Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
42 СОЛ ДАР ФУРУДГОҲ
Инсонҳое ҳастанд, ки бо ақлу фаросат ва донишу маърифаташон дар зиндагӣ пайроҳаеро интихоб намуда, худро ба он ба ҳадде бахшидаанд, ки гузашти вақтро дар ҷодаи ҳаёт дигар барнамекашанд. Зеро онҳо бар он боваранд, ки умри сарфнамудаашон барабас нарафта, балки кору таҷрибаи эшон баҳри пешрафти арса боис гардида, манфиаташ ба дигарон ҳам хоҳад расид. Шамсиддин Исоев аз зумраи чунин нафаронест, ки мақоли мардумии “Дарахт дар ҷо месабзад”-ро ихтиёр карда, 42 дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар (пештара Қӯрғонтеппа) фаъолият намудааст.
Фаъолияти ӯ дар фурудгоҳ аз соли 1981 оғоз гардида, охири соли 2023 ба поён расидааст. Тӯли беш аз чор даҳсола Шамсиддин Исоев дар самту зинаҳои мухталиф фаъолият намуда, аз муҳофизи одӣ то ба ҳайси сардори Гурӯҳи назорати муҳофизатӣ ва Хадамоти наҷотдиҳию оташнишонии фурудгоҳ рисолати касбиашро иҷро намудааст.
-Замоне, ки ман дар фурудгоҳ ба кор шуруъ намуда будам, он вақт кам касоне дар ин даргоҳ роҳ меёфтанд, - мегӯяд Шамсиддин Исоев- Зеро кор дар фурӯдгоҳ пеш ҳама дарку фаҳм ва дар иҷрои кори босифат масъулияти баландро тақозо мекард. Он солҳо мисли имрӯз технология ба ин ҳад рушд накарда буд. Кореро, ки ҳоло дар якчанд дақиқа метавон анҷом дод, он айём вақти зиёд сарф мешуд. Мушилот зиёд буд, вале новобаста аз он завқи касбу кор маро инҷо нигоҳ медошт. Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бошад, инфрасохтори фурудгоҳи байналмилалии Бохтар тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфтанд, - дирӯзу имрӯзи корро дар фурудгоҳ муќоиса мекунад собиқадори соҳа.
Бо гузашти ҳамагӣ чанд моҳ аз оғози кор бо дастури ҳукумат гурӯҳе аз кормандони фурудгоҳро, ки дар он Шамсиддин Исоев низ шомил буд, ба ҷумҳурии ҳамсояи Афғонистон фиристода, ба амалиёти мусаллаҳонае ҷалб менамоянд. Ӯ қариб як сол дар сарҳади Афғонистон монда, зери тиру туфанг уҳдадориашро иҷро менамояд. Бо нисбатан муътадил гаштани вазъ Шамсиддин ва ҳамроҳонашро аз ин кишвар дубора ба кори фурудгоҳ бармегардонанд.
-Ҳарчанд он замон навкор будам, аммо барои дар фурудгоҳ мондан аз худ гузашта, бар хилофи хости волидайн ба хоки Афғонистон рафтам. Зеро корамро аз сидқ дӯст медоштам ва ҳар дастуре шавад, баҳри иҷрои бечунучароаш омода будам. Тӯли ин солҳо даҳҳо ва ҳатто садҳо нафар дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар ба кор омаданду ба каму костагии онвақта тоб наоварда, боз рафтанд, аммо ман ба ҳамаи мушкилоти соҳа ва вазъи молиявии он сабр карда, то синни нафақа дар касбам содиқона фаъолият намудам, - бо ифтихор изҳор медорад Шамсиддин Исоев.
Дар солҳои бесарусомниҳои дохилӣ кор дар фурудгоҳ ниҳоят мушкил буд. Шамсиддин Исоев, ки он замон масъули бахши муҳофизаи фурудгоҳ буд, борҳо ба таҳдиду хатарҳо рӯ ба рӯ гардида бошад ҳам, аммо аз баҳри касбу кораш нагузашт. Ҳатто ҳолатҳое буд, ки бо ҷонбозиҳо вазифаи базиммааш гузошташударо иҷро карда, моҳҳо бемузд кор мекард. Ин ҳама аз ҷасорату матонати ӯ дарак медод. Зеро вай дар душвортарин лаҳзаҳо ҳам тарки соҳа накарда, бо иродаи қавӣ ва дурандешию ватанпарварӣ кор кард.
- Вақте инсон ба кораш меҳр мебандаду бо дӯстону ҳамкасбон унс мегирад, дигар аз онҳо дур шуда наметавонистааст. Сад шукри умр, ки сентябри ҳамин сол ба синни нафақа расидам. Аз се ду ҳиссаи 63 соли ҳаётамро дар фурудгоҳ гузаронидам. Аз он ки боре фикри кори дигарро накарда, айёми ҷавонию миёнасолии худро инҷо сипарӣ намудаам ҳеҷ пушаймон нестам. Баръакс ҳоло аз он лаҳзаҳо ба некӣ ёд карда ифтихор менамоям, - иброз медорад қаҳрамони матлабамон.
Барои фаъолияти мунтазаму самарабахш ва хизматҳои шоён дар ин соҳа Шамсиддин Исоев борҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар бо нишони сарисинагии “Корманди фахрии авиатсияи граждании Тоҷикистон”, медалҳои ҷашнӣ ва сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидааст.
Хислатҳои неки инсонӣ ва хоксорию хушмуомилагиаш Шамсиддин Исоевро миёни њамкасбону дўстон соҳибэҳтиром намудааст. Ӯро ҳамкасбон ба некӣ ёд мекунанд ва чанде аз кормандони ҷавони Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар устоди худ мешуморанд. Ин марди шариф бо ҳама муносибати хуб дошта, агар тавоне дорад ба дигарон кумак мекунад. Аз ин лиҳоз дар дилу дидаи аҳли хонаводаю пайвандон ва дӯстону ҳамкорон азизу муҳтарам асту дигаронро ҳам ба некию накукорӣ ва садоқату вафодорӣ талқин мекунад.
Амонҷон Маҳкамов
Равзанаи ошноӣ
Шамсиддин Исоев, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Левакант аст. Ӯ 20-уми сентябри соли 1960 ба дунё омадааст.
Падараш Сабзалӣ ва модараш Ӯзбакбӣ аз деҳқонони деҳаи Қулисуфиёни ноҳияи Данғара буда, солҳои 70-ум ба шаҳри Каленинобод, ҳозира Левакант муҳоҷир шуда омадаанд.
Шамсиддин Исоев соли 1976 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 (ҳоло 5)-и ҳамин шаҳрро хатм кардааст.
Ӯ солҳои 1976-1978 дар шаҳри Владивостоки Федератсияи Россия адои хизмати ҳарбӣ намудааст.
Шамсддин Исоев оиладор буда, соҳиби панҷ фарзанд мебошад.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



