Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа - Бохтар, роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизил-қалъа Бохтар, идомаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар”, ки 9,2 километрро ташкил медиҳад, шинос шуданд.
Шоҳроҳи мазкур дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бахусус раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардида, дар навбати аввал бештар аз 75 км роҳ, шуруъ аз шаҳри Душанбе то пули дарёи Вахш, воқеъ дар ноҳияи Хуросон таҷдиду навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Анҷоми тадбирҳои роҳсозӣ дар марҳилаи якум ва дуюм хеле хуб ба мушоҳида расида, сокинони вилояти Хатлон ва дигар меҳмонони тавассути ин роҳ сафаркунанда истифода ва баҳрабардорӣ карда истодаанд.
Акнун дар марҳилаи навбатӣ бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар, роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар” бо дарназардошти васеъкунии роҳ дар чор хати ҳаракат дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор мегирад.
Дар сохтмони роҳи мазкур фармоишгари татбиқи лоиҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “СИ ТИ АЙ” ва пудратчӣ ширкати “ДАЙ НИППОН”-и кишвари Ҷопон корҳои босифати сохтмониро ба анҷом расонида истодаанд.
Муҳлати татбиқи лоиҳаи мазкур бештар аз 22 моҳро ташкил медиҳад. Сохтмончиён бо имкониятҳои хуби маблағгузорӣ дар доираи амалишавии лоиҳаи мазкур, махсусан ёддошти тафоҳум ва созишномаҳои грантӣ бо маблағи умумии 3 миллиарду 349 миллион ени японӣ (тақрибан 31 миллиону 829 ҳазор доллари амрикоӣ) бунёди роҳро ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор хоҳанд дод.
Тавре иттилоъ доданд, паҳноии роҳ аз 24 то 26,5 метрро дар бар мегирад. Аз рӯйи тарҳи бунёди роҳ дар таҷдиду азнавсозии ин самти ҳаракат якчанд пул, гузаргоҳу роҳравҳои алоҳида барои пиёдагардон, хобондани қубурҳои қутрашон гуногун ба анҷом расонида мешавад.
Аз рӯйи иттилои мутахассисони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ бо маблағҳои пешбинишуда ҷараён гирифта, анҷоми корҳои бунёдӣ тибқи шартнома дар мӯҳлати муайян ба иҷро расонида мешавад.
Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди чунин роҳҳои хушсохту замонавӣ, ин беҳтар гардонидани хизматрасонии нақлиёт, интиқоли молу маҳсулоти гуногун аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пойтахти мамлакат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар давраи сохтмон, беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мешавад.
Дар ҷараёни амалишавии лоиҳаи бунёди роҳ садҳо нафар сокинони вилояти Хатлон бо шуғл фаро гирифта шуда, бо маоши баланд ҳавасманд гардонида мешаванд.
Дар таҷдиду бунёди роҳи мазкур 19 нафар мутахассисони хориҷӣ ва 379 нафар мутахассисони маҳаллӣ фаъолияти пурсамар карда истодаанд, ки ин 95 фоиз аз шумораи умумии кормандон аст.
Барои сифатнок ва дар муҳлати муайян ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ 83 техника ва механизмҳои пуриқтидори сохтмонӣ ҷалб карда шудаст, ки аз ин шумора 32 воситаи нақлиётро мошинҳои калони борбардор, 6 экскватор ва дигар техникаҳои роҳсозӣ истифода мегардад.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, айни замон корҳои сохтмони роҳ хуб ҷараён дошта, аз рӯйи маълумоти мутахассисон 172 ҳазору 375 метри мураббаъ қабати поёнии якуми роҳ, 111ҳазор метри мураббаъ қабати поёнии дуюм ба анҷом расонида шуда, 87 ҳазор метри мураббаъ қисмати болоӣ асфалт ва 83 ҳазор метри мураббаъ қабати дуюм низ асфалт гирифта шудааст.
Дар ду канори роҳ новаҳои обпарто, 18 адад қубурҳои обгузар гузошта шуда, корҳои равшаннамоӣ дар 6 қитъа бо дарозии 1,4 км ба анҷом расонида шудааст.
Айни замон тибқи лоиҳаи сохтмонӣ пулҳои рақами 15 ва 16 ба охир расида, барои истифодабарӣ омода карда шудааст.
Аз рӯйи маълумоти ниҳоӣ корҳои сохтмонӣ дар масири мазкур то охири моҳи майи соли ҷорӣ пурра ба анҷом расонида мешавад.
Аз рӯйи таъкиди Пешвои муаззами миллат корҳои сохтмонӣ дар роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ бояд бо сатҳу сифати аъло ба итмом расида, садсолаҳо барои сокинон ва меҳмонон хизмат расонад.
Масири мазкур аз 4 хатти ҳаракат, ҳар кадоме иборат аз 3,5 метр ба ду самт бо пойдеворҳои бетонӣ қисмат карда шудааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз корҳои анҷомёфта ба меҳнату заҳмати мутахассисону коргарон баҳои баланд доданд.
Дар масофаи қитъаи Қизил-қалъа - Кӯшониён - Бохтар, ки 9,2км-ро дар бар мегирад, 2 пул, 8 истгоҳ, 16 қубури обгузар, 18 ҳазор метри мураббаъ роҳи пиёдагард ва гузоштани аломатҳои ишоравии ҳаракати роҳ дар қитъаҳои гуногуни он ба иҷро расонида мешавад.
Дар вусъати корҳои созандагӣ мутахассисони тоҷик дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кишвари Ҷопон меҳнати босамар карда истодаанд.
Бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиёи марказиро бештар намуда, Тоҷикистонро бо кишварҳои минтақа ва бандарҳои баҳрӣ пайваст мекунад.
Ин шоҳроҳ василаи хуб дар ҳамлу нақли молу маҳсулоти гуногун мегардад.
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ
120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони беморхонаи Кӯлоб барқарор карда шуд