Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Диловаре аз Балҷувон
Бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар фазои сулҳу амонӣ, осоиштагӣ ва осмони софу беғубор дар остонаи ҷашни 77- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) қарор дорем.
Ин ҷанг мудҳиштарин фоҷиаи башарият ва саҳифаҳои сиёҳи таърих мебошад, ки дар натиҷаи он даҳҳо миллион қурбон шудаву ҳазорҳо шаҳру деҳаҳо ба харобазор табдил ёфтанд.
Дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ баробари дигар миллатҳои собиқ Шӯравӣ садҳо ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон ба қавле аз “Як гиребон сар бароварда” ба фронт рафта, дар торумори фашизми Германия корнамоиҳои бемислу монанд нишон доданд.
Яке аз чунин диловарони ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сафаралӣ Файзалиев мебошад, ки соли 1943 ба фронт рафта, баъди ғалаба бо сари баланд ба Ватан баргашт. Вай соли 1923 дар деҳаи Хосамоҳи ноҳияи Балҷувон ба дунё омада, баъди хатми мактаби ҳафтсола ба сафи ташкилоти комсомолӣ (имрӯза созмони ҷавонон) шомил гардид. Бо супориши котиби кумитаи ҳизбии ноҳия ӯ аҳолии деҳаи Хосамоҳ ва деҳаҳои гирду атрофро саводу дониш меомӯзонд. Баъдтар Сафаралиро котиби хоҷагӣ интихоб намуданд, ки он солу замон хоҷагиҳои кишоварзӣ бо суръат рушд мекарданд.
Ҷанги хонумонсӯз нақшаҳои Сафаралии ҷавонро барбод доду ба гурӯҳи шашмоҳаи омӯзиши омодагии ҳарбии он вақт Ҷамоати деҳоти Саталмуши ноҳия шомил гардид. Баъди азбар намудани нозукиҳои истифодаи аслиҳаи ҳарбӣ аз январи соли 1943 ихтиёрӣ бо дуои падару модар ба фронт рафт.
Баъди хатми курси омодагии ҳарбӣ дар шаҳри Қазон ҳамчун пулемётчӣ дар ҳайати полки 929-уми Байрақи сурхдори гвардиягии пиёданизом ҷавонмардона ба муқобили фашистони истилогар ба корзори ҷанг ворид шуд. Амалиётҳои ҷангӣ бештар дар ҷангалзорҳои вилоятҳои Калинин, Белгород ва Курск мегузашт.
Яке аз муҳорибаҳои шадидтарини Ҷанги Бузури Ватанӣ- муҳорибаи камонаки Курск буд, ки моҳҳои июн- августи соли 1943 давом кард. Олмони фашистӣ бо қувваи хеле зиёд- қариб як миллион аскару афсар ва ҳазорҳо тӯпу танк, њавопаймову миномёт ва қувваҳои ҳавоӣ ба ҷанг даромад.
Полки мо тахминан 300- 400 метр дуртар аз қувваҳои асосии душман мавқеи мудофиавиро ишғол намуда буд. Аз ҳарду тараф ба тирпаронӣ шурӯъ намуданд ва ману ҳамяроқам Абдуқодир пулемёти худро ба кор даровардем,- қисса мекунад Сафаралӣ. - Замин зери по меларзиду манзараҳои табиат пеши чашми мо месӯхт. Дар ин фронт тоҷикон бо миллатҳои русу украин, ўзбеку гурҷиҳо китф ба китф истода бар зидди душман қаҳрамонона ҷангиданд. Дар рӯзи шашуми ин муҳориба сарбозони шӯравӣ ба ҳуҷум гузашта, хати мудофиавии душманро рахна намуданд. Талафот аз ҳар ду тараф зиёд буд ва ҳазорон нафар аскарони душманро асир гирифтем.
Дар ин муҳориба ёрдамчии Сафаралӣ- Абдуқодир ҳалок шуда, худи ӯро, ки аз сару китф захмӣ шуда буд, дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонаи ҳарбӣ бурданд.
Баъди шифо ёфтан Сафаралӣ дубора боз ба хати пеши фронт рафт. Дар он рӯзҳо қисми ҳарбии онҳо дар ҳайати фронти 1-уми Украина барои аз душман озод намудани шаҳру деҳаҳои Украина қаҳрамонона меҷангид. Ҳамин сон, дар яке аз муҳорибаҳои дигар боз захмдор шуда, ин дафъа аз ҳарду пойи худ захм бардошта, вақте ба ҳуш меояд, аллакай гирду атрофро торикӣ фаро гирифта буд. Замистони қаҳратун буду сардии шабона соат ба соат шадидтар мешуд. Аскари маҷруҳ гаваккашон бо қувваи дастонаш ба пеш, ба сӯи аскарони шўравӣ хазида мерафт. Баъди 4-5 соати ба замин хазиданҳо ба гӯшаш лаҳни русӣ расид.Тамоми қувваашро ҷамъ карда,овоз баровард: “Ман аскари шўравиам, кумак расонед!”.
-Лаҳзае ба ҳуш омадам, як афсар ва хоҳари шафқат маро бо воситаи аробаи якаспа ба баталони санитарӣ мебурданд. Баъди гузашти якчанд рӯзи дигар аввал ба Харков ва баъдтар ба беморхонаи шаҳри Қазон интиқол ёфтам. Баъди гузаронидани якчанд амалиётҳои ҷарроҳӣ каме дар беморхона табобат гирифта, сипас, хизмати ҳарбиро дар полки 9-уми авиатсионии шаҳри Қазон идома додам,- мегӯяд Сафаралӣ Файзалиев.
Баъди анҷоми музаффаронаи Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ӯ ба Ватан баргашта, нахуст таҳсили шашмоҳаи назди вазорати адлияи ҷумҳуриро хатм карда,чанд сол ба ҳайси котиби суди ноҳияи Балҷувон фаъолият менамояд. Бо тақозои замон ба ноҳияи Восеъ кӯчида, дар хоҷагии боғу токпарварии собиқ ба номи Мичурин (ҳозира ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакӣ ) дар вазифаҳои гуногун софдилона кор карда, ҳамзамон, то соли 1990 раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ин ноҳия буд. Аз он ба баъд, бо ҳукми тақдир сокини шаҳри Бохтар гардид.
Сафаралӣ Бозоралиев дар кадом муассисаю ташкилоте, ки фаъолият намудааст, бо меҳнати ҳалолу софдилона, масъулияти баланд ва хислатҳои некаш барои дигарон намунаи ибрат буд. Ҳамин тавр, ин марди некном баъди ба нафақа баромадан, дар ҳалқаи фарзандону наберагон бохушиву хурсандӣ давлати пирӣ меронад. Ӯ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиштагӣ, тинҷиву амонӣ, осмони софу беғубор ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорад, ки иштирокчиёни Ҷанги Бузуги Ватанӣ таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат қарор доранд.
Ин марди диловар, ки дар арафаи ҷашни Ғалаба бар фашизми гитлерӣ ба синни 100- солагӣ мерасад, барои хизматҳои шоёнаш бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дараҷаи I ), медали “Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” (1941-1945) ва даҳҳо медалҳои ҷашнию ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.
Аъзам Бобоев, рӯзноманигор

Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД 13:21АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД 13:18Тоҷикистон – Ватанам 15:38РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД 14:39ХОҲАРОНИ КИТОБХОН 13:16ФОТЕҲИ ВАХШОНЗАМИН 13:10НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД