Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Спатифиллум – «бахти зан»
Спатифиллум аз юнонӣ маънои барг-рўйпўш ё чодар («лист-покрывало»)- ро дорад. Инчунин ин растаниро бо сабаби гули сафеди ба парус шабоҳат доштанаш «паруси сафед» низ ном мебаранд. Дар табиат зиёда аз 40 намуди он мерўяд, вале дар шароити хона танҳо чанд номгўи он парвариш карда мешавад.
Ин гул дар ҷойи соя беҳтар месабзад, аммо дар офтоб тез пажмурда шуда, хушк мешавад. Ин растанӣ баргҳои зиёд дорад, ки онҳо чангу токсинҳои ба монданди аммиак, бензол, трихлорэтил, ки аз болои таҷҳизоти лакккардашуда бухор мешаванд, ба худ кашида мегирад.
Спатифиллумро дар байни мардум «бахти зан» ном мебаранд ва чунин мешуморанд, ки он натанҳо хонаро зебу оро медиҳад, балки ба муносибати хонаводагӣ таъсири мусбат мерасонад. Ин гули хонагӣ ҳаворо аз чанг тоза карда, фенол ва дигар моддаҳои зарароварро ба худ ҷабида мегирад, барои дафтари корию ҳам хона мувофиқ аст.
Дар бораи ин гули зебо ақидае дар байни мардум роиҷ аст, ки спатифиллум ба бонувон барои ёфтани дарёфти бахт «кумак» мекунад. Ғарқи гул гаштани он нишонаи муҳаббати ҳамдигарӣ ва зиндагонии хуши хонавода аст. Бинобар ин гулро бештар ба бонувон ҳадя мекунанд.
Барои мизи корӣ ин растани интихоби беҳтарин аст, зеро он натанҳо ҳаворо тоза мекунад, балки афсурдаҳолиро бартараф менамояд.
Спатифиллумро чун дигар гулҳои хонагӣ нигоҳубин мекунанд. Вай намнокиро дўст медорад, аммо аз обёрии аз ҳад зиёд решааш мепўсад. Дар давраи тирамоҳу зимистон обро камтар додан даркор аст. Агар «бахти зан»-ро хуб нигоҳубин намоем, дар як сол ду маротиба гул мекунад. Давраи гулкунии ин растанӣ баъди зимистон шурўъ гардида, аз 1 моҳ то шаш моҳ идома меёбад. Спатифиллуми калон то 40 дона гул карданаш мумкин аст.
Ҳолатҳое, ҳам ҳаст, ки «бахти зан» гул намекунад. Сабаби он дар калон будани тубаки гул аст, зеро решааш бояд ҳаҷми тубакро пур кунад.
Ин растани рўшноии зиёду нурҳои офтобро бардошт карда наметавонад. Вай худро дар нимсоя ва ҷойи на он қадар равшан хубтар ҳис мекунад.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39



