Ашки Сом

   Лаҳзаи муноҷот ба сӯи Худову Симурғи кӯҳҳои баланд, Соми Наримон ончунон дилрешу ҷигархун гирист, ки аз танини нолаву шеванаш торикии толори Театри мусиќї мазњакавии Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтарро  гиряи ваҳим фаро мегирифт. Нидои ҷонсӯзи шоҳи пӯшаймон, ки замоне тифли сафедмӯй ба дунё овардаи ҳамсарашро  ҳаволаи кӯҳсорон карда буд,  аз сандуқи дардҳои офарандаи ин нақш - ҳунарманди асил Муҳаммад Шомуддинов сарчашма мегирад. Чун аз достонҳои “Соми Наримон”-у “Золи Зар” ҳазорсолаҳо гузашта бошад ҳам, аммо дар қисмати талхи офарандаи нақши Сом - Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Шомуддинов,  60 сол қабл ҳодисаи баръакси ин достон рух дода буд.... 
   Баҳорони соли 1963. Каме онсӯтарак аз мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, аз як нишастгоҳҳои чўбини назди театри онваќта  гиряи осмонгири тифлаки яккаву танҳое сукути дарахтони баланди боғи бостониро шикаста буд.  Аз нахлу гиёҳҳои он манзараҳои  баҳорї то барг-барги дарахтони боғистон ва ҳама парандагони ҳайратзадаи анбуҳи шохсорони сарсабз шоҳиди ҳол буданд, ки аз пушти як дарахти безабон марди бечорае ба ҳоли худу бачаи ҳаволаи роҳгузарон кардааш хун мегирист.
  - Давоми як ҳафтаи баъди сари фарзанд рафтани модарам нахуст хоҳари навзодам шаҳди маргро чашид, пас он, модаркалонам ҳам ба ин талафоти бузург тоб наоварда, реҳлат мекунанд, - ғамангез қисса оғоз кард Муҳаммад Шомуддинов.  – Қиблагоҳи хонавайронам, ки аз марги пайдарҳами пайвандонаш чӣ ҳолу аҳволе дошт, худ медонисту Худо, вале намедонист бо мани якунимсола чӣ кор кунад. Ба рағми наҷоти ман аз марг ва дарёфти маҷрои нави зиндагӣ соате маро дар боғистоне танҳо мегузорад то ягон тан аз роҳгузарон соҳибиам кунанд. Баъди каме дилгудозиҳо аз ҳоли тифли аз танҳоӣ тарсидаву нолаҳои падари ҷигархун шояд осмон ҳам бори таҳаммул натавонист кашад, ки болои шаҳр борон гиристу рехт....
   Ҳамин тавр, падарам аз раъяш баргашта, сӯи тифли андар астараке печондаву аз ҳайрати бекасӣ гирёнаш мешитобад. Тавре баъдан худ қисса мекарданд, маро ба оғуш гирифта, соате зери борон тар нишаставу сиришки талх рехтааст,- лаҳзае ба сукут рафта идома медиҳад Муҳаммади ҳунарманд. – Тазоди зиндагиро бинед, ки дар саҳнаи театр ҳамеша нақши шоҳу шоҳзодаҳоро мебозаму дар зиндагии воқеӣ бошад аз гадо фарқе надорам.
   Муҳаммадҷон Шомуддинов, ҳунарпешаи театр ва синамо, корманди Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар 28 феврали соли 1962 дар шаҳри Кӯлоб дар хонаводаи коргар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Тавре ки худ ба ёд меорад падараш механизатори касбӣ буда, валекин симои бињштии модарашро дар ёд надорад ва аз он фариштаи ҷавонмарг ҳамагӣ як акси хурде боқӣ мондааст, ки бо он наметавон хумори дили бемодариро шикаст.
   Баъди марги модари Муҳаммад падари бечорааш ин тифли якунимсоларо ба хонаи чанде аз хешу таборонаш мебарад, ки то оиладор шуданаш ӯро парасторӣ намоянд. Баъди он,  ҳодисаи дар боғи шаҳри Кӯлоб ва бориши борон раҳми падарро овард, ки мунтазири таваҷҷуҳи роҳгузарон наистода, писарбачаро  ба Хона-интернати кӯдакони шаҳри Кӯлоб мебарад. Ҳамин сон, дар сесолагии Муҳаммад падараш Сайфиддин Шомуддинов аз нав издивоҷ карда, писарашро дубора ба хона меорад. 
