Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ё Д И Ё Р И М Е Ҳ Р У Б О Н
Бо ҳамсари ниҳоят азизу меҳрубон, зани ҳалиму хоксору ботамкин, меҳмоннавозу кушодачеҳра зиндаёд Моҳира Саидова 36 сол зиндагии хушу хуррамона ва пурфайзу бобаракат доштем. Тӯли зиндагии ҳамҷоя соҳиби 4 фарзанд ва 8 набераи дўстрў гардидем. Ғаму шодии зиндагиро якҷоя пушти сар кардем, вале бо амри ақдир 16 – уми ноябри соли 2021 дар синни 58–солагӣ мо ўро аз даст додем. Реҳлати ҳамсари меҳрубон, ҳамдаму ҳамрози ҳаёт, зарбаи сахти тақдирро таҳаммул намуда, шукронаи Худованди бузург дорам, ки фарзандону наберагонро дар рўҳияи арзишҳои оиладорӣ меҳру муҳаббат ба ҳамдигар тарбия карда истодаам.Чӣ илоҷ пеши марг ҳама оҷизем. Синои бузург 57 – сол умр дид, дигар бузургони миллат аз ин ҳам каму чанд соле бештар зиста, оламро падруд гуфтанд. Зеро аз дасти бандагон ба ҷуз сабр чӣ ҳам меомад?...
Хотираҳо аз ёри меҳрубон хело зиёданд. Ҳусни зебо, нигоҳи шарарбор, чеҳраи нуронӣ, хандаи дилкаш муҳаббату самимияти ўро метавон фаромӯш кард? Дар водии Вахш мондани банда якумрӣ, бо ў оила барпо кардану тақдирро бо ҳам пайвастан хости Худованд будааст. Солҳои 80 – уми асри гузашта духтари истаравшанӣ бо бачаи кўлобӣ оила барпо кардан душвор буд. Монеаҳо зиёд буданд, мехостам аз ин водӣ ба Кўлоб ё Душанбе равам, вале ишқи духтари истаравшанӣ побандам карда буд. Рўзе ба дастам аз номи ў хатчае расид, ки дар он мисраъҳои зер сабт шуда буданд:
Агар ёдат кунам, дардам шавад зўр,
Фаромўшат кунам чашмам шавад кўр.
Ниҳоят баъди азму талошҳо моро фаҳмиданд, ба ишқи поки мо боварӣ ҳосил карданд. Ишқ пирўз гардиду бо дуои неки волидон оила барпо кардем.
Арзандатар аз ишқ ба олам гуҳаре нест,
Покиза бидораш, ки ба ҳастӣ сабаб ҳаст ин,
- панди шоир ҳамдилу ҳамнафаси ҳаётамон гардид.
Дар айёми шукуфтанҳои табиати гулбасар, сабзу хуррам, дар пешорўи Рўзи байналмилалии модарону хоҳарон ва бонувони азиз ёди ёри меҳрубон кардан бароям фоли нек аст, зеро дар ҳамин айём 21 – уми марти соли 1963 дар рўзи ҷашни Наврӯз ҳамсарам ба дунё омадаасту дар ҳамин рўзи муборак дар тантанаи наврўзии ноҳияи Коммунистӣ (Бохтар ва ҳоло Кўшониён) соли 1985 ақди никоҳи давлатӣ бастем, ки бароямон фаромўшнопазир буд. Ҳар сол 21 – уми март 36 сол боз зодрўзи ҳамсари меҳрубонамро дар ҳалқаи аҳли оила, хешону пайвандони наздик дар гирди дастархони наврўзӣ самимона ҷашн мегирифтем.
Ин бори нахуст дар ҳаёти мо рух медиҳад, ки ин баҳору дар ин айёми Наврўз ҷои ту холист, ҳамсари азизу меҳрубонам, кадбонуи хонадонам. Ту барои мо дар ин дунё ва дар он дунё фаришта будиву фаришта хоҳӣ монд. Ба ашъори шоири дўстдоштаам зиндаёд Лоиқ Шералӣ рӯ овардаму аз рўи муҳаббат ва самимият дар санги мазорат ин мисраъҳои шоирро ҳаккокӣ намудем:
Ту азбаски малак будӣ, дар ин дунё, дар он дунё,
Худо омурзгори ту, малоик низ ёри ту.
Саидзода Шералӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



