Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАР БОХТАР АЛОҚАИ 5G ФАЪОЛ ГАРДИД
Бо ибтикори ширкати мобилии ZET-MOBILE, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар насли нави алоқаи телефонии босифати 5G роҳандозӣ карда шуд.
Бо ин мақсад масъулини ширкати болозикр бо рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир карда, ин иқдоми бесобиқаро дар вилояти Хатлон муаррифӣ карданд.

Ба иттилои директори тиҷоратии ширкати мобилии ZET-MOBILE Фирдавс Масумов, алоқаи насли панҷум айни ҳол барои сокинони шаҳри Бохтар дастрас мебошад ва пайвастан ба он феълан дар шаҳр имконпазир аст.
Зикр шуд, ки суръати интиқолии алоқаи 5G 1,2 гигабайтро дар як сония ташкил карда, нисбат ба дигар насли алоқа суръати он 10 маротиба зиёд мебошад. Истифодабарандагони ин намуди алоқаи ҷадид метавонанд бе мамоният аз тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ бо суръати баланд истифода баранд ва ҳангоми гаштугузор сабтҳои видеоиро бидуни таваққуф тамошо кунанд.
Масъулин зикр карданд, ки шабакаи бесими насли ҷадиди 5G бо шарофати суръати баланди интиқоли маълумот дар рушди нақлиёти бесарнишин кумак хоҳад кард.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



