Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МОЛИЯЧИЁН ДАР МАСЪУЛИЯТАШОН УСТУВОРАНД
Сарраёсати молия ва мақомоти он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ниҳоди калидӣ ба шумор рафта, кормандони он дар таҳия ва татбиқи буҷети давлатӣ, таъмини устувории молиявии соҳаҳои хоҷагии халқ ва назорати истифодаи дурусту мақсадноки маблағҳои мавҷуда нақши муассир доранд. Онҳо чун масъулони соҳа пайваста талош менамоянд, ки уҳдадориҳои касбиашонро саривақт иҷро намуда, ташкилоту муассиса ва сохторҳои давлатиро бо маблағ таъмин намоянд. Зеро муътадилии вазъи молиявӣ ва фаъолияти самараноку мунтазами соҳаҳои буҷетӣ аз кормандони ин ниҳоди муҳим вобастагии зиёд дорад. Сарраёсати молияи вилоят дар фаъолияти худ низоми иттилоотии идораи молияи давлатиро ба роҳ монда, бо истифодаи технологияи рақамӣ сареъият ва сифати корро беҳтар намудааст. Тавре, ки аз маълумотҳо бармеояд бо дарназардошти рушди иқтисодии вилоят иҷрои қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар 11 моҳи соли 2022 аз рӯи контингенти умумӣ ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 103 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 1509,6 миллион сомонии нақшаи пешбинишуда, 1557,5 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ва сифатнокии намудҳои андоз дар давраи сипаригашта пурра таъмин гардида, кор дар ин самт ҳамеша бомасъулиятона анҷом дода мешавад.
Дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ бо назардошти хароҷоти дохилӣ 107 фоиз таъмин карда шуда, ҳаҷми воридоти ин маблағҳо ба 417,0 миллион сомонӣ баробар мебошад, ки дар қиёс ба дурнамои пешбинишуда 26,4 миллион сомонӣ зиёд аст.
Хароҷоти маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷет роҳандозӣ гардида, ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо дар давраи ҳисоботӣ қариб 100 фоизро ташкил медиҳад. Тазаккур бояд дод, ки 87,6 фоизи маблағҳои буҷа дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардида, ки ин аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат нисбат ба некуаҳволии халқ дарак медиҳад. Тавре дар суҳбат кормандони Сарраёсати молияи вилоят иброз доштанд, онҳо ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки пеш аз ҳама музди маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳоро пардохт намуда, пеши роҳи қарздориро дар ин самт гиранд.
Ҳамчунин роҳбарияти мақомоти молия дар баробари ба роҳ мондани фаъолияти самарабахш, ҳамчунин, ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин аст, ки дар доираи тадбирҳои бунёдкории ҷашнӣ бинои Сарраёсат пурра таъмиру тармим ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуда, барои кормандон шароити мусоид фароҳам гардидааст.
Тибқи иттилоъ имсол бинои маъмурии Раёсати молияи ноҳияи Фархор бунёд шуда, айни ҳол сохтмони бинои кории замонавӣ дар шаҳри Левакант идома дорад. Ҳамчунин дар давоми соли сипаригардида иддае аз раёсату идораҳои молия дар шаҳру навоҳии вилоят аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Аз ҷумла Раёсати молияи шаҳри Бохтар ва ноҳияи Дӯстӣ пурра таъмир гардида, барои фаъолияти натиҷабахши кормандон шароити созгор муҳайё гардидааст.
“САФО”
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД


