Бойгонӣ

Аз пайроҳаи омӯзгорӣ то шоҳроҳи адабиёт

Дар бораи рӯзгору фаъолияти эҷодии нависандаи хуштабъу сермаҳсул Гулчеҳра Маҳмадизода дер боз мақолае навиштан мехостам. Дар ин миён чанд ҳикояву драма ва китобҳояш рӯйи чоп омадаанд. 
                             Ба ҷои сарсухан 
Ҳини таҳсил дар мактаби миёна ба адабиёт шавқу рағбати беандоза доштам. Ҳаваси маро пай бурда бародарам, ки донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд, маро ҳамроҳаш ба маҳфилу шабнишиниҳои донишҷӯён мебурд. Яке аз рӯзҳои истироҳатии фасли тирамоҳи заррин буд. Мавсими хазонрез ҳукмронӣ мекарду офтоби оламоро ҳамаҷоро андаке гарму рӯшанӣ мебахшид. Дар толори зебою барҳавои донишгоҳ ҳамоиши адабии донишҷӯён оғоз гардид. Донишҷӯдухтари зебое бо чеҳраи нуронӣ ба минбар баромада, оид ба мавзӯҳои гуногуни адабӣ бо лаҳни ширину марғуладор суханронӣ намуд. Аз ашъори шоирони муосири тоҷик низ порчаҳои шеърӣ қироат намуд. Ҳамаи аҳли толор, аз ҷумла камина низ баромади ӯро шунида, як ҷаҳон ғизои маънавӣ гирифтем. Дар ҳақиқат ман аз суханронии пурмуҳтаво, лаҳни ширин ва тарзи қироати шеъри ӯ дар ҳайрат мондам. Баъди пурсиши ман бародарам гуфт, ки ин духтари зебо Гулчеҳра ном дорад ва ҳамкурсаш аст. Ӯ яке аз донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ буда, роҳбари Ҷамъияти илмии донишљўёни факулта, узви фаъоли маҳфили “Адибони ҷавон” ва гирандаи стипендияи ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.
              Аз донишгоҳ ба мактаб 
Гулчеҳра Маҳмадизода донишгоҳро бо дипломи сурх сарбаландона хатм намуд. Ҳарчанд устодонаш хоҳиш карданд, ки дар донишгоҳ монда, ба донишҷӯён дарс гӯяд,  аммо ба нею нестони устодон нигоҳ накарда, бо талаби волидон ба зодгоҳаш – ноҳияи Фархор баргашт. Ҳамчун омӯзгор барои таълиму тарбияи насли наврас ба фаъолият оғоз намуд. Аз рӯзҳои нахустини кор бо шогирдон меҳр баст. Онҳоро модарвор дӯст дошт. Ҳар субҳ бо тайёрии пухта, меҳри беандоза ва бесаброна ба назди шогирдон ба мактаб мешитофт.
Мехост, ки шогирдон низ мисли муаллимаашон босаводу донишманд ва бомаърифат бошанд. Барои ҳамин ӯ тамоми илму донишашро ба онҳо ҳадя менамуд. Бузургони мо дуруст гуфтаанд, ки дар дунё шахси аз ҳама саховатпеша муаллим аст, зеро ӯ ҳамаи сарвату боигарии маънавии худ –илму донишро ба шогирдон мебахшад. Гулҷеҳра Маҳмадизода дар тӯли се соли фаъолияти омӯзгориаш бо донишу истеъдоди баланд, ташаббускорию масъулиятшиносӣ ва ахлоқи ҳамидааш то дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ ном баровард. Пайваста дар матбуоти даврї дар мавзуҳои гуногуни методӣ мақолаҳо ба табъ мерасонд. Шогирдонаш дар озмуну олимпиадаҳо аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегардиданд. Дар соли 1979-1980 як комиссияи босалоҳияти Вазорати маорифи кишвар барои санҷиш ба ноҳияи Фархор омаданд ва дар якчанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ машғулиятҳои омӯзгоронро таҳлил намуданд. Аз ҷумла, дар дарсҳои муаллимаи фаъолу пешқадам Гулчеҳра Маҳмадизода  иштирок намуда, дониши шогирдон ва фаъолияти омӯзгорашонро таҳлил намуданд. Ба дониши хонандагон ва фаъолияти омӯзгор баҳои аъло дода, тавсия ва пешниҳод карданд, ки ӯ метавонад дар қатори 5 нафар намояндаи Тоҷикистон дар Анҷумани муаллимони ҷавони Иттиҳоди шуравӣ дар шаҳри Маскав иштирок намояд. Гулчењра дар анҷумани бонуфуз аз номи намояндагони Тоҷикистон ҳароратангез суханронӣ намуд. Ҳамчун омӯзгори ҷавон ва вакили пешқадам ба гирифтани нишони “Муаллими беҳтарини комсомол” мушарраф гардид.
    Фаъолият дар самти корҳои роҳбарӣ ва хизмати давлатӣ 
Дониши хуб, ҷаҳонбинии васеъ, истеъдоду қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва аз ҳама муҳим масъулиятшиносиаш ӯро миёни мардум ва мақомоти идоракунии давлатӣ (роҳбарони ноҳияву вилоят) ҳамчун чеҳраи шинохта муаррифӣ намуд. Ба табъи шоирона гӯем: “Гул чеҳра кушоду Гулчеҳра бишуд”. Ӯро ба корҳои роҳбарӣ тавсия ва пешниҳод карданд. Дар иҷрои вазифаҳои масъули давлатӣ: котиби кумитаи комсомолии ноҳия (ҳоло бахши ҷавонон), инструктори кумитаи ҳизбии ноҳия ва муовини раиси ноҳия бо сари баланд, иродаю ҷасорати қавӣ зина ба зина боло рафт. Дар давраи ба ҳайси муовини раиси ноҳия фаъолият намуданаш таҷрибаи бойи кору зиндагӣ омӯхт. Ба қавле дар обу гили корҳои роҳбарӣ пухта гардид. Ба муроҷиату дархости садҳо нафар шаҳрвандон, бахусус занону духтарон расидагӣ намуд. Соҳаи маорифу фарҳанги ноҳияи Фархор, ки яке аз ноҳияҳои сераҳолию калонтарини вилоят маҳсуб меёбад, хеле рушду нумуъ ёфт. Ӯ ҳамчун роҳбари масъул ба рушди соҳаи маориф диққати ҷиддӣ медод. Дар ноҳия даҳҳо муассисаҳои таълимии наву замонавӣ бунёд гардида, ҳазоҳо нафар “булбулакони боғи дониш”-ро ба оғӯш мегирифтанд.
Баъди гузашти солҳо таҷрибаи ҳаёт нишон дод, ки ин зани боирода, ҷасуру тавоно бо дониши баланд ва қобилияти хос мардонавор аз уҳдаи вазифаҳои масъули ба ӯ супоридашуда баромада тавонист.
Якчанд соли дигар ӯ ба ҳайси мудири бахши шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона фаъолият намуд. Ҳамин тавр Гулчеҳра Маҳмадизода 28 соли ҳаёти пурбаракати худро сарфи хизмати давлатӣ намуда, бо дасту дили пок ва содиқона ба халқу Ватани хеш хизмат кард.
                      Роҳ ба саҳнаи адабиёт 
Аз овони кӯдакӣ ба китоб  дилбастагии беандоза дошт. Мутолиаи китобҳои бадеиро бисёр дӯст медошт. Худро бе мутолиаи китоб лаҳзае тасаввур карда наметавонист. Ана ҳамин шавқу рағбати беандоза ва дилбастагии зиёд ба китоб ахиран ӯро ба майдони адабиёт раҳнамун сохт. Гарчанде, ки бо тақозои иҷрои вазифаҳои давлатӣ барои эҷод кам фурсат меёфт, вале бо даст ёфтани фурсати муносиб дар лаҳзаҳои илҳом қиссаю ҳикоя, афсонаҳо эҷод менамуд. Ба эҷод ва нашри асарҳояш гарчанде дертар оғоз намуда бошад, ҳам бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ, бедорхобиҳо дар муддати начандон тӯлонӣ китобҳои зиёдеро рӯйи чоп овард. Якчанд сол пайи ҳам дар озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол” иштирок намуда, ғолиб ва сазовори Дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Чандин асарҳояш дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин китоби насрии бачагона” ғолиб дониста шуданд. Аз ҷумлаи “Афсонаи товус”, (Китоби сол-2017), “Яке буд яке набуд”, (Китоби сол- 2018) баъди таҳрири нав боз ғолиби озмуни “Китоби сол-2020” дониста шуданд. 
Гулчеҳра Маҳмадизода дар адабиёти муосири тоҷик, бахусус адабиёти бачагона гавҳари комёб ба шумор меравад. Аз он ифтихор менамояд, ки мисли шоираи мумтозу ширинкалом Гулчеҳра Сулаймонова барои  кӯдакону наврасон қиссаву афсона ва ҳикояҳо эҷод намуда, қарзи худро дар назди онҳо каме ҳам бошад иҷро намудааст.  
Драмаи эҷоднамудааш зери унвони “Печутоби тақдир” дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин асарҳои драмавӣ” соҳиби ҷоиза гардид. Гулчеҳра Маҳмадизода  соли 2017 дар Озмуни байналмилалии “Қиссагӯйҳо”, ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, иштирок карда, ғолиби озмун дониста шуд. Китобҳояш бо номи “Бӯи модар” ва “Бонувони Фархор” дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, китобҳои “Мунтахаби осор”, “Балҷувон”, “Офтоби оламоро” дар китобхонаи ба номи Лоҳутӣ,  инчунин китоби “Меҳмони кайҳонӣ” дар толори Вазорати фарҳанги ҷумњурӣ бо иштироки садҳо нафар ихлосмандони эҷодаш рӯнамоӣ шуданд.
Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Гулназар Келдӣ ба китоби ӯ “Бӯи модар” пешгуфтор навишта, чунин овардааст: “Вақте ки ман мусаваддаи қисса, ҳикоя ва очеркҳои Гулчеҳра Маҳмадизодаро мехондам, ҳамин андешаҳо ба сарам омаданд, ки нависанда зиндагиро бо ҳамаи тобишҳояш хуб медонад, солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор кардааст, бо мардум ва рӯзгори онҳо пайваста алоқа доштааст. Забони нависанда нарму сода ва бисёр ором аст. Ҳатто дар қиссаи “Қотил” воқеаи даҳшатбор бисёр орому солорона баён мешавад. Ман умед дорам, ки Гулчеҳрабону бори пуршарафи эҷодкориро ҷасурона ба дӯш мебардорад ва хонандагони худро пайваста шодком мегардонад”.
Барои хизматҳои шоёнаш бо медали “Хизмати шоиста”, унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардидааст. Ӯ ҳамзамон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири хизмати давлатии дараҷаи 1 мебошад. 
    Ба ҷои охирсухан     
Умуман, Гулчеҳра Маҳмадизода аз зумраи он эҷодкорони хушсухан, тозаэҷоду навгӯ мебошад, ки бо нигоштани қиссаю афсонаҳо, ҳикояҳо ва асарҳои пурмазмун миёни аҳли адаб, хонандаҳои сершумораш ва ҷомеа маҳбубият пайдо кардааст. Асарҳои пурмуҳтавояш тараннумгари зебоии ҳаёт, ахлоқи ҳамида, меҳнатдӯстӣ, инсонгароӣ, садоқату муҳаббат ба Ватан, ҳифзи ваҳдату истиқлолияти давлатӣ, накукорию хайрхоҳӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ мебошанд. 

   Аъзам БОБОЕВ  


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019