Корномаи сафдарон

 Хатлон аз лиҳози ҷуғрофӣ ва нуфузи аҳолӣ аз бузургтарин вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар як давраи мураккаби сиёсӣ, зимни Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Воқеан, дар радифи 32 адад Қонун ва қарору санадҳои дар Иҷлосияи сарнавиштсоз қабул гардида, якҷоя кардани ду вилояти осебпазир, ки яке аз асари ҳодисаҳои шаҳрвандӣ ба харобазор табдил ёфтаву дувумӣ монда дар муҳосираи иқтисодӣ, аз тасмимҳои дурбинонаи вакилону роҳбарияти тозаинтихоби кишвар буд. 
  Дар он шабу рӯзи буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дарёфту интихоби кадрҳои солимфикр, таъмини амнияту осоиштагии мардум, пешгирӣ аз қонунвайронкуниҳо ва сарбасарӣ бо қумандону гурӯҳҳои силоҳбадаст аз мушкилоти печидаву сардаргум  арзёбӣ мегардид, дар садри роҳбарии вилоят шахсияти дар сиёсат обутобёфтае мебоист, ки бо ҷасорату иродатмандӣ сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбари тозаинтихоби кишварро дар қаламрави вилоят татбиқ созад. Ҳамин сон, аз миёни шахсиятҳои баргузида Абдуҷаллол Салимов, ки то он вақт муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба симати раиси вилояти Хатлон ба фаъолият пардохт. 
    Ба қавли собиқадори хизмати давлатӣ Ҳасанбой Ҳисориев Абдуҷалол Салимов аз илми соҳаҳои иқтисоду сиёсат, маънавиёту ҷомеашиносӣ ба хубӣ бархӯрдор буд,  ки новобаста ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ҷиҳати дар оянда рушду пешрафт намудани калонтарин вилояти кишварамон заминаи устувор гузошт. Нутқи буррову зеҳни қавӣ дошта, дар баррасии масоили мубрами ҷомеа нахуст фикру пешниҳоди муовинон ва мутахассисони соҳаро омӯхта, пас он, андешамандона тасмим мегирифт. Дар интихоби кадрҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ ба кормандони дастгоҳи раиси вилоят эътимод намуда, аммо ҳамеша таъкид мекард, ки дар пешбарии захираҳои кадрӣ таҷрибаву тавонмандӣ ва сатҳи касбии на кам аз се-чор нафарро омӯхта, пас он беҳтаринҳоро ба вазифаҳо пешбарӣ намоем, -  ба ёд меорад он рӯзҳоро Ҳасанбой Ҳисориев. – Иқтисодиётро хуб мефаҳмид
ва дар масъалаҳои кишту кор ва таҳкими бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ бошад, бо донишмандони соҳа ва кормандону олимони Институти зироатшиносии минтақа ҳамкории зич дошт. Бешак, садоқату ҷонибдорӣ аз  сиёсати пешгирифтаи Роҳбари тозаинтихоби кишвар ва меҳру самимияти бепоёни Абдуҷалол Салимов ба мардум, аз ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ, ҳувияти миллиаш маншаъ мегирифт. 
“Новобаста аз он, ки дар он солҳо имкони пардохти андозаи минималии музди маоши кормандони мақомоти давлатӣ набуд ва аз сӯи дигар, аз хона то идораи ҳукумат хатари ҷонӣ таҳдид мекард, вале хизматчиёни давлатӣ ҳама ҳастии худро ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва татбиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат бахшида буданд. Ба хусус, раиси он вақтаи вилоят, ки аз асари серкорӣ ҳафтаҳо шабро дар ҳуҷраи корӣ рӯз мекард, боз вақт ёфта, аз ҳолу рӯзгори якояки кормандони дастгоҳи ҳукумати вилоят пурсон мешуд. Маҳз бо шуҷоату ҷавонмардӣ, меҳандӯстиву ғуруру  ифтихораш аз пайравӣ ба қаҳрамониву фидокориҳои Сарвари давлат, Абдуҷалол Салимов ҳам дар иҷрои масъулияти ба зимма гирифтааш, аз худ азми устувору иродаи қавӣ нишон медод. Дар он солҳои мушкил, ки роҳбарии дастгоҳи раиси вилоятро Қимматгул Рустамова ва Раёсати адлияро нахустгенералзани тоҷик Саодат Амиршоева  бар зимма доштанд, раиси вилоят пайваста таъкид доштанд, ки фаъолияти ибратомӯзи ин гуна занони шуҷоъ бозгӯи он аст, ки бонувони тоҷик дар таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва татбиқу тарғиби сиёсати давлатӣ баробари ҷавонмардон саҳмгузоранд”.
-Абдуҷалол Салимовро ҳамчун сиёсатмадори дурандешу дорои усули вижаи роҳбарӣ мешиносам ва аз ҷасорату сарсупурдагиаш баҳри таъмини осоиштагӣ ва таҳкими сохторҳои ҳукумати вилоят, шурӯъ аз кормандони мақомоти давлатӣ то сокинони одӣ огаҳӣ доранд. Ӯ аз нафарони боэътимоди ҳукумати навтаъсис дар вилоят ба ҳисоб мерафт, ки дар вазнинтарин солҳо ин масъулияти ниҳоят ҷиддиро бар зимма дошт,- ба ёд меорад тоҷик Саодат Амиршоева.
 - Он солҳо борҳо зимни сафари кориашон ба вилояти Хатлон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳо кадрҳои лаёқатмандро ба мансабҳои роҳбарӣ даъват мекарданд, вале дар он вазъияти ҳассос касе ҷуръати ба уҳда гирифтани масъулияти роҳбариро надошт. Аммо Абдуҷалол Салимов ба қавле марди майдон буду ҳамчун фарзанди ғаюру содиқи ин сарзамин тавонист  илова ба 
пешбурди корҳо дар самтҳои гуногун, ҳамзамон, дар ҳалли мушкилоти сокинон, роҳнамоии онҳо ба ҳаёти осоишта мусоидат намояд. Новобаста ба мушкилоти печидаи вилоят, норасоии кадрҳо ва фишору таҳдидҳои силоҳбадастон ӯ  ҳамеша орому ботамкин менамуд. Ин буд, ки давоми чор соли вазифаи раиси вилояти Хатлонро ба зимма доштанаш дар пешгирӣ аз низоъ, таъмини бехатарии кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳаллу фасли дигар масъалаҳои доғи рӯз  муваффақ гардид.
-Шабу рӯзе, ки вазъият дар минтақа ниҳоят ҳассос буду мо аснои рафтуомад ба ҷойи кор эҳсоси ноамнӣ доштем, як шомгоҳон Абдуҷалоли Салимовро дидам, ки аз дари паси бинои ҳукумат ворид шуда, сӯи ҳуҷраи кориаш мерафт, - аз лаҳзаҳои хотирмони ҳаёт қисса кард Ҳ. Ҳисориев. - Вақте аз раиси вилоят хоҳиш кардам, ки бидуни муҳофизон ба маҳалҳо сафар накунад, ӯ кӯтоҳу дақиқ гуфт; “Ба хотири ҳалли мушкилоти мардум месазад, ки ба ҷони худ ҳам таваккал кард”. 
Шоҳидони ҳол иброз медоранд, ки собиқ раиси вилояти Хатлон Абдуҷалол Салимов аз рӯи ихтисос муҳандис буданд, аммо бо донишу салиқаи баланди сиёсӣ дар такмили дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо саҳми бузург доранд. Раис инсони бомаърифат ва дар муносибат бо тобеон меҳрубону ғамхор буд, вале вобаста ба масъалаҳои корӣ ниҳоят сахтгир буданд. Бо ҳақталошиву росткорӣ ва дигар хислатҳои неки инсониаш дар байни кормандони мақомот соҳибэҳтиром буд ва насли ҷавони соҳаи хизмати давлатӣ дар симои вай идеали  худро медиданд.
Ба гуфтаи ҳаммаслакон дар адлу инсоф монои Абдуҷалол Салимов роҳбарон ниҳоят камшуморанд. Ӯ ба он ҳад шахси адолатҷӯ ва росткору якрӯ буд, ки шиносбозӣ он тараф истад, ҳатто бародарон ва наздиктарин хешовандону дӯстонаш ба ҷойи кории ӯ омада наметавонистанд. Боре як тан аз пайвандони корафтодаашро дар кӯча вохӯрдам, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти худ аз ман маслиҳат пурсид. Ба суоли акои Абдуҷалол огоҳӣ доранд? ӯ бо ишора рад карда, гуфт: “Гарчанде баъзан рӯзҳои истироҳатӣ бо ҳузураш дар ҳалқаи пайвандон ӯ як падари мушфиқ, бародари меҳрубону хизматгори содиқи мардум аст, аммо бинобар серкориву масъулияти бузурги бар дӯш доштааш, мо намехоҳем, ки бо масъалаҳои шахсӣ музоҳимаш шавем. 
Умуман, аз суҳбат бо собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ бармеояд, ки ходими давлатӣ Абдуҷалол Салимов тӯли чаҳор соли ба симати
раиси вилояти Хатлон фаъолият бинмуданаш,  дар  ташкилу таҳкими сохторҳои мақомоти маҳаллӣ, татбиқи сиёсати давлат, тарғибу ташвиқи ғояҳои ваҳдатофарини роҳбарияти олии кишвар дар қаламрави вилоят саҳму нақши мондагор гузоштааст. Заковату малакаи роҳбарӣ ва хислатҳои неку дигар зарфиятҳои ин инсони наҷиб буд, ки бо мурури бозгашт ба зиндагии осоишта мардум ба корҳои саҳроӣ, фаъолгардонии коргоҳҳои саноатӣ ва саҳмгузорӣ дар барқарорсозии харобаҳои аз ҳодисаҳои шаҳрвандӣ камари ҳиммат баста, зиндагиро бо маҷрои нав идома доданд. Заминҳо дубора ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, коргоҳу корхонаҳо аз нав фаъол гардиданд.
Бешак, номи шахсиятҳои муътабаре, ки аз солҳои аввали таъсисёбии вилояти Хатлон дар таҳкими Ҳукумати конститутсионӣ, татбиқи сиёсати хирадмандонаву ҳадафҳои ояндасози роҳбарияти олии кишвар дар маҳал содиқона хизмат намудаанд, дар саҳифаҳои таърихи пурифтихори ин сарзамин бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ мешавад. Бахусус, раиси вилояти Хатлон дар солҳои 1992- 1996Абдуҷалол Салимов,  ки ҳамчун пайрави содиқи Пешвои муаззами миллат, бо кору пайкори шоиставу ибратомӯзи хеш дар зеҳну замири мардум маъво дорад.
     Юсуфи Собир
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий