Бойгонӣ
Апрель 2025 (19)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)
Октябрь 2024 (27)
30 янв 13:48АСОСӢ / Мақомот

СОЛИ НУСРАТУ ПИРӮЗИҲО

Сухани сармуҳаррир
     
     Инак, соли 2020 фаро расид. Соле, ки дар назди ҳамаи мо масъулияти баланд меистад, то дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқатмандонаву пурмаҳсул заҳмат кашида, соли навро соли нусрату пирӯзиҳо гардонем ва ҷашни бузурги миллат- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол намоем. Тавре Пешвои миллат зимни ироаи Паём иброз намуданд: «… то ҷашни муқаддасу бузурги 30 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд. Мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрӯза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол намоем».

Бешак, соли сипаригардида барои мардуми кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон соли бобарор ва соли рӯйдодҳои таърихию хотирмон, буд. Агар ба соли 2019 назар афканем, соли 2019 пешравиҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят мушоҳида гардида, сатҳи некуаҳволии мардум боло рафт. Тавре Пешвои миллат зимни ироаи Паём иброз намуданд,  бо эълон гаштани 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намуда, дар самти рушди деҳоти мамлакат пешравиҳои зиёд ба назар расид. Дар воқеъ, дар кишвар давраи воқеии инқилоби созандагию бунёдкорӣ фаро расид. Дастури мазкур имкон дод, ки танҳо дар як соли аввали ин иқдом садҳо адад иншоотҳои таъйиноташон гуногун аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланду саховатманд сохта ба истифода дода шавад. Ҳамовозии амиқ пайдо намудани Паёмҳои Роҳбари давлат дар он аст, ки таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳадафи калидию миллӣ қарор мегирад. Ҳамаи иқдомот, тозакориҳо, ободонии деҳот, сабзу хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо ба хотири расидан ба ҳадафи миллӣ- таъмини зиндагии арзанда ба ҳар сокини кишвар аст.

Зимни натиҷагирӣ аз соли сипаригардида дар ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки соли 2019 соли вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ буд. Соли 2019 дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии вилоятамон бо сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва бо заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони вилоят, мавриди истифода қарор гирифтани садҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ ва корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоли хотирмон мебошад, ки ҳамаи ин омилҳо ба рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят мусоидат хоҳанд кард.

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2019 аз рӯи нақша ва барномаҳои тасдиқшуда таъмин гардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, фаъолон ва сокинони вилоят бобати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикргардида, тадбирҳо андешида, нишондиҳандаҳои пешбинишудаи солро бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст намуданд. 

Соҳибкорон, шахсони саховатманд ва мардуми заҳматкаши шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободонию созандагиро бахшида ба таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшида, дар соли 2018-ум 1061 адад ва соли 2019-ум 2474 адад иншооти гуногун бунёд гардид, ки аз ин ҳисоб 12,9 ҳазор ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 218 иншоот, тандурустӣ 441, фарҳанг 92, варзиш 246 адад, 53 адад иншоотҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва фермаҳои чорво, паранда, сардхона, корхонаю коргоҳҳои саноатии истеҳсолӣ, таъмири роҳу пулҳо ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Бояд зикр намуд, ки давоми соли 2019 бо қарори раиси вилояти Хатлон озмуни «Ободгари Ватан» таъсис дода шуда, ҳар семоҳа ҷамъбаст ва ғолибони он бо туҳфа сарфароз гардонида мешаванд. Дар ҷамъбасти семоҳаи чорум низ 17 нафар соҳибкорони ҳимматбаланди хатлонӣ, ки саҳми арзандаи худро дар бунёди иншооти ҷашнӣ, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд, бо ҷоизаи озмун ва сипосномаи раиси вилояти Хатлон  қадрдонӣ шуданд.

Инчунин озмуни “Беҳтарин Ҷамоати шаҳрак” ва “Беҳтарин муассисаи тиббӣ» ҷамъбаст ва ғолибон ҳавасманд карда шуданд.

Сокинони заҳматқарину сарбаланди вилояти Хатлон дастуру супоришҳои Пешвои миллатро ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, рушди деҳот ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба хотири шукуфоии кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстӣ садоқатмандона меҳнат мекунанд. Пайки ифтитоҳи иншооти нав, омодагӣ ба фестивали «Сайри гули лола», сабзкорӣ, хуррамгардонии маҳал, ҳашару шанбегиҳои дастаҷамъона ва дигар тадбирҳои ободонӣ бозгӯи он аст, мардум бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, бо дили гарм аз сиёсати созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ мекунанд, то Ватани хешро пешрафтаву шукуфон бинанд.


«САФО»
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019