Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
26 апр 15:08АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
ИФТИТОҲИ МАҒОЗАИ АРМУҒОН ВА СЕХИ ДУХТИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛӢ ДАР КӮШОНИЁН
Аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Амиралӣ Сафаров дар ноҳияи Кӯшониён бинои чорошёнаи мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва сехи духти либосҳои миллӣ бунёд шудааст.
Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст, дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур имрӯз, 26 апрел раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок кардааст.

Иншоот дар асоси нақша чорабиниҳои ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи як миллион сомонӣ сохта шуда, дар ошёнаи якум мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва сехи духти либосҳои миллӣ ҷойгир буда, ошёнаҳои дигар манзилҳои истиқоматӣ мебошанд.

Бинои мазкур бо санъати баланди меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд шуда, дар ҳаминҷо духтарон ба омӯзиши ройгон фаро гирифта мешаванд. Ҳамзамон барои ҳафт нафар сокинони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда шудааст.
С. СУЛТОНОВ
(Аксҳо аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон)
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



