Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ГАРДИШИ МОЛӢ ЗИЁД ШУДААСТ
Соли 2023 гардиши молии умумӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон арзиши гумрукии зиёда аз 560 миллион долари амрикоиро ташкил дода, ин нишондод дар қиёс ба соли 2022 ба андозаи 10,9 миллион доллар зиёд мебошад.
Дар ин бора сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон Эраҷ Ҳалимзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Қайд гардид, ки аз ҳаҷми умумии гардиши мол 280,4 миллион доллар ба воридот ва 279,9 миллион доллар ба содироти мол рост меояд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳудуди гумрукии вилоят 38 номгӯи гуруҳи молӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки 232,9 миллион долларро ташкил медиҳад.
Инчунин бо 31 давлатҳои хориҷи дур амалиётҳои содиротию воридотӣ ба анҷом расонида шудааст, ки арзиши гумрукии он 411,6 миллион долларро дар бар мегирад.
Эраҷ Ҳалимзода дар идома афзуд, ки муносиати тиҷорати хориҷӣ бо 8 кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба маблағи 91,9 миллион доллар сурат гирифтааст, ки аз ин маблағ 37,2 миллион доллар бо низоми гумрукии содирот ва 54,7 миллион доллар ба воридот рост меояд.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД 14:30ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ



