Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МАЪРИФАТПАРВАРЕ АЗ ХУРОСОН
-Занони пешоҳанг-
Дар тарбияи маънавию маърифатнокии наслҳои ояндаи як хонаводаи суннатӣ зан-модар ва кадбонуи соҳибмаърифат нақши ниҳоят бузург дорад. Достону сарнавиштҳои гуногуни шахсиятҳои обрӯманду соҳибмаърифати ҷомеа далели ин гуфтаҳост. Раҷабгул Каримова дар муҳити хонаводае ба воя расидааст, ки сарваронаш умре дар масири таълиму саводнокии мардуми диёри хеш, бахусус, занону духтарони деҳотӣ ҷидду ҷаҳд мекарданд. Бахусус, модараш Сангинҷон Каримова аз занони пешоҳанги даврони худ буд, ки солиёни зиёд ба ҳайси раиси Шӯрои занони собиқ ноҳияи Даҳанакиик фаъолият бинмудааст. Дар хотироти Раҷабгул модар ҳамчун бонуи муборизи сохти нави зиндагӣ, шахсияти ҷасуру кордон ва дардошнои мардум боқӣ мондааст. Талошҳои вай ҷиҳати иҷрои супоришҳои ҳукумати вақт баҳри маърифатнокии занону бонувони ноҳия Раҷабгули хурдакакро ба идомаи таҳсил ва гирифтани маълумоти олӣ таҳрик медод, ки бо баҳои аъло таҳсил намояд, то модари «раисааш» аз ӯ ифтихор дошта бошад.
Падараш иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 буд. Вай дар оилае тарбия ёфтааст, ки волидон на танҳо ибрати ҳамдеҳагон, балки берун аз он иззатманду номдор буданд. Дар чунин муҳити солиму саъю талошҳо ба воя расидани ӯ дар камолоти минбаъдаи Раҷабгул нақши муҳим бозид. Падару модар барояш таҷассуми ватандӯстию меҳанпарастӣ, ростию накукорӣ, шоистаи ибрати дигарон буданд.
Бо дуои падару модар Раҷабгул донишҷӯи яке аз донишгоҳи бонуфузтарини мамлакат, имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид. Дар шуъбаи ғоибонаи таърих ва ҳуқуқ таҳсил намуда, ҳамзамон ба китобхонаи марказии ноҳия ба кор даромад. Боре ба китобхона раиси Ҷамоати деҳоти «Обикиик» омада, чанд номгӯи китобҳоро гирифт. Раљабгул китобҳоро ба қайд гирифта, аз раис хоҳиш намуд, ки имзо гузорад. Раиси ҷамоат ба ҳусни хати духтараки навкор назар андухта, ҳусни хати зебо ва бе хатоиҳои имлоӣ будани ҳуҷҷатҳои китобдор диққати ӯро ба худ ҷалб намуд. Ҳамин тавр, ба Раҷабгул пешниҳод намуд, ки фаъолиятро дар идораи ҷамоат идома диҳад. Аз субҳи дигар вай ба ҳайси коргузори Ҷамоати деҳоти «Обикиик» ба фаъолият пардохт, ки ба гуфти ӯ маҳз аз ин зина таҷрибаи зиёд андухтааст.
Соли 1983 барои Раҷабгул аз давраҳои хотирмони ҳаёт ба шумор меравад, зеро дар ин сол донишгоҳро хатм намуда, ҳамзамон оиладор мешавад. Дар ҳамон сол ӯро мудири САҲШ-и ноҳия таъйин намуданд. Раҷабгул Каримова дар ин вазифа 23 сол бенуқсону сарбаландона фаъолият намуд. Солҳои баъдӣ дар вазифаҳои масъули давлатӣ ва њизбї корро идома дода, ҳамчун фидоӣ вазифаҳои бар дўш доштаашро сарбаландонаву содиқона иҷро намудааст.
Шавқу мароқи беандоза ба мутолиаи китобҳои бадеӣ аз хурдӣ дар қалби Раҷабгул маъво гирифта буд. Бо эҳсосот хондани шоира Гулчеҳра Сулаймоноваро дар оинаи нилгун дида, мехост инчунин шеърхонӣ кунад ва ҳамеша машқи шеър мекард. Дар идомаи суҳбат ӯ чанд мисраъ шеърро қироат мекунад:
Як нафас имкони ман бе Тоҷикистон нест, нест,
Дар тани ман ҷони ман бе Тоҷикистон нест, нест.
Тоҷикистон номи ман, парварда шираш коми ман,
Ҳам намак, ҳам нони ман бе Тоҷикистон нест, нест.
Гоҳо фориғ аз кору рӯзгор шеъру таронаҳое дар васфи диёру Тоҷикистон, баҳору модар эҷод менамояд:
Андар назарам нигин бошад Ватанам,
Монанд ба ангубин бошад Ватанам.
Ҳоло ҳам ин дилбохтагӣ ба шеъру адаб дар ӯ эҳсос мешавад, ки соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯѓи субҳи доноӣ китоб аст» (даври ноҳиявӣ ва вилоятӣ) дар номинатсияи «Адабиёти бачагона» иштирок намуд. Барои иштироки фаъолона дар ин озмун Раҷабгул Каримова аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушарраф гардид.
Раҷабгул дар ҳаммуаллифӣ бо ҳамсараш Искандар Бобоев китобҳои «Аз Хуросон то Берлин», «Чароғи маърифат», «Марди сарбаланд», «Фидокорони Ватан» ва «Ғозималик- диёри одамони сарбаланд»-ро (бо ҳаммуаллифии Н. Абдуллоев) таълиф намудааст, ки аз ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамонони ҶБВ ва ақибгоҳи ноҳия ва шахсиятҳои номдори ноњияи Хуросон нақл мекунад.
Айни замон Р. Каримова дар МТМУ №8-и Ҷамоати деҳоти «Ғаллаобод»-и ноҳияи Хуросон аз фанни таърих ва ҳуқуқ дарс мегӯяд. Мекӯшад, ки дар замири шогирдонаш ҳисси ватандӯстию хештаншиносиро бедор намояд, то ин ки шогирдонаш аз таърих ва фарзандони содиқи Ватан ба хубӣ огаҳӣ дошта бошанд. Зеро гиромидошти арзишҳои миллӣ аз донистани таърих маншаъ мегирад.
Раҷабгулу ҳамсараш омӯзгоранд. Фарзандони хонадон- Миҷгонаву Аловуддину Шаҳбоз соҳиби маълумоти олианд. Писари хурдӣ –Бузургмеҳр хизмати харбиро адо намуда, ба хона баргашт, ки хушнудии волидонро бештар намуд. Тавре муаллима қисса мекунад, дар суҳбати ҳамсоягон ҳама аз дороӣ, молу сарват ҳарф зананд, ӯ ифтихормандона мегӯяд, ки писараш сарбаландона марзу буми Ватанро ҳимоя намудааст. Ин барояш ифтихори бузург аст, зеро ӯ дар муҳите ба воя расидааст, ки Модар-Ватан вожаҳои муқаддасу аввалиндараҷаанд!
Манзили зисти Раҷабгул Каримова хоксорона, вале пур аз шодию сурур, пур аз ганҷи маонист. Ин ҷо суҳбат аз донишу маърифат, Ватану ватандӯстист, шеъру ѓазал, ҳикояву латифа аст. Ин даргоҳ маскани саодату меҳру муҳаббат аст. Ин ҷо оромишу сомону ваҳдат аст. Ҳамдигарфаҳмию муросо бақои хонадон буда, эшон аз рӯзию рӯзгори хеш меболанду аз шебу фароз наменоланд…
САФО
Дар тарбияи маънавию маърифатнокии наслҳои ояндаи як хонаводаи суннатӣ зан-модар ва кадбонуи соҳибмаърифат нақши ниҳоят бузург дорад. Достону сарнавиштҳои гуногуни шахсиятҳои обрӯманду соҳибмаърифати ҷомеа далели ин гуфтаҳост. Раҷабгул Каримова дар муҳити хонаводае ба воя расидааст, ки сарваронаш умре дар масири таълиму саводнокии мардуми диёри хеш, бахусус, занону духтарони деҳотӣ ҷидду ҷаҳд мекарданд. Бахусус, модараш Сангинҷон Каримова аз занони пешоҳанги даврони худ буд, ки солиёни зиёд ба ҳайси раиси Шӯрои занони собиқ ноҳияи Даҳанакиик фаъолият бинмудааст. Дар хотироти Раҷабгул модар ҳамчун бонуи муборизи сохти нави зиндагӣ, шахсияти ҷасуру кордон ва дардошнои мардум боқӣ мондааст. Талошҳои вай ҷиҳати иҷрои супоришҳои ҳукумати вақт баҳри маърифатнокии занону бонувони ноҳия Раҷабгули хурдакакро ба идомаи таҳсил ва гирифтани маълумоти олӣ таҳрик медод, ки бо баҳои аъло таҳсил намояд, то модари «раисааш» аз ӯ ифтихор дошта бошад. Падараш иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 буд. Вай дар оилае тарбия ёфтааст, ки волидон на танҳо ибрати ҳамдеҳагон, балки берун аз он иззатманду номдор буданд. Дар чунин муҳити солиму саъю талошҳо ба воя расидани ӯ дар камолоти минбаъдаи Раҷабгул нақши муҳим бозид. Падару модар барояш таҷассуми ватандӯстию меҳанпарастӣ, ростию накукорӣ, шоистаи ибрати дигарон буданд.
Бо дуои падару модар Раҷабгул донишҷӯи яке аз донишгоҳи бонуфузтарини мамлакат, имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид. Дар шуъбаи ғоибонаи таърих ва ҳуқуқ таҳсил намуда, ҳамзамон ба китобхонаи марказии ноҳия ба кор даромад. Боре ба китобхона раиси Ҷамоати деҳоти «Обикиик» омада, чанд номгӯи китобҳоро гирифт. Раљабгул китобҳоро ба қайд гирифта, аз раис хоҳиш намуд, ки имзо гузорад. Раиси ҷамоат ба ҳусни хати духтараки навкор назар андухта, ҳусни хати зебо ва бе хатоиҳои имлоӣ будани ҳуҷҷатҳои китобдор диққати ӯро ба худ ҷалб намуд. Ҳамин тавр, ба Раҷабгул пешниҳод намуд, ки фаъолиятро дар идораи ҷамоат идома диҳад. Аз субҳи дигар вай ба ҳайси коргузори Ҷамоати деҳоти «Обикиик» ба фаъолият пардохт, ки ба гуфти ӯ маҳз аз ин зина таҷрибаи зиёд андухтааст.
Соли 1983 барои Раҷабгул аз давраҳои хотирмони ҳаёт ба шумор меравад, зеро дар ин сол донишгоҳро хатм намуда, ҳамзамон оиладор мешавад. Дар ҳамон сол ӯро мудири САҲШ-и ноҳия таъйин намуданд. Раҷабгул Каримова дар ин вазифа 23 сол бенуқсону сарбаландона фаъолият намуд. Солҳои баъдӣ дар вазифаҳои масъули давлатӣ ва њизбї корро идома дода, ҳамчун фидоӣ вазифаҳои бар дўш доштаашро сарбаландонаву содиқона иҷро намудааст.
Шавқу мароқи беандоза ба мутолиаи китобҳои бадеӣ аз хурдӣ дар қалби Раҷабгул маъво гирифта буд. Бо эҳсосот хондани шоира Гулчеҳра Сулаймоноваро дар оинаи нилгун дида, мехост инчунин шеърхонӣ кунад ва ҳамеша машқи шеър мекард. Дар идомаи суҳбат ӯ чанд мисраъ шеърро қироат мекунад:
Як нафас имкони ман бе Тоҷикистон нест, нест,
Дар тани ман ҷони ман бе Тоҷикистон нест, нест.
Тоҷикистон номи ман, парварда шираш коми ман,
Ҳам намак, ҳам нони ман бе Тоҷикистон нест, нест.
Гоҳо фориғ аз кору рӯзгор шеъру таронаҳое дар васфи диёру Тоҷикистон, баҳору модар эҷод менамояд:
Андар назарам нигин бошад Ватанам,
Монанд ба ангубин бошад Ватанам.
Ҳоло ҳам ин дилбохтагӣ ба шеъру адаб дар ӯ эҳсос мешавад, ки соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯѓи субҳи доноӣ китоб аст» (даври ноҳиявӣ ва вилоятӣ) дар номинатсияи «Адабиёти бачагона» иштирок намуд. Барои иштироки фаъолона дар ин озмун Раҷабгул Каримова аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушарраф гардид.
Раҷабгул дар ҳаммуаллифӣ бо ҳамсараш Искандар Бобоев китобҳои «Аз Хуросон то Берлин», «Чароғи маърифат», «Марди сарбаланд», «Фидокорони Ватан» ва «Ғозималик- диёри одамони сарбаланд»-ро (бо ҳаммуаллифии Н. Абдуллоев) таълиф намудааст, ки аз ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамонони ҶБВ ва ақибгоҳи ноҳия ва шахсиятҳои номдори ноњияи Хуросон нақл мекунад.
Айни замон Р. Каримова дар МТМУ №8-и Ҷамоати деҳоти «Ғаллаобод»-и ноҳияи Хуросон аз фанни таърих ва ҳуқуқ дарс мегӯяд. Мекӯшад, ки дар замири шогирдонаш ҳисси ватандӯстию хештаншиносиро бедор намояд, то ин ки шогирдонаш аз таърих ва фарзандони содиқи Ватан ба хубӣ огаҳӣ дошта бошанд. Зеро гиромидошти арзишҳои миллӣ аз донистани таърих маншаъ мегирад.
Раҷабгулу ҳамсараш омӯзгоранд. Фарзандони хонадон- Миҷгонаву Аловуддину Шаҳбоз соҳиби маълумоти олианд. Писари хурдӣ –Бузургмеҳр хизмати харбиро адо намуда, ба хона баргашт, ки хушнудии волидонро бештар намуд. Тавре муаллима қисса мекунад, дар суҳбати ҳамсоягон ҳама аз дороӣ, молу сарват ҳарф зананд, ӯ ифтихормандона мегӯяд, ки писараш сарбаландона марзу буми Ватанро ҳимоя намудааст. Ин барояш ифтихори бузург аст, зеро ӯ дар муҳите ба воя расидааст, ки Модар-Ватан вожаҳои муқаддасу аввалиндараҷаанд!
Манзили зисти Раҷабгул Каримова хоксорона, вале пур аз шодию сурур, пур аз ганҷи маонист. Ин ҷо суҳбат аз донишу маърифат, Ватану ватандӯстист, шеъру ѓазал, ҳикояву латифа аст. Ин даргоҳ маскани саодату меҳру муҳаббат аст. Ин ҷо оромишу сомону ваҳдат аст. Ҳамдигарфаҳмию муросо бақои хонадон буда, эшон аз рӯзию рӯзгори хеш меболанду аз шебу фароз наменоланд…
САФО
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР


