҷамоати деҳоти Ховалинг, хатмкардаи МТМУ №16 -и деҳаи Доробӣ ва ДХҚ Тоҷикистон мебошад. Аз соли 1986 то имрӯз дар вазифаҳои масъули давлатӣ ифои вазифа намудааст. 

-  Дар ноҳияи Ховалинг низ баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷамоатҳои деҳот ва дар худи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъсис дода шудааст. Дар ноҳияи Ховалинг 29 комиссияҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд. Мо оид ба амалигардонии қонуни мазкур ва риояи талаботҳои он мунтазам бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Соли сипаригардида зиёда аз 15 қонуншиканиро пешгирӣ кардем. Зиёда аз 611 маъракаҳои тӯйҳои арӯсиву домодӣ гузаронида, раванди ин маъракаҳо аз ҷониби масъулини самт ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти назорати қатъӣ қарор доранд. Ду қонуншиканӣ ошкор ва ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод карда шуд. Мо, мутассадиён пайваста кушиш мекунем, ки мардумро ба ҷавобгарии маъмурӣ накашем. Вазифаи мо фаҳмондадиҳӣ, огаҳ кунонидану ислоҳ кардани камбудиҳои ҷойдошта мебошад, - иброз медорад Ҷ. Одинаев.    

Ҷ. Одинаев оиладор, соҳиби шаш фарзанд мебошад. Писарон ҳама соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Аз фарзандон нафари панҷумаш мактабро бо медали нуқра хатм карда, тариқи Маркази миллии тестӣ ба факултаи сиёсат ва идоракунии давлатии ДМТ дохил шуд.

- Мо кӯшиш мекунем, ки фарзандонро дар роҳи рост тарбия кунем. Амну суботи мардум неъмати бузург аст. Бале, мо ба қадри тинҷиву оромии кишвар, ки асосгузори он Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, бояд бирасем. Пайваста кӯшиш кунем, ки пеши роҳи шомилшавии ҷавононро ба ташкилоту ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ бигирем, - иброз медорад  Ҷ.Одинаев.

Зиндагӣ майдони азму талош ва пайкору ҷидду ҷаҳди инсонҳост. Ба қавли маъруф "зиндагӣ боре муяссар мешавад". Аз ин рӯ, ҳар инсони бедордилу ҳушёрро мебояд, ки зиндагии шоиста ва пурсамар дошта бошад, барои муваффақияту ғалаба дар роҳи зиндагӣ бикӯшад. Ҷангихон Одинаев ҳақо, ки аз ҷумлаи чунин нафарон буда, дар зиндагӣ роҳбалади ҷавонон аст.    


Билоли ШАМС,

ноҳияи Ховалинг
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019