Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Қадамҳои устувор аз пайроҳа то шоҳроҳ
-Дарди ҷомеа дарди дили шоир аст,-мегӯяд шоири ҷавону умедбахш Баҳманёр.
Тайи солҳои охир дар майдони адабиёти муосири тоҷик як зумра шоирони ҷавони навҷӯй устуворона қадам мегузоранд, ки бо шеърҳои пурмазмун ва ширину дилангезашон мухлисону ҳаводорони зиёд пайдо намуданд, ки Баҳманёри Саид аз зумраи онҳост.
Баҳманёр баъди хатми Донишгоҳи давлатии Бохтар бо номи Носири Хусрав муддате дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон фаъолият намуда, баъдан, фаъолияти хешро дар бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус идома бахшид. Бо мурури замон ба зинаҳои роҳбарӣ обутоб ёфта, айни замон мудири шуъбаи фарҳанги ин ноҳияро бар зимма дорад. Фориғ аз фаъолияти роҳбарӣ рӯ ба эҷод меорад, натиҷаи маҳсули эҷодиаш ду сол пеш бо унвони “Дафтари борон” ба дасти ҳаводорони шеър расид.
Кишварам, эй кишвари доимбаҳор,
Боғи гулҳову макони лолазор.
Обҳои рӯдҳоят нуқравор.
Ояд аз ту нағмаи кабку ҳазор,
Ман надидам мисли ту зебодиёр.
Нест бар ҷону танам бе ту қарор,
Шукр гӯям, розиям аз сарнавишт.
Гӯшае ҳастӣ ту аз боғи биҳишт,
Рӯяд аз хокат ҳазорон навъи кишт.
Нек бошад сокинонатро сиришт,
Мулки мардони далеру номдор,
Баҳри ҳифзат мекунам ҷонро нисор.
Баҳманёр аз овони наврасӣ шеър менависад ва бо мурури солҳо ашъораш суфтаву рангин мегардид. Шоири ватандӯсту дилогоҳ тинҷиву амонӣ ва рушди бемайлони кишвари азизамонро аз заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонаду дар мисраъҳои шеърии зер, ки бо шакли мусаддас эҷод шудааст, овардааст:
Омадӣ мулки куҳанро ту зи нав обод кардӣ,
Ҷон фидо дар роҳи халқу кишвари озод кардӣ.
Ёд дар ин мотамсаро аз рӯзҳои шод кардӣ,
Шоҳкитоби дӯстони сулҳро эҷод кардӣ.
Хуррамиро дар баҳори зиндагӣ бунёд кардӣ,
Рӯзу шаб дар хобу бедорӣ Худоро ёд кардӣ.
Меҳрубонию тараҳҳум бар касе ноком кардӣ,
Баҳри рӯзи равшани мо субҳи худро шом кардӣ.
Сулҳ овардию вазъи мулкро ором кардӣ,
Шуд гулистон ҳар куҷоеро Гулистон ном кардӣ.
Гашта ибрат, пухтатар андешаи сад хом кардӣ,
Парчами кишвар парафшон дар лаби ҳар бом кардӣ.
Дар ашъори Баҳманёр ба мавзўи эҳтиром ва манзалати модар рӯй оварда, ғамхориҳою ғамгусориҳои ӯро дар тарбияи фарзанд қадрдонӣ менамояд. Дар шеъри “Ба модарам” бо муҳаббати зиёд гуфтааст:
Дару дарвозаи бози дили ту,
Чун ту пояд ба умеде раҳи ман.
Хабар омад, ки нахобида шабон,
Накани чашми худ аз ҷогаҳи ман.
Ёд дорам, ки шабе дар тифлӣ,
Берун аз дар таги борон мондам.
Оҳ гуфтию гуфтӣ зи ҳарфи чашмат,
Дарди душвори ту осон хондам.
Падарам рафт зи олам модар,
Даҳ баҳор аст, ки ту танҳоӣ.
Ман, ки имрӯз ғарибам донам,
Дарди мушкил будани раҳпоӣ.
Инъикоси мавзӯи ватандорӣ ва баланд гардидани обрӯю нуфузи Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ дар ашъори шоири ҷавон бозгӯи он аст, ки ӯ ба фарҳанги халқи куҳанбунёдамон арҷгузорӣ менамояд.
Дар кафи худ парчам аз рӯзи зафар дорем мо,
Тоҷи номуси ватандорӣ ба сар дорем мо.
Дар садафҳои умеди худ гуҳар дорем мо,
Аз раҳи оянда ҳастӣ хабар дорем мо.
Ин қаламравро ниёгон баҳри мо бахшидаанд,
То раҳем аз дарди беҷоӣ даво бахшидаанд.
Кишвари доимбаҳору бебаҳо бахшидаанд,
Вақти он омад ливои бахтро боло кунем.
Сабти номи мулки худ дар дафтари дунё кунем.
Боз ба ҳамин маънӣ дар дигар шеъраш овардааст:
Шоҳнома худ гувоҳи шоҳкориҳои мост,
Бозгӯи қисмати имрӯзаву фардои мост.
Ҳар хаташ мавҷи дили дарёи армонҳои мост,
Ҳиммати Фирдавсии пурҳикмату донои мост.
Ҷони ширин канда мо кохи суханро сохтем,
Парчами номусро дар болои худ афрохтем.
Аз шеърҳои пурмазмуну баланди Баҳманёр бар меояд, ки ӯ аз осори адабии падари бузургвораш, шоири ширинсухан, ҷавонмарди суханшиносу нуктасанҷ, соҳибдилу ҳимматбаланд Саид Ғойиб ба таври фаровон баҳра бардоштааст. Ба қавли худаш дар эҷоди шеър дар ботини ӯ ирсият ҳамеша туғён дорад. Лаҳзаҳои эҷод ҳамеша ҳамроҳи ӯст. Китоби дуюми шеърҳояш аллакай омодаи нашр мебошанд.
Донишу истеъдоди баланди эҷодӣ буд, ки соли гузашта, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, дар номинатсияи эҷоди назму наср (дар бахши назм) фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид.
А. БОБОЗОДА, н. Шаҳритус
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



