Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СЕМИНАРИ ИЛМИЮ АМАЛИИ КИШОВАРЗӢ БО ИШТИРОКИ МУОВИНИ САРВАЗИР
Рӯзи, 6 ноябр, дар хоҷагии зотпарварии «Ҳисор»-и Ҷамоати деҳоти “Ғалаба”-и ноҳияи Фархор, ки дар мавзеи Олимтой заминҳои кишткунанда дорад, семинари илмию амалии минтақавӣ дар мавзӯи «Кишти тирамоҳии ғалладонагӣ» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши омӯзишӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, муовини раиси вилояти Хатлон Умед Зоҳирзода ва вазири кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ ширкат варзиданд. Бино ба иттилои Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, пеш аз оғози семинар иштирокдорони ин чорабинӣ дар қисмати таҷрибавӣ аз технология ва тартиби истифодабарии нуриҳои минералӣ ва органикӣ, шудгор ва ва кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо дар хоҷагии зотпарварии «Ҳисор» шинос шуданд. Инчунин, дар доираи шиносоӣ намояндагони КВД «Тоҷикагролизинг» дар бораи техникаю технологияи муосир маълумот доданд.
Дар қисми назариявӣ бо сухани ифтитоҳӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир баромада, иқдоми Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дар бораи сари вақт ба кишти тирамоҳӣ оғоз бахшидан амали муҳим арзёбӣ кард. Муовини Сарвазир зикр намуд, ки аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, дар се баст кори мавсимиро ташкил бояд кард, зеро аз ин пас ҳавои мусоидро интизор шудан хеле мушкил мегардад. Аз ин рӯ, хоҷагиҳое, ки дар мавзеи Олимтой заминҳои кишткунанда доранд, бояд аз ҳар дақиқаю соати ҳавои мусоид истифода баранд.
Сипас, тибқи барнома вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Иззатулло Сатторӣ суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки мутахассисони вазорат якҷоя бо олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ дар интихоб ва истифодаи ғалладонагиҳо ва дигар зироатҳои ғалладонагӣ ба деҳқонон ва кишоварзони вилоятҳои мамлакат кумаки амалии худро расонида истодаанд. Танҳо аз маводҳои безарари истеҳсоли худӣ агар мо истифода барем, ҳосил беталаф ҷамъоварӣ карда мешавад.
Баъдан, тибқи барнома директори Институти зироаткории АИКТ, н.и.к. Саидзода Раҳмон дар мавзӯи «Аҳамияти кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонагӣ ва пешниҳоди тухмиҳо», Хоҷаев Шариф - директори Институти хокшиносии АИҶТ дар мавзӯи «Таснифи хокҳои минтақаи Олимтойи ноҳияи Данғара», Сафаров Маҳмадҷон - директори маркази илмии механиконии кишоварзӣ ва технологияи инноватсионии АИҶТ, Муминов Батир - муовини директори КВД «Тоҷикагролизинг» дар мавзӯи «Технологияи кишт бо техникаю технологияҳои муосир» маърӯза карданд.
Дар семинари мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Умед Зоҳирзода аз номи раиси вилояти Хатлон ҳозиринро хайрмақдам гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки имрӯз дар мавзеи Олимтой мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор барои кишти ғалладонагиҳо 3813 гектарро дар ихтиёр дорад. Дар ин мавсим фархориҳо уҳдадор шудаанд, ки 3000 гектари онро барои кишти тирамоҳӣ сари вақт тайёр менамоянд.

- Тибқи омори Сарраёсати кишоварзии вилоят, то ба имрӯз дар 20 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ ба анҷом расонида шудааст, - афзуд У. Зоҳирзода. - Деҳқонону кишоварзони вилоят ҳар рӯзи мусоидро истифода мебаранд ва мо боварии комил дорем, ки то моҳи декабр кишти тирамоҳиро пурра ба анҷом мерасонем.
Дар қисмати музокироти семинар аз тарафи муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода пешниҳод гардид, ки мутасаддиёни мавзеъҳои киштшаванда ба кори худ оғоз намоянд. Семинари илмию амалии минтақавӣ бо қабули резолютсия анҷом ёфт.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР 11:06МАҲБУБИ КӮДАКОН 10:482025 – СОЛИ ФАТҲИ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ ДАР ХАТЛОН 10:39ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026 10:29ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 10:34Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад 14:36ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД 14:11Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд 15:13
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026
БОХТАР. НАСБИ АРЧАИ СОЛИНАВӢ БО БАЛАНДИИ 24 МЕТР
«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР»
Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд
Ҷ. БАЛХӢ. 8 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ЁВОН. НАСБИ ГУЗАРГОҲИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР КӮДАКИСТОН
ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД
Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР
МАҲБУБИ КӮДАКОН