Бойгонӣ

ҲУНАР - ЧАШМАИ ЗОЯНДА

  Зани тоҷик аз замони гузашта то имрӯз миллатро бо ҳунари волои пазандагию дӯзандагӣ, суруду таронахонӣ, рақси миллӣ муаррифгар мебошад. Модари азизу дилбанд, ситорагарму кушодачеҳра, ҳунарманду кадбонуи моҳир сокини деҳаи Гулшани Ҷамоати деҳоти «Гулшан»-и ноҳияи Фархор Майдагул Раҷабова аз қабили ҳамин гуна занон маҳсуб меёбад. Ӯро на танҳо дар ноҳияи Фархор, балки дар вилояту ҷумҳурӣ ҳамчун зани некному боирода, пазандаи хуби таомҳои миллӣ, дӯзандаи чирадаст мешиносанду ҳунарашро эътироф мекунанд.

Зеро маҳсули дастранҷи ин зани меҳнатӣ нону кулчаю гирдачаҳо, ҳалво, қаламафатиру таҳмол, хӯрокҳои болаззати миллӣ - ширбиринҷу ширкадую ширравған, қурутобу фатирмаскаю далда, ӯмочу оши буридаи Майдагул Раҷабова борҳо дар намоишгоҳҳои идона, ҷашнҳои ифтихории миллӣ - Наврӯзу Меҳргону Сада, Истиқлолият ва Ваҳдат аз ҷониби узви ҳакамон ва роҳбарон борҳо баҳои арзандаро савор гаштааст. Дар рӯзҳои тантанаи ҷашни Меҳргон – 2019 дар шаҳри бостонии Кӯлоб раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода маҳз таъкид доштаанд: «Ҳунари Майдагул Раҷабова, чунин занону модарони кадбону, чирадасту пазандаҳои моҳир ба ҳама гуна тарғиб, қадршиносӣ меарзад. Ҷавондухтарон бояд аз мактаби ҳунарӣ, таҷрибаи чунин занон сабақ гиранд, ба зиндагии оянда тайёр шаванд». Ин суханони ҳидояткунандаи раис моро ба Фархори бостонӣ, ба деҳаи Гулшани Ҷамоати деҳоти Гулшан ба хонадони модари ҳалиму меҳрубон, хандонрӯю кушодадил ва ҳунарманди беназир Майдагул Раҷабова овард.

Ҳавлии одию хоксорона, зиндагии хушу хурсандона, муносибати хушдоману келинҳои хонадон басо хушамон омад. Ҳама файзу баракатро Худованд дар ин оила аз меҳнати ҳалол, ҳурмату эҳтироми ҳамдигар, муҳаббату самимият арзонӣ доштааст.

- Гузаштагони мо аз ноҳияи баландкӯҳи Шамсиддин Шоҳинанд. Солҳои 50 - уми асри гузашта ба ноҳияи Москва имрӯза ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кӯч баста, дар ободонии замини туғайзор саҳм гузоштанд. Ба ин хонадон аз ноҳияи Ҳамадонӣ келин шуда, ҳаётамро ба Пулод Назиров пайвастам. Бо муҳаббату садоқат оила барпо карда, сад шукри Худованди бузург, ки имрӯз соҳиби 6 нафар фарзанд, наберагони дӯстрӯ, хонадони обод, келинҳои ботарбия, хоҷагии деҳқонии «Хӯҷабоғ» ҳастем ва аз Ватани ободу озоди соҳибистиқлол, аз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорем,- арзи матлаб намуд Майдагул Раҷабова.

Нонпазӣ ҳунари волои бонуи тоҷик аст. Аммо истифодаи бемавриди маводи ковоккунанда, (дрож) ки аз нигоҳи занони ҳунарманд ва коршиносон ба солимии инсон фоидаовар нест. Зеро нон дам мекунад ва ба фиреби харидор роҳ дода мешавад. занро камҳавсалаю бемасъулият мекунад. Холаи Майдагул истифодаи ҳатмии хамиртурушро ҳангоми хамиркунӣ тавсия медиҳад.

- Дар замони соҳибистиқлолӣ бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Певшои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мартабаи зани тоҷик боз ҳам баланд бардошта шуд, ки аз ин пеш аз ҳама, мо модарон аз  ғамхории падаронаи Ҷаноби Олӣ сипосгузорем,- андеша меронад мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор Дилбар Талбова. Имрӯз занону бонувони ноҳия дар вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда содиқона ифои вазифа доранд. Занони ҳунарманд, кадбонуҳои моҳир дар ноҳияи Фархор хеле зиёданд, вале ба мисли Майдагул Раҷабова зане саропо ҳунарманди асил, дӯзандаю пазандаи чирадаст ангуштшуморанд. ӯ ба ҳунари волои худ муарифгари миллат мебошад.

 «Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз», - панд додаанд бузургон. Майдагул Раҷабова садрнишин асту сарфароз ва соҳибэҳтирому соҳибхирад. Дигар занон аз таҷрибаи ӯ, дастони пурэъҷози ин зани меҳнатӣ меомӯзанду ҳунари худро такмил медиҳанд.

- Бонуи тоҷик дар кадом вазифае кор накунад, бояд соҳибҳунару дидадаро бошад, ҳунари пазандагию дӯзандагиро донад,- мегӯяд муаллима Майрамбӣ Султонова. Мо дар симои зани ҳалиму хоксор, дидадарою ҳунарманд симои зани асили тоҷикро мебинем ва Майдагул Раҷабоваро устоди худ, устоди занони ҳунарманди ноҳияи Фархор медонем, зеро маҳсули дастранҷи ӯ пайваста зинатбахши дастархони идона ва файзбахши намоишгоҳҳои сатҳи вилояту ҷумҳурӣ мебошад.

Бо пешниҳоди Президенти мамлакат эълон гардидани 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба он хотир аст, ки деҳот обод гардад, ҳунарҳои мардумӣ рушди тоза ва Тоҷикистони офтобӣ ба як кишвари сайёҳӣ табдил ёбад. Дар деҳоте, ки чунин занони боҳунару соҳибкорони бонангу номус кору зиндагӣ доранд, он ҷо обод гардида, зиндагӣ нумӯи тоза меёбад. Метавон бо дили пур, бо дастовези арзанда ҳар сайёҳро қабул кард.

- Ҷавондухтарон пеш аз он, ки оила барпо менамоянд ва дар шоҳроҳи ҳаёт нахустқадамҳои хешро гузоранд, бояд ба зиндагии оилавӣ омода бошанд. Пухтупаз, дӯзандагиро омӯзанд, аз Майдагул Раҷабова барин модарони рӯзгордида сабақи ибратомӯз гиранд, то фардо оилаҳояшон пош нахуранд,- андеша меронад сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Фархор Ҷабборзода Замира.

Майдагул Раҷабова ҳунарманди деҳотӣ ҳамагӣ синфи Х1 - ро хатм кардааст, вале «саводомӯзи сад омӯзгор» мебошад, зеро «ҳунар чашмаи зоянда асту давлати поянда» ва «боғбон рисқи худ аз пушти гулистон мехурад». Ин зан - модар бонуи асили Тоҷикистон бо ҳунари худ сарфарозу воломақом аст.


Шуҳрати ШЕРАЛӢ, н. Фархор
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019