Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон дубора эҳё гардид ва аз соли 2009 инҷониб ҳар сол дар фасли тирамоҳ дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу тантана ҷашн гирифта мешавад. Ба таъкиди Пешвои миллат, “Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст”.
Имрӯз бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Хуросон ҷашни Меҳргон таҷлил гардид.

Зимни суханрониашон муҳтарам Давлаталӣ Саид фарорасии ҷашни Меҳргонро, ки рамзи ҳаёти осоишта, фаровонии ҳосил, файзу баракати зиндагии мардуми мост ва иди деҳқонону кормандони соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мегардад, ба кулли сокинони шарафманди вилояти Хатлон самимона табрик намуданд.
Зикр гардид, ки ҷашни Меҳргон ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накукорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон аст, ки ниёгони мо дар мавсими ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекарданд. Бинобар ин, Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид гуфтанд, ки кишоварзони қавииродаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар заминаи таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат соли равон бо истифода аз имконияту шароитҳои мавҷуда заминро мақсаднок истифода бурда, ҳосили фаровон ба даст оварданд.
Дар доираи таҷлил аз ҷашни Меҳргон дар маркази ноҳия намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид ва сокинон тавонистанд бо нархҳои дастарас молу маҳсулоти ниёзи аввалияро харидорӣ намоянд.
Шуъбаи иттилоотию
таҳлилии дастгоҳи
раиси вилоят
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ 13:48БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД 16:49ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД 13:01ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД 15:05Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:02РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ХОНАВОДАИ МАРҲУМ ФАЙЗАЛӢ РАҲИМОВ ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ НАМУДАНД 16:55РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД 14:49РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД 12:43
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶАҲОНРО БО ДИЛ МЕШУНАВАД
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ



