Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДӮСТАМ ДАВЛАТҶОН
Охири соли 1977 аз рӯзномаи “Вахш” дар рӯзномаи шаҳрии “Коммунисти Қӯрғонтеппа” ба ҳайси котиби масъул ба кор гузаштам, ки он замон Давлатҷон Султонов дар вазифаи ходими адабии ин рӯзнома фаъолият дошт. Дӯстии мо бо Давлатҷон аз ҳамонн давра оғоз ёфта, то имрӯз идома дорад. Баъдан, бо ташкили рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа (соли 1979) корро дар ин рӯзнома идома додем. Давлатҷон дар рӯзномаи вилоятӣ вазифаҳои мухбир, мухбири калон, мухбири махсус дар ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритусу Дӯстӣ ва Носири Хусрав, мудири шуъба, котиби масъул ва муовини сармуҳаррир кор карда, аз худ лаёқати хабарнигорӣ ва маҳорати роҳбарӣ карданро нишон дод.
Иттифоқ афтод, ки чанд сол бо ҳам, дақиқан то ба нафақа баромадан дар рӯзномаи “Садои мардум”-нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоем. ( ман муҳаррири шуъба ва Давлатҷон Султонов хабарнигори махсус дар вилояти Хатлон). Ин ҷо низ ҳамкории эҷодӣ дошта, оид ба масъалаҳои муҳими соҳаҳои хоҷагии халқ хабару мақолаҳо ба нашр мерасонидем. Ёд дорам, ки боре супориш шуд, ки аз фаъолияти узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари хоҷагии “Авесто”-и ноҳияи Қубодиён Раҳматулло Абдуллоев (равонаш шод бод) мавод тайёр намоем. Хоҷагӣ ҳамчун мактаби таҷрибаи пешқадам дар бахши кишоварзӣ, бахусус парвариши навъҳои гуногуни пахтаи маҳиннах, машҳур буд. Ҳамроҳ бо Давлатҷон чанд рӯз бо хоҷагӣ, кишоварзону сокинони он шинос шуда маводи зиёди ҷолиб дастрас намудем. Сафари мо дар фасли тирамоҳ - айни ҷамъоварии ҳосил иттифоқ афтод. Мардуми ин маҳал аз таҷрибаи чандинсола медонанд, ки боди шадиди афғонӣ баъди чанд муддат, бахусус фасли тирамоҳ ба кору зиндагии онҳо халалу харобӣ меорад. Рӯзи бозгашт ҳанӯз аз ҳудуди хоҷагӣ набаромада дучори боди афғонӣ шудем. (Давлатҷон бо мошини шахсиаш дар хизмати мо буд). Боди одӣ набуд. Он хокбориши ҳақиқиро мемонд, ки фурсати хеле кўтоҳ атрофро печонда гирифт. Рӯзи равшан торик гашта, фосилаи аз як метр бештари роҳ дида намешуд. Ҳавои хоколудро нафас мегирифтем, ки дар гулӯ дармемонд. Бо ҳамин аҳвол ду тарафи роҳро назораткунон пеш мерафтем. Бо чароғҳои равшани мошин суроби мошинҳои дар пеш ҳаракат доштаро базӯр медидем. Ҳаракати мошин баробари роҳгардии марди пиёда буд. Бо ҳамин минвол, ҳудуди ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷиликӯл ( имрӯза Дӯстӣ )-ро тай намудем. Дар худуди ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Кўшониён ҳаво нисбатан кушода шуд ва ними шаб ба хонаҳои худ, расидем. Аз натиҷаи ин сафари аҷиби худ зери рубрикаи аз фаъолияти узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон очерки “Дили пурэҳсос ва иродаи матин” ( рӯзномаи “Садои мардум” аз 11 декабри соли 2007) маводи таҳлилӣ чоп шуд. Дигар суҳбати хотирмони мо бо собиқ раиси колхози ба номи Ломоносови ноҳияи Шаҳритус чор карат депутати Совети Олии СССР, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Талбак Садриддинов буд.
Давлатҷон Султонов аз ҷумлаи журналистони ҷӯянда ва сермаҳсул мебошад, ки давоми фаъолияти эҷодӣ дар рӯзномаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ маводи зиёди ҷолибу хонданӣ чоп намудааст. Боре рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” аз хусуси дар оилаи сокини ноҳияи Коммунистӣ” (ҳоло Кўшониён) ба дунё омадани чоргоник мақолаи Давлатҷон Султонов бо номи “Чор тифли зебо”-ро чоп менамояд. Мухбири рӯзномаи “Правда” дар Тоҷикистон Отахон Латифӣ пас аз хондани ин хабари ҷолиб ба Давлатҷон Султонов занг зада, розигии ӯро барои дар рӯзномаи марказӣ ба нашр расондани ин хабар мепурсад. Ҳамин тавр, дар асоси хабари Давлатҷон Султонов доир ба дунё омадани чоргоник дар рӯзномаи “Правда” мавод ба нашр мерасад.
Давлатҷон ҳаққонӣ аз аҳли эҷод ба шумор рафта, аз овони мактабхонӣ ба назм рағбати беандоза дорад. Шеърҳояш дар матбуоти даврӣ то ба имрӯз чоп мешаванд. Муаллифи маҷмуаҳои “Падидаҳои айёми бозсозӣ”, ”Гард дар мижгон”, Гулҳои зиндагӣ” ва ғайра мебошад. Ҳамчунин дар маҷмуаҳои дастаҷамъии "Сухани меҳру вафо", "Чеҳраи Хатлон","Шеъри зиндонӣ", "Гул бе рухи ёр", "Дили ӯ равшан аз сӯзи дарун буд" ва ғайраҳо намунаҳои эҷодаш ба табъ расидаанд.
Давлатҷон Султонов барои фаъолияти пурсамар дар ҷодаи рӯзноманигорӣ узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба ҳисоб рафта бо унвону медалҳои аълочии матбуоти Тоҷикистон ва аълочии фарҳанги Тоҷикистон, медали Ҷашнии “100-солагии мабуоти тоҷик” сарфароз гардонда шудааст. Дар ин шабу рӯз, ки дӯсти ниҳоят қадрдон, собиқадори матбуоти тоҷик Давлатҷон Султонов ба синни мубораки 70 расидааст, аз самими қалб ба ӯ саломатӣ, хушбахтӣ , ба фарзандону наберагонаш умри дарозу ризқи фаровон ва табассум дар лабон орзумандам.
Аъзам Мӯсоев, Корманди шоистаи Тоҷикистон
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



