Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
30 соли ҷаҳду талошҳо баҳри ободонию бунёдкорӣ
Соли ҷорӣ мардуми Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми тақдирсози миллатро бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифт. Ин санаи муҳиму таърихӣ саҳифаҳои наверо дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боз намуд. Наҷоти миллат ва давлати тоҷикон аз ҳамин Иҷлосия оғоз гардида, масъалаи ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, зарурати якҷоя намудани собиқ вилоятҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб маҳз дар ҳамин Иҷлосия матраҳ гардид. 2 –юми декабри соли 1992, таҳти рақами 755, Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси вилояти Хатлон” ба тасвиб расид. Бояд зикр намуд, ки қаблан бо фармони Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Шуравии сотсиалистии Тоҷикистон 8-уми сентябри соли 1988 собиқ вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа якҷоя карда шуда буд. Аммо қарори мазкур феврали соли 1990, дар арафаи пошхӯрии Иттиҳоди шуравӣ бекор карда шуд.
Дар он айёми ноором шаҳру деҳот ва инфрасохтори собиқ минтақаи Қӯрғонтеппа вайрону валангор ва шаҳру навоҳии вилояти Кӯлоб дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт. Бахусус собиқ вилояти Қӯрғонтеппа хисороти зиёд дида, хонаҳои аксарият сӯхта хокистар гашта, мардум ба ҳар тараф парешон шуданд. Бинобар ин, барои бартараф намудани оқибатҳои ҷанг, бунёду барқарор намудани мавзеъҳои ҷангзада ва муттаҳид сохтани мардум вилояти Хатлон таъсис дода шуда буд.
Ҳоло вилояти Хатлон яке аз калонтарин вилоятҳои кишвар маҳсуб ёфта, 4 шаҳр, 21 ноҳияи ҳудуди он 23 шаҳрак ва 132 ҷамоатро дар бар мегирад. Мардуми сарбаланди вилояти Хатлон тайи чанд даҳсола аст, ки шоҳиди таҳаввулоти азими созандагию бунёдкорӣ дар кишвар буда, бо сарфарозӣ аз соҳибистиқлолӣ корҳои азимро ба анҷом мерасонанд. Аз ҷумла, дар ин давра дар қаламрави вилояти Хатлон роҳу пулҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидоштаи Душанбе- Бохтар, нақбҳои Озодӣ ва Хатлон, пулҳо дар болои дарёи Панҷ, роҳи автомобилгарди Кӯлоб- Муъминобод, Восеъ- Ховалинг, Данғара- Кангурт – Балҷувон тибқи лоиҳа пурра бунёду навсозӣ шуда, инчунин, роҳи оҳани Ёвон- Бохтар – Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Боиси хушнудист, ки сокинони вилоят чун тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои бунёдкоронаву созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониро вусъати тоза бахшидаанд. Танҳо давоми се сол- 2019 – 2021 ҷиҳати истиқболи арзанда аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишвар, дар вилояти Хатлон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру навоҳӣ ва саҳми соҳибкорон 8 ҳазору 200 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, садҳо сокинон бо ҷойи корӣ таъмин гаштанд.
Мардуми ҳимматбаланди вилояти Хатлон ташаббусу иқдомҳои созандаро роҳандозӣ намуда, дар обод намудани ҳар як гӯшаи диёр саҳми муносиб мегузоранд. Дар доираи омодагиҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли кишвар дар вилоят бунёди 6 ҳазор иншооти гуногуни хизматрасонӣ ба нақша гиирфта шудааст. Хушоянд аст, ки дар ҳар қадам, дар ҳар гӯшаю канори вилоят, то дурдасттарин рустову мавзеъҳо навгонӣ ва тозакорӣ ба чашм мерасад.
«САФО»
Добавить комментарий
Ахбор
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН 15:07ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД 15:05ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ ВАҲДАТ 15:02ВАҲДАТ – ПИРӮЗИИ ХИРАД БАР ТАФРИҚА 14:57ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН 14:53ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:45
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД


