Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДӮСТӢ. СЕМИНАРИ ВИЛОЯТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, олимону мутахассисон ва кишоварзону хоҷагидорон имрӯз 18 апрел дар ноҳияи Дӯстӣ семинари вилоятӣ таҳти унвони “Истифодаи усулҳои муосири кишти пахта дар вилояти Хатлон” баргузор гардид.
Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири баланд бардоштани ҳосилнокии пахта дар хоҷагиҳои пахтакори вилояти Хатлон роҳандозӣ шудааст.
Тавре аз ҷараёни ин семинари вилоятӣ рӯзномаи “Хатлон” гузориш додааст, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронии хеш иброз кардааст, ки пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки комплекси агросаноатӣ маҳсуб ёфта, дар амалӣ гардонидани рушди устувору босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла саноати сабук, шуғлноки аҳолӣ, коҳиш додани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар маҷмуъ беҳсозии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, махсусан соҳаи пахтакорӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта ва ба роҳ мондани коркарди ниҳоии он дар мамлакат пайваста тадбирҳои судмандро амалӣ мегардонад.
“Бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, соли ҷорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолияташро ҷиҳати баланд бардоштани ҳавасмандгардонии пахтакорон, зиёд намудани масоҳати кишт ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта, дар солҳои 2023-2024 силсилаи тадбирҳоро амалӣ гардонд.
Соли ҷорӣ дурнамои кишти пахта 367 гектар зиёд гардида, 123567 гектар пешбинӣ гардида, ҳосилнокии нақшавии он 23,9-сентнериро ташкил медиҳад.
Соли гузашта бо дастгирии Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» 106 тонна чигити тухмии навъҳои “Лодос”, “Перла-С” ва “Аря” дастрас гардида, дар майдони 3520 гектар кишт карда ва дар натиҷа ҳосили хуб ба даст оварда шуд. Натиҷаи фаъолияти пурмаҳсул буд, ки соли гузашта хоҷагиҳои алоҳидаи пахтакор аз 30 то 50-сентнерӣ ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд.
- Дар ҳолати риояи агротехникаи парвариши ниҳолҳои пахта ва саривақт додани нуриҳои минералӣ, махсусан карбамиди истеҳсоли корхонаи «Тоҷик Азот», ки айни ҳол бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда истодаанд, ҳосили дилхоҳ ба даст овардан имконпазир мебошад, - қайд намуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Кишоварзони вилоятро зарур аст, ки стратегияву барномаҳои соҳавиро пурра татбиқ намуда, доир ба рушди соҳаи пахтакорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии он, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани рушди саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.”- зикр кардааст раиси вилоят.
Дар фарҷоми ин семинар аз иштиркдорони он даъват ба амал оварда шудааст, ки дар ин самт корро ҷоннок намуда, ба кишти такрорӣ ва баҳории зироатҳо диққати зарурӣ равона намоянд ва ба рӯёнидани ҳосили фаровони пахта талош намоянд.
С. СУЛТОН
(Аксҳо аз "Рӯзномаи Хатлон")
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД



