Бойгонӣ

ЧУН МУРАББӢ ШУД ПАДАР

Дар муҳаббат тифли ашкам гавҳари дил мешавад,

     Чун мураббӣ шуд падар, фарзанд қобил мешавад.

    Алиёри хурдсол ҳам аз кӯдакӣ аз падари деҳқонаш зиндаёд Бобомурод Раҳматов сабақи одаму одамгарӣ, дӯстдории обу хоки сарзамин, эҳтироми Ватанро гирифт, зеро падар мураббии асили фарзандон буд. Модари бузургвораш шодравон Уғулбӣ Шокирова дар замири фарзандон меҳру муҳаббат ба Ватан, забон, таъриху тамаддуни миллат, замини зарбахши диёр ва дигар хислатҳои ҳамидаро парваридааст. Натиҷаи тарбияи ин бонуи накурафтор буд, ки фарзандонаш дар зиндагӣ мақоми хоса ёфта, чун ҷавонони созандаи Ватан ба камол расиданд. Гӯшаеро ободу дилеро шод намуданд. Миёни онҳо зиндагиномаи Алиёр Боймуродов басо таъсирбахшу ибратомӯз аст.

Алиёр Боймуродов соли 1949 дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод (имрӯза Шамсиддин Шоҳин) дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Солҳои 1956 -1966 МТМУ ба номи Абулқосим Лоҳутии зодгоҳашро хатм кард. Соли 1970 аҳли оилаи онҳо аз деҳаи Саричашма ба ноҳияи Москва (ҳоло ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) кӯчида, дар ободонии ин гӯшаи диёр саҳми ниҳоят зиёд гузоштаанд. Алиёр соли 1970 техникуми ба номи Ленини ноҳияи Мастчоҳро хатм карда, дар идораи кишоварзии ноҳияи Москва ба ҳайси агроном ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизби вақт кор мекунад. Баъдан дар вазифаҳои сарагрономи идораи пиллахушккунии ноҳия, мудири нуқтаи пиллақабулкунӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2005 то 2017 чун сардори идораи пиллахушккунии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ифои вазифа намудааст. Айни ҳол ин вазифаро писараш Тағоймурод Боймуродов ба уҳда дорад. Тавре шоир фармудааст:


Мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз,

К–ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.


- Мутаассифона, имрӯз соҳаи кирмакпарварӣ дар сатҳи лозима рушд накарда истодааст. Замонҳои пеш пиллапарварони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соле беш аз сад тонна ашёи хоми саноатӣ - пиллаи хушсифат истеҳсол мекарданд, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо. - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд, ки ин саривақтӣ ва ба мақсад мувофиқ аст. Итминон дорам, ки ин иқдом дар рушди минбаъдаи соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.

Аҳли оилаи Алиёр Боймуродов аз сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ, гузаштан ба шаклҳои нави хоҷагидорӣ сипосгузор буда, худ дар 5,5 гектар замин хоҷагии деҳқонӣ таъсис додааст. Дар таҳдашти домани кӯҳи бузурги Хоҷамуъмин замини санглохи солҳои сол бекорхобидаро ба замини ҳосилхез, боғу бӯстони ҳақиқӣ табдил дода, имрӯз аз ин заминҳо ҳосили хуб ба даст меоранд.

Имрӯз дар қатори дарахтони боғот беда нашъунамои муътадил дорадки аз ин ҳисоб чорводориро рушд мебахшандАз қитъаҳои алоҳида бошадҳар сол ҳосили хуби ғалладонагиҳо ва сабзавот ба даст меорандСаҳмдорон азм дорандки замини санглохи шафати хоҷагиро гирифта, онро низ ҳосилхез гардонанд .

- Алиёр Боймуродов ҳамроҳи аҳли хонаводааш дар Ҷамоати деҳоти «Саричашма»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз масофаи 2 километру 200 метр хати оби нушокӣ гузаронида, сокинони зодгоҳашро бо оби софу зулол таъмин кард.Толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 -и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро пурра таъмир намуд,- қисса мекунад сармуҳаррири рӯзномаи „Зафар“- и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сайидамир Вализода.

Алиёр Боймуродов дар қатори дигар ҳамватанон дар корҳои ободонии кишвар саҳми худро гузошта истодааст. Ташкили нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, шустушӯи нақлиёт, нуқтаи таъмири нақлиёт, мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ аз иқдомҳои шоистаи ӯ дар ин ҷода мебошад.

- Дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор намуд, ки даст ба амалҳои созанда зада, дар ташкили ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сифати кору хизматрасонӣ саҳми худро гузошта бошем,- мегӯяд Алиёр Боймуродов.

Аз зиндагии якҷоя бо модари меҳрубон Амонбӣ соҳиби 9 фарзанд ва 45 нафар набера гардиданд. Фарзандони хонадон Ҷамшед Алиёрзода полковники милитсия, корманди Вазорати корҳои дохилӣ, Тағоймурод сардори идораи пиллахушккунии ноҳия, Илҳом соҳибкор, Давлатмурод корманди роҳи оҳани Тоҷикистон, Искандар омӯзгор, Исмоил корманди Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи шаҳри Душанбе, Гулбаҳор духтур, Мағфират соҳибкор ва Муборак бошад, ҳамшираи шафқат шуда софдилона ифои вазифа доранд.

- Хушбахтии ҳаёт аз тарбияи дурусти фарзандон сарчашма мегирад. Чун фарзандони оила соҳибкасбу соҳибҳунаранд мо волидон худро хушбахттарин инсони рӯи олам меҳисобем,- иброз медорад ҳамсари Алиёр бону Амонбӣ Алихонова.

Баъди зиёрати хонаи Худо нигоҳи ӯву ҳамсараш ба зиндагӣ дигар шуд. Дар шабу рӯзҳои зиёрати Каъба ҳам меҳру муҳаббаташон ба Ватани худ бештар гардид. Роҳбарияти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба нишони қадрдонӣ аз хизматҳои шоёнаш ин марди накуномро дар ҷашну чорабиниҳои ноҳиявӣ даъват менамояд. Тавре Фаттоҳ Самиев, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи раиси ноҳия иброз дошт, мардони шариф, инсонҳои покдилу покният, шахсиятҳои маҳбубу дидадаро ҳамеша воломақоманд. Аз ин нигоҳ, зиндагиномаи Алиёр Боймуродов сабақи пандомӯз ва роҳнамои хубест дар тарбияи насли ояндасози миллат.


Шералӣ САИД,

ноҳияи Ҳамадонӣ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019