   -Бузургтарин имтиҳони Офаридгор аз бандагон ин дар овони тифлӣ аз модар ятим мондану муносибати разилонаи атрофиён будааст, ки бо амри тақдир ҳама гуна заҳру зулму бераҳмиҳои баъзе атрофиёнро чашидаам, -иқрор меояд ҳунарманди театру синамо Муҳаммад Шомуддинов.  -Ҳанӯз панҷсола набудам, ки қиблагоҳӣ ба умеди офияту беназорат намонданам нигоҳбонии маро ба як тан аз духтарони  ақрабояш бовар карда, ба сафар мебарояд. Тибқи ваъда ҳар сари вақт бо халтаи пур аз савғтиҳо ба хабаргирии мо омада, бо музди нигоҳбониву дигар инъомҳо хоҳарзодаашро розӣ мекард. Боре бозгашти вай ба дарозо меафтад ва ҷияни падарам барои аз ман халос шудан наврасони он рустои кӯҳистонро ба ивази инъоми шириниҳо розӣ мукунонад, ки Муҳаммади сағираро аз бораи баланд ба поин тела диҳанд. Дасти сарнавишт будааст, ки вақти аз ҷарӣ афтодан дар хонаи ҷайра дармемонам ва бо доду фиғон осмонро ба сар мебардорам. Аз қазо ин ҳодиса ба чашми рамачароне меафтад, ки аспсаворон сӯи ҳодиса шитофта, маро аз сўрохии лонаи ҷайра бароварда, ба хонаи худ мебарад ва бегоҳӣ суроғу суроғ падарамро ёфта, асли воқеаро ба ӯ мефаҳмонад. 
   Достони ҳунарманди нотакрор саршор аз шикасту рехт ва даҳшату ваҳшати танҳоист. Рӯзгори сарфи саҳнаи ҳунар намудааш, заҳмати шабонарӯзӣ дошту ранҷу азоби тангдастӣ, дар мушкилот муборизу дар сахтиҳои зиндагӣ таҳаммулпазирӣ пеша мекард. Валекин, ба гоҳи рақобати носолиму нотавонбиниҳои баъзе бешахсияту ба қавле “ҳунармандони беҳунар”, Муҳаммади тақвопеша ба қавле сар ба зери хок дуздиданро қабул дорад, вале баҳсу ҷадал ба ин фирқа одамонро не.... 
   -Овони таҳсил дар МТМУ №6-и шаҳри Кӯлоб ба гоҳи фориғ аз дарсу корфармоиҳои модарандарам, сар ба хонаи ҳамсояамон Сайёфи Мизроб мезадам. Бештари рӯзҳои овони наврасиам дар хонаи онҳо таҳти меҳрубонии модари бузургворашон гузаштааст. Он модари меҳрубону босавод ончунон нисбати мани модарятим дилсӯзиву шафқат дошт, ки ба худ мегуфтам, вақте аз меҳру муҳаббати модари Сайёф ингуна шодиву фараҳмандӣ эҳсос мекунам,  агар модари худам мебуд, шоҳи шоҳон будам. Равонаш шод он модари аз табори саидзодаҳо маҳрами розу малҳами захмҳои айёми бачагиам буданд, - мегӯяд Муҳаммад Шомуддинов.
   Даврони мактабхонӣ иҷрои нақши Соҳиббосмачӣ аз намоишномаи “Калтакдорони сурх”-и Сотим Улуғзода оташи меҳру муҳаббатро ба театру синамо  дар қалби сағерамондаи ман афрӯхта буд. Баъдан, маро барои иҷрои нақшҳои осон ба Театри мусиқи мазҳакаии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб даъват мекарданд. Дар ин марҳилаи баҳрабардорӣ аз шукўҳу шаҳомати саҳнаи ҳунар арбобони театр Мирзоватан Миров, Тилло Муъминов, Толиб Бобоев, Мирзо Раҳмон дар тарбияву ташаккули ҷаҳонбинии ман саҳми бениҳоят бузург бозидаанд.
   Идеали ӯ дар ин ҷода ҳунарманди нотакрори тоҷик Ҳошим Гадо буда, аз устоди беҳамтои санъати синамо натанҳо дарси ҳунарпешагӣ, балки дидгоҳи дигаргуна ба зиндагӣ омӯхтаву равзанаи  андешаву тафаккури ирфониро дарёфтааст. Чуноне, ки худ изҳор медорад, агар устод Ҳошим ҳунарманд намешуд Муҳаммад ҳам ҳунарманд набуд.
   Ба гуфтаи ӯ ҳунарманд будан дар худ будан нест. Бо гоми устувор дар саҳнаи ҳунар нақшофар дигар худро намешиносад, чаро ки ҳамеша дар олами қаҳрамонҳо зиста, аз як симо ба он симо аз ин саҳна ба он саҳна дар образи шахсиятҳои гуногун умр ба сар хоҳад бурд. Чун қаблан дар синамо ба ҳайси каскадёр амалҳои мураккабу хатарнокро иҷро мекард, пас он, бо роҳнамоии устодони аввалинаш дар соҳаи синамо Носири Саид ва равоншод Аловуддин Абдуллоев олами дигарро барои худ боз карду маҳзари баҳрамандӣ аз андешаву тахаюлоти нақшофарӣ дар филмҳои даврони Истиқлол таҳиягардидаро. 
   Пайроҳаи ҳунармандӣ дар саҳнаи театру синамо барои Муҳаммад Шомудинов росту ҳамвор набуда, одитарин дастоварду комёбиро дар ин ҷодаи муқаддас ба заҳмату талоши содиқона ба касб ноил гардидааст. Ҳатто ба Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода бо омодагиҳои чандинсола ва баъди адои хизмати ҳарбӣ  дохил шуда, пас он, ин боргоҳи ҳунарро бо баҳои аъло хатм мекунад. Солиён дар саҳнаҳои ҳунар нақшҳои умумиро бозида, аввалин нақши дар саҳнаи касбӣ офаридааш нақши Ломов аз рӯи намоишномаи “Хостгорї”-и А. П Чехов дар Театри мусиќи-мазњакавии ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб буд. 
   Соли 1992 мушкилоти зиндагӣ дар хобгоҳи театр ӯро водор намуд, ки ба хотири соҳиби манзили истиқоматӣ шудан, бо аҳли оила ба шаҳри Бохтар бикӯчад. Гарчанде солиёни зиёд заҳмат кашида соҳиби хона гардид, аммо аз беқадрии аҳли ҳунар аз ҷониби баъзе масъулону атрофиён азоби рӯҳӣ мекашид. Ҳаёту фаъолияти нухбагони илму ҳунари олам, ки ҳамагӣ аз гирдоби мушкилоти иҷтимоии замони худ ба ҷодаҳои машҳур роҳ кушодаанд, дарси муҳими зиндагӣ барои Муҳаммад ба ҳисоб мерафт. Феълан, инчунин шахсиятҳое, ки дар муҳити носозгори замони худ намеғунҷанд, аз тафаккури қолабии “Белро ба равиши об” мутанафиранд ва одатан, дар худ фурӯ рафтанро беҳтарин роҳи аз бало ҳазар дониста, мардумгурезиро пеша менамоянд. 
   Дар рӯзгори мо парандагонро нон додану саргарми хоксориву дар хизмати мардум буданро пастигарӣ мешуморанд, ки аз ин корҳо баръакс маро хуш меояд, -иброз медорад Муҳаммад. - Максим Горкий дар киштї зарфшӯӣ мекарду устод Айнӣ ба хотири илми замони худро аз бар намудан дар хизмати олимону донишмандони замони худ буд. Ба гоҳи фориғ аз фаъолиятҳои эҷодї қитъаи бекормондаи ҳудуди Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлонро аз сангу партовҳо тоза кардам. 
  – Аз сӯи дигар, барозандаи мардони худогоҳ нест, ки аз мушкилот ҳарфи шикоят пеш оваранд, аз ин лиҳоз, канораҷӯиро салоҳи кор дониста, қаноату тақоводориро пеш мекунанд, ки дар ин ҷодаи мақсуд бидуни шикасти тавозуъ наметавон муваффақ гардид.
   Дар мавриди сатҳи ташкилу баргузории Фестивал-озмуни “Парасту 2023”  ҳаминро гуфтаниам, ки муносибати масъулони ин озмун аҳли фарҳангро дилозурда кардааст. Зеро солҳои пешин барои таҳлилу баҳогузории довталабони ҷоизаҳои ин гуна озмунҳои касбӣ ҳунарманду мунаққидони аз тамоми собиқ кишварҳои шуравӣ ширкат варзида, танҳо бо таҳлилу баҳогузории касбӣ баҳои одилона медоданд. Аммо имрӯз, ҳама аъзои ҳакамон аз доираи маҳдуди Вазорати фарҳанг ва атрофиёни онҳост, ки саҳнаҳои театриро бидуни таҳлил баҳогузорӣ мекунанд.
Ба ҷои ҳолнома; 
   Муҳаммад Шомуддинов, ҳунарманди театр ва синамо, корманди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар. Дорандаи нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизадори нақши беҳтарини мардона аз рӯи асари “Фишор”-и Сафармуҳаммад Аюбӣ ва соҳибҷоизаи махсуси ҳакамони Осиёи Миёна. То имрӯз дар зиёда аз 60 саҳнаи театр ва 10 филм нақш бозидааст. Барои хизматҳои шоёнаш дар соҳаи ҳунар бо медали “Хизмати шоиста” ва унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардидааст. 

Ю. Ҷамол


Добавить комментарий