Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АЁДАТИ ФИРӮЗА ШАРИФӢ АЗ ҲОЛИ ЗАНОНИ РӮЗГОРДИДА
Дирӯз, 22 январ, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, ҳамроҳ бо Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят ва Шоиста Абдуназарзода, муовини раиси шаҳри Бохтар, ба аёдати чанде аз бонувони собиқадори меҳнати дар маркази маъмурии вилояти Хатлон зиндагони дошта рафта, аз ҳолу рӯзгори онҳо бохабар шуд. Тибқи иттилои Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, муовини раиси вилоят нахуст ба аёдати Марзия Муродова рафт. Марзия Муродова зиёда аз 50 соли умри пурбаракати худро барои халқу ватан бахшида, дар вазифаҳои агроном, сариқтисодчӣ, сардори шуъбаи чорводорӣ ва дар дигар самтҳои хоҷагии халқ фаъолият намудааст. Хизматҳои ӯро давлат бо як қатор унвонҳо, аз ҷумла Корманди шоистаи Тоҷикистон ва сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ кардааст. Муродова Марзия модари як фарзанд ва панҷ набера буда, шукрона аз он мекунад, ки дар фазои ороми Ватан дар ҳалқаи пайвандонаш умр ба сар мебарад.
Ҳамзамон Фирӯза Шарифӣ ба аёдати омӯзгори собиқадор Салтанат Баротова рафта, аз зиндагии имрӯзааш пурсон шуд. Тавре ки Салтанат Баротова қайд намуд, 40 сол боз омӯзгориро пешаи худ намуда, ба фарзандони халқу диёр таълиму тарбия медиҳад. С. Баротова дар хона нишаста наметавонад ва то дар гимназияи назди ДДБ ба номи Носири Хусрав ба таълиму тарбияи шогирдон машғул аст. Заҳматҳои муаллимаро Вазорати маориф ва илм қадр намуда, бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонидааст. Салтанат Баротова модари 7 фарзанд буда, онҳоро дар рӯҳияи баланди меҳандӯстӣ ба камол расонидааст.
Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ инчунин ба аёдати Шаҳрванди фахрии шаҳри Бохтар Ализода Хатичабонуи Раҳмат рафт. Ализода Хатичабону 45 соли умри пурбаракати худро ба хизмати давлату миллат бахшида, фаъолияти корияшро аз ҳамшираи шафқат сар намуда, дар вазифаҳои гуногуни хизмати давлатӣ фаъолият намудааст. Ҳоло ҳам Ализода Хатичабону дар чорабиниҳо ва вохӯриҳо бо мардум аз минбари боло баҳри талош варзидан барои ободии Ватани азизамон панду насиҳатҳо мекунад. Ализода Хатичабону соҳиби 3 фарзанд аст ва онҳо имрӯз дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кору фаъолият намуда истодаанд. Ализода Хатичабону бо як қатор мукофотҳо, аз ҷумла Грамотаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони Собиқадори меҳнат, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанг, Шаҳрванди фахрии шаҳри Бохтар ва бо даҳҳо ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардидааст.
Фирӯза Шарифӣ ба фаъолзанон туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро супурда, қайд намуд, ки онҳо имрӯз мояи ифтихори тамоми занону бонувони вилоятанд. Корномаи онҳо, хизмати содиқонаашон ба халқу ватан намунаи ибрати ҳамагон мебошад.
Ин фаъолзанони рӯзгордида шукрона аз тинҷию амонии давлати азиз мекунанд, ки дар фазои ором давраи пирӣ меронанд ва ҳамеша дуогӯи тинҷию амонии Тоҷикистони маҳбуб ва сарбаландии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Ҳамзамон Фирӯза Шарифӣ ба аёдати омӯзгори собиқадор Салтанат Баротова рафта, аз зиндагии имрӯзааш пурсон шуд. Тавре ки Салтанат Баротова қайд намуд, 40 сол боз омӯзгориро пешаи худ намуда, ба фарзандони халқу диёр таълиму тарбия медиҳад. С. Баротова дар хона нишаста наметавонад ва то дар гимназияи назди ДДБ ба номи Носири Хусрав ба таълиму тарбияи шогирдон машғул аст. Заҳматҳои муаллимаро Вазорати маориф ва илм қадр намуда, бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонидааст. Салтанат Баротова модари 7 фарзанд буда, онҳоро дар рӯҳияи баланди меҳандӯстӣ ба камол расонидааст.
Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ инчунин ба аёдати Шаҳрванди фахрии шаҳри Бохтар Ализода Хатичабонуи Раҳмат рафт. Ализода Хатичабону 45 соли умри пурбаракати худро ба хизмати давлату миллат бахшида, фаъолияти корияшро аз ҳамшираи шафқат сар намуда, дар вазифаҳои гуногуни хизмати давлатӣ фаъолият намудааст. Ҳоло ҳам Ализода Хатичабону дар чорабиниҳо ва вохӯриҳо бо мардум аз минбари боло баҳри талош варзидан барои ободии Ватани азизамон панду насиҳатҳо мекунад. Ализода Хатичабону соҳиби 3 фарзанд аст ва онҳо имрӯз дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кору фаъолият намуда истодаанд. Ализода Хатичабону бо як қатор мукофотҳо, аз ҷумла Грамотаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони Собиқадори меҳнат, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанг, Шаҳрванди фахрии шаҳри Бохтар ва бо даҳҳо ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардидааст.
Фирӯза Шарифӣ ба фаъолзанон туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро супурда, қайд намуд, ки онҳо имрӯз мояи ифтихори тамоми занону бонувони вилоятанд. Корномаи онҳо, хизмати содиқонаашон ба халқу ватан намунаи ибрати ҳамагон мебошад.Ин фаъолзанони рӯзгордида шукрона аз тинҷию амонии давлати азиз мекунанд, ки дар фазои ором давраи пирӣ меронанд ва ҳамеша дуогӯи тинҷию амонии Тоҷикистони маҳбуб ва сарбаландии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД


