Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
САҲМИ ВАО-И ТОҶИК ДАР БОЗТОБИ ИҶЛОСИЯ МУАССИР АСТ
Имрӯз дар шаҳри Бохтар конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Саҳми ВАО-и тоҷик дар бозтоби иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур бо ибтикори нашрияҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир гардида, дар он сармуҳаррирону рӯзноманигорон ва олимону муҳаққиқони соҳа иштироку суханронӣ намуданд.
Конференсияро Баҳром Миров, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ифтитоҳ намуда, нақши воситаҳои ахбори оммаи тоҷик, бахусус рӯзномаву маҷалла ва телевизиону радиоҳои маҳаллиро дар бозтоби иҷлосияи тақдирсоз, ки роҳи пуршебу фарози Тоҷикистонро 30 соли охир ифода мекунад, бориз арзёбӣ кард.
Сипас, Дилором Маҳкамова - дотсенти кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оид ба “Инъикоси Иҷлосияи XVI-уми дар публиситикаи сиёсии тоҷик” маъруза намуд. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки дар нигориши аксарияти публисистони сиёсӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун қаҳрамон, сулҳоваранда ва наҷотбахши халқ муаррифӣ шудааст.
Дар баромади худ Шарофати Дониёр, сармуҳаррири маҷаллаи вилоятии “Меҳровар” оид ба инъикоси Иҷлосияи сарнавиштсоз дар ашъори адибони Хатлонзамин андешаронї намуд. Собиқадори матбуот, собиқ сардабири рӯзномаи ӯзбекии “Дӯстлик” Тошмат Темиров аз дирӯзу имрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуда, ҷавононро ба пос доштани арзишҳои миллию давлатӣ даъват намуд. Вай дар идомаи суҳбаташ қайд дошт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тўли фаъолияти 30 солаи худ, ҳамчун роҳбари тоҷикони ҷаҳон Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, барои шукуфоии диёр ҷоннисориҳо кардаанд.
Ҳамчунин дар ҳамоиши илмӣ-амалӣ Асалмо Сафарзода, раиси шуъбаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар хусуси нақши Иҷлосияи XVI-ум дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ибрози назар намуд.
“Маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки бо мухолифини сиёсӣ вохӯрда, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба якдилии тоҷикон табдил доданд ва бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ба мардуми Тоҷикистон сулҳу салоҳ бахшиданд ”, - таъкид намуд А. Сафарзода.
Дар навбати худ сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода дар мавзӯи “Қасами сулҳ”-и Пешво ва такяи ӯ ба ВАО-и тоҷик” суханронӣ намуда, иттилоъ дод, ки дар он давраҳои ҳассос роҳбари љавони тоҷикон тариқи ВАО ба мардум муроҷиат карда, намояндагони ҳамаи маҳалҳои кишварро ба тинҷию амонӣ даъват менамуданд.
Дар охири ҳамоиш аз ҷониби кумитаи тадорукоти конференсия ба як қатор собиқадорони матбуот туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Амонҷон Маҳкамов
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД


