Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Вақт довари ҳақ аст
Муҳимтарин ва қиматтарин неъмат дар зиндагӣ барои инсон вақт аст ва онро тавре бояд гузаронид, ки боиси хушбахтӣ ва саодати зиндагӣ гардад. Зеро вақт зудгузар асту ҳаргиз барнамегардад ва мисли оби равоне, ки ҷояшро ба чизе иваз намекунад, пас намегардад.Ба қавли Ҳофизи Шерозӣ:
Бар лаби об нишину гузари умр бубин,
Ин ишорат зи ҷаҳони гузарон моро бас.
Шиори ҳар яки мо бояд меҳнати ҳалолу
муҳайё сохтани рӯзгори шоиста, ташкили оила, ба дунё овардани фарзандон ва тарбияи дурусти онҳо бошад. Барои иљрои ин корҳои бузург мо бояд вақтро оқилона истфиода бурда, аз корҳои ношоистаю номатлуб дар канор бошем.
-Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки
зиндагӣ боз ҳам мушкилтар мешавад, бояд ҳамаи мо барои рӯзгори хушу гуворо ва осудаҳолона аз ҳар як лаҳзаи вақт самаранок истифода намоем,- мегӯяд Адолат Саидова сардори идораи Маркази алоқаи почтаи ноҳияи Қубодиён.
Мо кормандони почта ҳангоми иҷрои вазифаамон,
ки ба мардум сари вақт рӯзномаю
маҷаллаҳо, мактубҳо дастрас мекунему
ирсолпулӣ ва дигар хизматрасониҳоро ба
анҷом мерасонем, шоҳиди он мегардем, ки дар кӯчаю роҳаҳо гурӯҳ- гурӯҳ одамон вақти пурқимати худро беҳуда мегузаронанд. Ё худ иддае аз сокинон бештари вақти худро бо тамошои силсила филмҳои туркию ҳиндӣ сипарӣ менамоянд. Ин дар ҳолест, ки фарзандонашон ба таълиму тарбия ниёз доранд.
Вобаста ба мавзӯи самаранок истифода
бурдани вақт Эмомалӣ Каримов, корманди
маорифи ноҳияи Муъминобод иброз медорад,ки инсони оқил вақтро бояд ончунон истифода намояд, ки дар замони пиронсолӣ изҳори пушаймонӣ нанамояд, ки чаро чунин будаму чаро чунон не. Зеро ҳар як соати бар бодрафта дар оянда пушаймонӣ меорад. Биноан, дар баробари истифодаи оқилонаи вақт инсон бояд ҷиҳати пеш гирифтани иқдом ва ё барномаи тарҳрезӣ намудааш мулоҳизакор бошад, то мабодо нокомӣ
дар нақшаҳои пешбинӣ намудааш, қисмате аз вақти пурқимати ӯ зоеъ меравад.
Инсони солимфикр тибқи тафаккури ақлонии худ
реҷаи ҳаррӯзаи кории худро ҳамчун нақшаи
дурнамо таҳия ва барои амалӣ намудани он заҳмат мекашад. Бубинед, ки олимону адибон ва нобиғаҳои олам маҳз тавассути истифодаи самараноки вақт ихтироъњои бузург карда, ё асарҳои безавол офаридаанд. Бузургон фармудаанд, «Хушбахтист, агар вақт дар ихтиёр бошем,
ин бадбахтист» Мутаассифона, баъзе падару модароне ҳастанд, ки вақтро барои ҷамъоварии молу сарват сарф карда, тарбияи фарзандонро
фаромӯш мекунанд ва ин иштибоҳи худро
вақте ҳис мекунанд, ки аллакай дер шудааст:
Чуноне, ки Чиллахон Мусоев, сардори
бахши илм ва инноватсияи Коллеҷи тиббии давлатии шаҳри Бохтар иброз медорад, сарфи
вақти пурқимат барои корҳои бесуд бар
зарари инсон аст. Мавлоно Муҳаммад Шафеъ беҳуда гузаронидани вақтро ба ишора «гуноҳи белаззат» номидааст. Беҳтар мебуд,
агар барои гузаронидани рӯзгори шоистаю арзанда аз таҷрибаи судманди пешгузаштагон
базра бигирем. Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (С) фармудааст: «Хушбахт касест, ки саргузашти дигарон ибрат гирад».
Вақт воқеияти объективӣ ва барнагарданда аст. Он фақат аз гузашта ба ҳозира ва ҳозира
ба оянда руҷуъ менамояд. Баъзан мо аз гузаштани
вақт бехабар мемонем. Аммо ҳис намекунем, ки умри худи мо ҳам кам мешавад.
Дар ин маврид устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ
гуфтааст:
Ало, эй соҳибони вақт, вақти хеш дарёбед,
Шумо ҳоло ҷавону комрону шодмону
зиндаед охир. Оре, ҳар як шахс бояд умри хешро сарфи амалҳои неку шоиста намояд. Яъне китоб хонда, рӯзгорашро бо меҳнати ҳалол пеш барад, фарзандонро ҳамчун ворисони арзандаи ҷомеа
тарбия намояд.
Агар ҳаёти инсонро ба майдони озмоиш
нисбат диҳем, пас, ғолиб дар он нафарест, ки дар шебу фарози зиндагӣ муваффақ гардида, бо сифатҳои олии инсонӣ, меҳнати бурдборона ва истифодаи мақсадноку босамари вақт аз дигарон бартарӣ дошта бошад. Пас, барои муваффақ ва комёб шудан ба ҳаёти рангину осоишта маҳз бо меҳнати ҳалолу истифодаи пурмаҳсули вақт ба мақсад мерасад ва ин нуктаро дар рӯзгори хеш эҳсос хоҳад кард, ки аз умр пурсамар истифода кардан ду бор зистан аст. Ё тавре, ки Бедили бузург фармудааст:
Ман намегӯям зиён кун, ё ба фикри суд
бош,Эй, зи фурсат бехабар, дар ҳарчӣ ҳастӣ, зуд бош.
Аъзамҷони КОМРОН
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД


