Бойгонӣ
14 фев 10:55Маориф / Мақолаҳо

БАРГУ СОЗИ МО КИТОБУ ЩИКМАТ АСТ

Китоб дар назди тоҷикон чунин қадру манзалате дорад, ки онро дар зери болини тифли навзод мегузоранд.   


Эмомалӣ Раҳмон

Агар ба таърихи тамаддуни мардуми ориёнажод, аз ҷумла тоҷикон назар афканем, мақому манзалати китоб дар сатҳи боло қарор дошт.

         Дар замони Сомониён барои рушду мақоми сухан ва китобдорӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда мешуд ва таълифи китобҳо бошад рӯ ба афзоиш ниҳода буд. Исботи ин гуфтаҳо мавҷуди китобҳои қадима ва осори гаронбаҳои бузургони назму  насри  тоҷик аст.  

Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки шахсони соҳибилм ва бомаърифат барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо, неруи тавонои зеҳнӣ ва кафили пешрафти ҷомеа мебошанд.

         Яке аз  ҳадафҳои асосии Пешвои миллат баланд  бардоштани сатҳи маънавию ахлоқии ҷомеа, бахусус ҷавонон буда, дар замири онҳо бедор сохтани ҳисси ҳикматдӯстӣ ва китобхонӣ, рӯ овардан ба  ашъори ниёгон аст. Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат ба рушди зеҳнии ҷавонон ва наврасон, тарбияи одобу ахлоқи инсонӣ, рушди забони модарӣ аст. Бояд гуфт, ки озмун саросари ҷумҳуриро фаро гирифта, далели рӯ овардани насли наврас ба асолати миллӣ, илму адаб ва фарҳангу адабиёти ҳазорсолаамон гардид. Ҷамъбасти озмун гувоҳи он буд, ки ҳастанд нафароне, ки воқеан ҳам китобхонанд, ҳатто як рӯзи худро бе мутолеаи китоб намегузаронанд.

Қаҳрамони ин озмун Бунёди Раҳнамо воқеан ҳам дилбохтаи китоб аст. Дар яке аз мусоҳибаҳояш иброз медорад, ки наврасон ба китоб бештар рӯ оваранд. Ҳар лаҳзае, ки ба омӯхтани китоб мегузаронанд, барабас намеравад ва рӯзе ба кор меояд. Ин суханони ӯ сатрҳои устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ба ёд меорад:


Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки  баҳри дафъи ҳаводис туро ба  кор ояд.


         Бунёди Раҳнамо тавоно аст. Китобхониву китобдони ӯро миёни ҳамсолон бузургу тавоно кардааст. Ин навниҳоли дарахти бузурги илму маърифат беҳтарин хонандаи китоб гардид, ки наврасони моро месазад аз ӯ ибрат бигиранд. Таҷрибаҳо ва мушоҳидаҳо исбот намуда, ки вақт барнагарданда аст. Ҳамчун омӯзгор ба наврасону ҷавонон гуфтаниам, ки бештар  ба китоб рӯ биёранд.

Овони наврасӣ ва ҷавонии худро ба беҳудагардӣ нагузаронида, китобро ҳамнишини хеш қарор диҳанд. Давраи ҷавонӣ аз ҳама гиру бори зиндагӣ орӣ буда, фурсати муносибест барои машғул шудан ба илму ҳунаромӯзӣ ва аз бар  намудани он.

Илм  дар  ҷавонӣ нақш дар  санг.

        Ба ҳамин минвол Низомии Ганҷавӣ дар яке аз шеърҳояш махсусан таъкид месозад:


Он   рӯз, ки ҳафтсола будӣ, чун гул ба  чаман ҳавола будӣ,

Акнун, ки ба чордаҳ  расидӣ,  чун сар ба  авҷ сарв кашидӣ.

Ғофил манишин на вақти бозист, вақти ҳунарасту сарфарозист,

Дониш талабу бузургӣ омӯз, то беҳ нигарад рӯзат аз рӯз. 

         

   Набояд фаромӯш сохт, ки бо аз бар намудани илму дониш инсон оилаи солим бунёд карда, ҳоҷати маънавӣ ва ҳам ғизои тану ҷони худро таъмин сохта, ба қуллаҳои мурод мерасад.


Зилқадамоҳ БОТУРОВА, Омӯзгори

фанни биологияи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019