Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дар 8 ҳазор гектар замин картошка кишт мешавад
Шурӯъ аз моҳи ноябр дар вилояти Хатлон маъракаи кишти картошка оғоз гардида, то 22 декабри соли равон ба андозаи 1350 гектар ё 29,5 фоизи нақшаи дурнамо иҷро гардидааст.
Ба иттилои муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Қудбиддин Халилзода, хоҷагидорон ин мавсим бояд дар майдони 8 ҳазор гектар картошка кишт намоянд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба мавсими гузашта ба андозаи 483 гектар зиёд мебошад.

Дар кишти ин намуди маҳсулот хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Восеъ, Фархор, Кӯшониён ва Ёвон пешсаф буда, нақшаи дурнаморо мутаносибан ба андозаи 48 то 100 фоиз таъмин кардаанд.
Маъракаи кишти картошка дар вилояти Хатлон то моҳи марти соли 2024 идома меёбад.
Мавсими гузашта хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар майдони 7517 гектар картошка кишт намуда буданд, ки дар натиҷа 101 ҳазору 545 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи хешро гузоштанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД 14:30ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ



