Бойгонӣ

Ғаввоси дарёи андеша

                            
                                    Ба ҷои сарсухан 
   Шоири маъруф ва олими шинохта Салими Хатлониро қаблан ғоибона мешинохтам. Тариқи воситаҳои ахбори омма оид ба ҳаёту фаъолияти илмию эҷодиаш хуб огаҳӣ доштам. Бо супориши маҷаллаи «Сафо» бояд дар борааш маводе таҳия мекардам, вале бо сабабе, ки он кас якчанд сол ба симати корманди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанде аз кишварҳои хориҷӣ фаъолият дошт, суҳбати мо ба таъхир афтод. 
   Ниҳоят фурсати муносиб фаро расид ва имконият даст дод, ки мо суҳбати деринтизори худро доир намоем.
   Ў баъди хатми коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб муддате дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Муъминобод ҳамчун омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буд. Якчанд соли дигар ба ҳайси хабарнигори рўзномаи «Роҳи Ленинӣ»-и собиқ вилояти Кӯлоб фаъолияти пурсамар намуд.
Азбаски меҳру муҳаббати беандоза ба адабиёт, илм ва пажӯҳишгарӣ дошт, ин меҳр ӯро ба остонаи Институти адабии ба номи М.Горкии шаҳри Маскав бурд. Соли 1989 шуъбаи тарҷумонӣ ва адабиётшиносии Институти номбурдаро бомуваффақият хатм намуд. 
                  Хизмати давлатӣ- роҳ ба сӯи комёбиҳо  
   Дониши баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва масъулиятшиносии хоса ба ӯ даст дод, ки муддате дар сохторҳои баландпояи давлатӣ сарбаландона ифои вазифа намояд. Дар оғоз дар Маркази омӯзишҳои дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсилоти дипломатӣ гирифт.
   Наздики 20 сол дар Шурои тарҷумаи адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги кишвар ва Дастгоҳи Маҷлиси  Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногуни пурмасъул бо сари баланд фаъолият намудааст. Дар ин муддат Салими Хатлонӣ баробари иҷрои саривақтии вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ корҳои зиёди илмию адабиро низ ба сомон мерасонд. 
   Устод Салими Хатлонӣ шуруъ аз соли 2007 фаъолияти хешро ба самти дипломатӣ бахшид. То соли 2010 ба ҳайси котиби матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  сарбаландона кору фаъолият намуд.
   Бо дастуру пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 дар шаҳри Маскав 1 150- солагии сардафтари адабиёти тоҷик, малик-уш-шуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар гузаронидани ин чорабинии сатҳи олӣ, ки аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон меҳмонони олиқадр низ ширкат доштанд, устод Салими Хатлонӣ саҳми арзанда гузошт.  Ҳамчунин чорабинии сатҳи олии фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе  низ доир гардид. Ба қавли шоир; «Тоҷикистон тӯй дошту меҳмононро интизор буд». Бо дониши баланд, таҷрибаи бой ва истеъдоду масъулиятшиносии хос дар густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои хориҷӣ ҳамчун дипломат хизмати шоиста намуд. Ҳамин қобилияту дониши баланд ва хислатҳои неки инсониаш буд, ки боз ӯ тайи солҳои 2013-2021 ба ҳайси котиби якум ва мушовири Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Озарбойҷон ва Беларус сарбаландона фаъолият намуд.
   Бо дасуру тавсияи Ҳукумати кишвар ва ташаббуси пайгиронаи шоир ва олими шинохта Салими Хатлонӣ, ки ҳамзамон солҳои 2013-2015 ба ҳайси котиби якуми Сафорати ҶумҳурииТоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон фаъолият дошт, ҷашни 600-солагии шоири бузурги тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаҳри Боку тақлил карда шуд.
                              Шир ғизои тифл асту илм ғизои руҳ
   Устод Салими Хатлонӣ баробари дигар самтҳои фаъолияти пурсамар ҳамчун олими пурмаҳсул пухтакор дар рушду нумӯи илми тоҷик хизмати арзанда дорад. Бо вуҷуди серкорию ташвишҳои зиёд бо тадқиқоту пажўҳишҳои пурмазмуну пурарзишаш дар илми адабиётшиносӣ ҷойгаҳи хосаеро ишғол намуда, оид ба масъалаҳои гуногуни адабиёти классикию муосир даҳҳо асару садҳо мақолаҳои пурарзиши илмию адабӣ ва таърихӣ навиштааст.
   Ӯ ҳамчун олими пурмаҳсул ва борикбину нуқтасанҷ осори алоҳидаи тадқиқотиашро бо унвонҳои «Бенавое дар навои най» (вобаста ба рӯзгор ва баррасии осори Мавлонои Балхӣ, «Аташсипори тариқат ва майгусори ҳақиқат»  (мақолоти тафсирӣ роҷеъ ба осори Ҳофизи Шерозӣ), «Ишқ мегӯяд…», (мақолоти тафсирӣ дар атрофи вожаи «ишқ») рўйи чоп овардааст.  
   Теъдоди зиёди мақолаҳои илмию тадқиқотиаш тариқи рӯзномаю маҷаллаҳои илмию адабӣ дар нашрияҳои кишвар ва берун аз он ба табъ расонида, дар чандин ҳамоишу конфронсҳои байналмилалӣ-дар шаҳрҳои Теҳрон, Истамбул, Қуния, Маскав, Париж, Боку ва Минск бо гузоришҳои пурмуҳтаво ва арзишманд баромад намудааст.
   Салими Хатлонӣ соли 2004 зери роҳбарии олими маъруфу шинохта, узви пайвастаи Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмадов дар мавзўи «Тасвири най дар эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Ҳамчун фидоии асили роҳи илм ҳамеша дар омӯзишу пажўҳиш аст. Ҳамин заҳматҳои пайвастаи шабонарўзӣ ва талошҳои пайгиронааш даст дод, ки ў соли 2009 дар мавзӯи «Усули офариниши тасвир дар эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя намояд. Аммо ин анҷоми кори ў нест. Инчунин оид ба  рўзгору эҷодиёти пурғановати шоирону орифони бузург чун Аттору Саноӣ, Бедил ва дигар намояндагони адабиёти ирфонии тоҷик мақолаҳои зиёд ва китобҳои зиёдеро пешкаши ҳаводорони ашъораш гардонидааст. 
Салими Хатлонӣ баробари корҳои илмию тадқиқотӣ машғули кори пурмаҳсули эҷодӣ буда, маҷмуи ашъорашро бо унвони «Аз пушти борон», «Сапедасори булур», «Фарёдҳо бар ёдҳо», «Балоғати нур», «Шикастанҳо… На бастанҳо…», «Шамими бодаву бод», «Шабу шабобу шароб», «Хокистари ҳубоб», «Дар гуҳарбори  садаф», «Оли Сомонӣ, муборак соли Сомонӣ», «Ҳомии ваҳдат», «Пешвои миллат», « Мунтахаби ашъор» (ҷилдҳои 1,2,3,4,5,6,7,8,9) интишор намудааст.
Шоир зодаи кўҳистон асту хотироти наврасию ҷавониашро дар бораи рўзгор, кору пайкори деҳотиён, аз ҷумла падару модари хеш,  чунин тасвир намудааст:
Бурида шохаи сабзи бурида,
Чакад зардоб чун дасти бурида.
Падар кулхида аз гарди даравҳо,
Ба дасташ пок созад оби дида…
ё
Ба оби чашми ман хуш метаровад,
Зи оташдони модар дуди нармаш.
Муроди зиндагӣ сер аст дар ман,
Ки ҷонбахш аст бўи нони гармаш…
   Оре, устод Салими Хатлонӣ аз зумраи он шоирони пурмаҳсулест, ки бо ашъори пурмазмуну рангин ва сабки хосааш дар адабиёти муосири тоҷик мавқеи намоён дорад. Ашъораш серхонанда буда, мавзўъҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа-зебогиҳои диёри биҳиштосо, тараннуми Ватан, сулҳу амонӣ, васфи ҳаёти мардуми деҳот, истиқлолияту ваҳдати миллӣ, дўстию бародарӣ, хизматҳои бузурги Пешвои маҳбуби миллат дар таҳкими сулҳу осоиштагӣ ва рушди устувори кишварро тараннум менамояд. 
Аз мутолиаи ашъораш бармеояд, ки шоир аз боғистони адабиёти классикӣ илҳом гирифта, шеъру ғазал, рубоӣ ва маснавиҳояшро ҳамчун дастагули наву тоза манзури ҳаводорони шеъраш менамояд.
Дар шеъри «Тоҷикистони ман» шоир мегӯяд:
Ҷилвагар парчами парафшони ту, 
Ҳафт ахтари зарфишони ту!
Бод ҷовидон пайки истиқлоли ту!
Бахти безаволи ту!
Ҷилои ту!
Ту бо саодатӣ,
Маснади ту бегазанд бод!
Камоли шавкати ту арҷманд бод!
Бо туем то абад,
Бо ту бахти мо баланд бод!
               Салими Хатлонӣ – тарҷумони комёб            
   Ҳанӯз дар овони таҳсил дар шуъбаи тарҷумонӣ ва адабиётшиносии Институти адабии ба номи М. Горкийи шаҳри Маскав ба тарҷумаи насру назми адибони кишварҳои хориҷӣ даст мезад ва дар ин ҷода муваффақ ҳам гардид.
Ӯ аз ҷумла ашъори ҷудогонаи Фёдор Тютчев, Николай Рубтсов, Расул Ғамзатов, Ҷамшед Пиримов, ашъори шоираи кореягӣ Ким Ёчоро бо унвони «Палакони Сеул», шоираи ҷопонӣ Мисузу Канеко «Ман ва гунҷишкак», маҷмуаи повесту ҳикояҳои адиби туркман Отаҷон Таган «Ғуруби Парвин», намунаи  «Адабиёти бачагонаи Беларус» (гулчини ҳикоёт) ва дигар адибони машҳури оламро тарҷума намудааст.
Асарҳои тарҷумакардааш бисёр сода, равон, дилчасп буда, завқи бадеии хонандаро баланд мебардорад.
                                          Ба ҷои охирсухан 
   Бузурге фармудааст: дар ҳар замон, дар ҳар марҳала инсонҳое ҳаёт ба сар мебаранд, ки дар замири онҳо дили дунё метапад. Вале камоли эшон на ба ҳар кас ва на ба зудӣ зоҳир мешавад. Барои дидани он ашхос дили бино доштан зарур аст. Яъне соҳиби камоли маърифат будан ҳатмист.  Оре, устод Салими Хатлонӣ аз зумраи он адибону олимони пурмаҳсулу маъруфест, ки кулвори пур аз ганҷу маърифати худро, ки бо хуни дил ба даст овардааст, ба насли имрӯзаву оянда ҳадяю ба мерос мондааст. Ба гуфти устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ:
Нест осон бурдани бори сухан,
Сода набвад ин ҳама кори сухан.
                   
  Аъзамҷон БОБОЗОДА, Бохтар- Душанбе- Бохтар   


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019