Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КИШОВАРЗИ АСИЛ
Волидонаш солҳои 20-уми асри ХХ аз Фарғона ба водии Вахш мекӯчанд. Меҳру муҳаббат ба кори кишоварзӣ замони кӯдакӣ ба қалбаш ҷо шуда, ин пешаро аз падару модар омӯхтааст.
Ӯ шукрона мекунад, ки замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқон соҳиби замин шуд. Акнун дар бозорҳо тамоми фаслҳои сол қариб ҳама маҳсулоти кишоварзӣ фароҳам аст, ки ин пеш аз ҳама натиҷаи ташаббусу дастгириҳои Роҳбари давлат мебошад.
Бобои Юнусалӣ аз вохӯриҳои худ бо Пешвои миллат бо ифтихор ёд мекунад. Санаи 11-уми октябри соли 2008 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба ноҳияи Данғара, дар машварати ҷумҳуриявӣ таҷрибаи кишоварзии Юнусалӣ Қӯшоқовро басо ибратбахш маънидод намуда буданд. Дар ин машварат кишоварзи асил назди Роҳбари давлат аз таҷрибаи деҳқонии худ сухан гуфт. Бо дастури Пешвои миллат ба ӯ 1 гектар замини кишоварзӣ доданд. Ин вохӯрӣ дилгармии бобои Юнусалиро ба кори деҳқонӣ дучанд намуд. Ӯ ба Роҳбари давлат доимо дуои нек медиҳад.

Вай ҳамроҳи писарону наберагонаш пайваста пайи ин шуғли пурбаракат мебошад. Фарзандону наберагон низ ба мисли ӯ ба кори деҳқонӣ ва ба замин меҳри зиёд доранд. Ҳар порчаи заминашон пурмаҳсул истифода мешавад ва дар беш аз 50 дарсади заминашон гармхона бунёд намудаанд.
Бобои Юнусалӣ баракату обрӯро аз кори деҳқонӣ пайдо намуд. Натиҷаи заҳмати фидокоронааш буд, ки миёни ҷомеа соҳибобрӯ аст ва бо Роҳбари давлат борҳо аз наздик вохӯрӣ дошт. Воситаҳои ахбори омма аз таҷрибаи пешқадами вай пайваста мавод ба нашр мерасонанд.
Бобои Юнусалӣ аз кори деҳқонӣ ҳаргиз ноумед нест. Аз шуғли худ ҳамеша хушҳол ва сарафроз аст. Беандоза хурсанд мешавад, агар нафаре аз маҳсули заҳматаш баҳравар бошад.
Аз ӯ пурсон шудем, ки чаро на ҳар деҳқон муваффақ мешавад? Ба андешаи бобо дар ин ҷода баъзан дониш ҳам лозим. Нозукиҳои корро бояд омӯхт. Ҳамчунин, ӯ дар баробари деҳқонӣ боз китоб мехонад. Китобҳои марбут ба кишоварзӣ ва адабиёти илмию бадеӣ.

Мегӯяд, ки кори деҳқонӣ ба обу ҳаво вобастагӣ дорад. Агар ҳарорати ҳаво чандон хунук набошад, кори деҳқонӣ ҳам мушкил намешавад. Ин ҳама заҳматҳо боз роҳат доранд.
Бобои Юнусалӣ аз деҳқонӣ ҳеҷ гоҳ зарар надидааст, ҳатто агар обу ҳаво номусоид бошанд ҳам. Ёд овард, ки солҳои пешин чун волидонаш киштукор мекарданд, борони селу жола зироатҳои онҳоро талаф медод, аммо имрӯз имконият дигар аст. Усули кишти зери плёнка ва ё кор дар гармхонаҳо дар ин маврид қулай мебошад.
Бобои Юнусалӣ дар гармхонаҳояш аслан бодирингу помидор кишт мекунад ва баъзан харбузаю ҳандалак низ.
Ӯ бо вуҷуди таҷрибаи ғании худ аз маслиҳатҳои олимону мутахассисон истифода мебарад. Дар деҳаи Ғайрати шаҳри Бохтар аз аввалинҳоест, ки ба гирифтани аз як замин то 3 ҳосил шурӯъ намудааст. Баъзан дар миёни буттаҳои бодиринг боз ягон зироати дигаре низ кишт намуда, аз ҳар ду ҳам ҳосили хуб мегирад.
Бобои Юнусалӣ хушҳоласт, ки ҳоло техникаю мошинолоти кишоварзӣ зиёд шудааст ва аз норасогии онҳо муҳтоҷ намешавад. Тракторчаҳои майдаву калон ҳамеша дар хизмати деҳқон тайёранд.
Баҳри болоравии ҳосилнокӣ бояд ба замин таваҷҷуҳи хоса дошт. Ин кишоварзи ботаҷриба дар вақти тирамоҳ, пеш аз ҷуфт ба замин пору мерезад, ки ин усул аҳамияти калон доштааст. Хок поруро ҷабида мегирад, ки дар натиҷа замин боқувват ва ҳосилхез хоҳад шуд.
Ба гуфтаи бобои Юнусалӣ афзалияти кишти зери плёнка ҳамин аст, ки дар берун агар ҳарорат +10 дараҷа бошад, дар дохили гармхона +20 дараҷа мешавад. Яъне ин ба барвақт пухта расидани маҳсулот мусоидат мекунад. Ҳамчунин, аз сардиҳо, борони селу жола муҳофизат менамояд. Агар маҳсулот ҳарчи барвақт дар гармхонаҳо кишт шавад, ҳамон андоза беҳтар будааст.
Ин деҳқони ботаҷриба 85 - сола бошад ҳам, навобаста аз солмандии худ пайваста дар замин заҳмат мекашад. Тавсия медиҳад, ки ҳар яки мо бояд бештар дар ҳаракат бошем ва то қадри имкон ба кор машғул шавем. Аз вазъи зироатҳои киштаамон бохабар шуда истем. Бинем, ки чӣ камбудиҳо ҳаст, камбудиҳоро саривақт ислоҳ намоем. Инсон агар кам ҳаракат намояд, хунаш ғафс мешавад ва ба беморӣ гирифтор хоҳад шуд. Меҳнат шараф аст ва аз ҳар ҷиҳат манфиати бузург дорад.
Махмадалӣ Акрамов
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


