Абурайҳон Берунӣ - нобиғаи илм дар Машриқзамин

                     
                         (ба муносибати 1050 – солагии зодрўзи олим)

    Аз рўйи  номинаи  муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии  Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон доир ба 1050 – солагии зодрўзи олими барҷастаи Шарқ  Абўрайҳони Берунӣ  ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО  барои таҷлил дар солҳои 2022 – 2023 ворид гардид.
   Абўрайҳони  Берунӣ яке аз бузургтарин намояндагони олами илми Мовароуннаҳр ва Хуросон  мебошад, ки дар асри Х ҳаёт ба сар бурда, дар соҳаҳои гуногуни илмҳои дақиқ, таърих, этнография ва адабиёт асарҳои гаронбаҳои пурарзиши зиёде навишта, дар бисёр соҳаҳои илм аввалин раҳкушо  буда, ба рушди илмҳои замони худ ҳиссаи басо арзанда гузоштааст.
     Абўрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ дар яке аз давраҳои пурҳодисаву пурошўб, аз ҷиҳати сиёсӣ ноустувори Мовароуннаҳр ва Хуросон ба дунё  омада, ҳаёти ноосуда ва пурхавфу хатареро  аз сар гузаронд. Абўрайҳони Берунӣ  4 –уми сентябри соли 973 дар наздикии шаҳри Коти Хоразм таваллуд ёфтааст. Маркази қадимии давлати Хоразмшоҳон шаҳри Кот дар соҳили рости дарёи Ому, дар ҷойи шаҳраки собиқи Шаббоз воқеъ будааст, ки ҳоло он ҷо «Берунӣ» номида мешавад. Чун аз беруни шаҳри Кот омада буд, калимаи «берунӣ» -ро ба худ лақаб карда гирифт. Ў ятиму бекас буд. Дар «Осор –ул -боқия» ном асари машҳураш аз кӣ ва чӣ кора будани падару бобои худ хабар надоштанашро бо ҳасрат қайд кардааст. 
   Наср Мансур бинни Алӣ бинни Ироқ, ки аз хонаводаи ҳукумронони маҳалии Кот буд, ин ятими бекасро ба тарбияи худ мегирад. Берунӣ ҷое қайд намудааст:  «Хонадони хайрхоҳ бо шири худ ба ман ғизо дод ва Мансур тарбияти маро ба зимма гирифт».  Табиат ўро аз навозиши падару модар, аз меҳрубонӣ ва ғамхориҳои хонаводагӣ бармаҳал маҳрум ва бенасиб карда бошад ҳам, дар ивази он ба вай ғайрати зиёд, кўшиш, ҷидду ҷаҳд, ақли пурҷустуҷў, тоқат ба сахтиҳо,  рағбат ба омўзиш, шавқу майли фаровон ба кушодани дарҳои нави дониш насиб гардонд.
   Берунӣ аз падару модари эронинажоде ба дунё омада, забони модариаш хоразмӣ буд, ки ба гурўҳи эронии оилаи забонҳои ҳинду – аврупоӣ  мансуб мебошад.
   Берунӣ таҳти таъсири устод ва ҳимоятгари худ  Абўмансури Ироқӣ, ки яке аз донишмандони муътабари Хоразм буда, бо тадқиқот ва осори худ оид ба риёзиёт ва ҳайъат (астрономия) шуҳрат дошт. Аз давраи ҷавонӣ ба ин илмҳо майлу шавқи калон пайдо намуда, дере нагузашта  мустақилона ба мушоҳида ва таҳқиқот оғоз мебахшад. Китобҳои  ба забони арабӣ ба риёзиёт ва астрономия мутааллиқ, аз ҷумла, тарҷумаи асарҳои баъзе олимони юнониро ҷустуҷў карда, бо шавқ ва ҳаваси зиёде мехонд. Ӯ дар синни ҳабдаҳсолагӣ  ба воситаи ҷадвале, ки худаш тартиб дода буд, баландии авҷи Офтобро дар шаҳри Кот муоина кард ва арзи ҷуғрофии ин шаҳрро муайян намуд. Ин аввалин таҷрибаи мустақили вай дар соҳаи астрономияи сферӣ будааст.
   Даврони ҳаёти Берунӣ – асри Х давраи тараққиёти бузурги иқтисодӣ  ва маданӣ дар Мовароуннаҳр  ва Хуросон ба ҳисоб мерафт. Ҳукумати марказонидаи Сомониён дар доираи васеи қаламрави худ оромӣ ва амнияте ба вуҷуд оварда буд, ки боиси баланд шудани савияи иқтисодии  мамлакат ва пешрафтҳои намоён дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ гардид. Шаҳрҳо обод шуда, муҳити донишпарваре ба вуҷуд омада буд. Ин омилҳо боис гардид, ки дар он сарзамин донишмандони замон Абўнасри Форобӣ, Абўрайҳони Берунӣ, Абўалӣ ибни Сино ба воя бирасанд.
  Дар ин давра Берунӣ бо олимони Шарқ, хусусан, донишмандони Мовароуннаҳру Хуросон алоқа мебандад. Мукотиба–саволу ҷавоби вай бо Абўалӣ  ибни Сино, ки он солҳо ҳанўз дар Бухоро иқомат дошт, далели ин гуфтаҳост.
   Солҳои 998-1004 ба шаҳрҳои Рай, Ҳамадон сафар карда, баъдан дар Гургон маскан гирифта, асари нисбатан  калонҳаҷми худ «Осор –ул- боқия» -ро дар ҳамин ҷо таълиф мекунад.  Соли 1005 Берунӣ ба Хоразм баргашта, ба дарбори Абулаббос ибни Маъмун даъват шуд. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ Хоразмро тасарруф кард ва Беруниро ҳамроҳи дигар олимону шоирони дарбори Хоразмшоҳ ба шаҳри Ғазна бурд ва ў то охири умр (вафоти олим 11.12.1048) он ҷо монд.
   Берунӣ ҳамроҳи лашкари Султон Маҳмуд якчанд маротиба ба Ҳиндустон сафар карда, мавзеъ, урфу одат ва аҳволи ифтимоии ҳиндуҳоро омўхт ва асари машҳури «Мо – лил-Ҳинд» -ро эҷод кард.
   Ба гуфтаи олимону муҳаққиқон шумораи асарҳои Берунӣ аз 130 то 180 адад мерасад. Тақрибан 40 асари ў аз буҳрону осебҳои замона барои мо боқӣ мондаасту халос. Бисёре аз асарҳои Берунӣ  ба илмҳои  табиатшиносӣ мутааллиқ буда, муаллифро яке аз асосгузорони илмҳои таҷрибавӣ дар Шарқи Миёна ва Наздик медонистанд. 
   Афкори иҷтимоии Берунӣ, хусусан, таҳқиқи воқеаҳои иҷтимоӣ ва таърихӣ ҷолиби таваҷҷуҳанд. Берунӣ масъалаҳои  таърихиро аз нуқтаи назари идеалистӣ баррасӣ намояд ҳам, сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани Шўриши Муқаннаъ  ва дигар ҳаракатҳои халқӣ, пайдоиши тасаввуроти динӣ, урфу одат ва ғайраро дуруст  шарҳ додааст.
    Дар афкори табиию илмии Берунӣ ба офтоб, ба масъалаҳои ҳаракати нур, гармӣ ва хосиятҳои он диққати махсус дода шудааст. Вай Офтобро як ҷисми гарми оташнок пиндошта, ҳаракати нурҳои онро ниҳоят сареъ медонад. Гармии Заминро низ, ки дар натиҷаи ҳаракати моддаҳо  дар қишри Замин ба вуҷуд меояд, қайд кардааст. Берунӣ дар соҳаи астрономия, инкишофи илми геология низ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Ў ҷараёни такшиншавии ҷинсҳои гуногунвазнро муайян намуда, пайдоиши қишр ва фаввораҳои табииро шаҳру тавзеҳ додааст.
    Берунӣ забонҳои форсӣ, арабӣ ва юнониро хуб медонист. Дар «Мо-лил- Ҳинд» ном асараш аҳмияти омўзиши забон, махсусан, забони ҳиндиро таъкид карда, доир ба бисёр масъалаҳои забон ва адабиёт фикрҳои ҷолиб баён намудааст.
   Берунӣ шеър ҳам навиштааст. Аз ашъори ў 35 байт боқӣ  мондааст, ки 17 байташ ба таърифи Абулфатҳи Бўстонӣ ном дўсти муаллиф ва шаҳри ҳоли худи мутафаккир бахшида шуда, 7 байти дигар дар васфи Абулҳасан ном шоири ҳамзамонаш мебошад. Шеърҳои Берунӣ ба забони арабӣ эҷод шуда, дар ашъори шоир ақидаҳои инсондўстӣ ва ғояҳои ватанхоҳӣ ифода ёфтаанд.
Абурайҳони Берунӣ алломаи бузурги Машриқзамин ба ҳисоб рафта, ба ҳаёти илмию фалсафӣ ва табиатшиносии асрҳои минбаъда такони бузурге додааст.

Ҳ. ҲОҶӢ, омӯзгори МТМУ № 1-и  ноҳияи  Кӯшониён.


Похожие новости:
Добавить комментарий