Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба муносибати иди саиди Фитр
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фаро расидани иди саиди Фитр самимона табрику таҳният мегӯям.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ имкониятҳои бузургро фароҳам овард, ки арзишҳои маънавию динӣ ва мазҳабии мо боз ҳам такомул ёфта, шаҳрвандон бидуни монеа фаризаҳои динии худро амалӣ гардонанд.
Мардуми сарбаланди кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни умумимилиамон 35 солагии истиқлоли давлатӣ якдилона омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.
Моҳи шарифи Рамазон ҳамеша як фурсати хеле хуб аст то ба арзишҳои ҷовидонаи башарӣ ба мисли некӣ, дӯстӣ, шафқат ва муҳаббат эҳтироми фарогир биандешем.
Таълимоти дини мубини ислом доир ба рӯза ва рӯзадорӣ аз Қуръони маҷид, ки аввалин оятҳои мубораки он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон нозил шудаанд, сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, мусулмонон иди саиди Фитрро бо риёзати ҷисму руҳ ва ба ҷо овардани фаризаҳои ин моҳи шариф бо хуррамиву хурсандӣ, покиву озодагӣ, эътиқоду боварӣ, имондориву тақво ва порсоиву парҳезкорӣ истиқбол менамоянд.
Яке аз суннатҳои рӯза тарбия намудани эҳсоси ҳамдардӣ ба муҳтоҷону мустамандон ва кӯмаку дастгирии онҳо на фақат дар моҳи шарифи Рамазон, балки дар тамоми моҳу айём мебошад.
Дар яке аз ҳадисҳои Расули акрам (с) омадааст: «Ҳеҷ гоҳ аз корҳои нек дурӣ наҷӯед. Ба ободӣ ва ислоҳи дунё кӯшишу ғайрат намоед». Дар асоси таълимоти дини мубини ислом, дар моҳи шарифи Рамазон додани садақаҳо, закот ва фитри рӯза ба нафарони эҳтиёҷманд, ятимон, маъюбон аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ба ҳисоб меравад.
Воқеан, моҳи шарифи Рамазон барои мусулмонон айёми накӯкорӣ, хайру эҳсон ва ба ҷо овардани корҳои савоб буда, яке аз фазилатҳои дигари иди саиди Фитр додани фитри рӯза мебошад, ки ба ин маънӣ, Худованди таъоло дар Қуръони карим мефармояд: «Садақот барои фақирон асту мискинон... Ва низ барои ба даст овардани дили рақибон ва озод кардани бандагону қарздорон ва нафақа дар роҳи Худо ва мусофирони ниёзманд ва он фаризаест аз ҷониби Худо». Пардохти фитри рӯза дар моҳи мубораки Рамазон воҷиб дониста шуда, бозкунандаи дарҳои савоб ва афзояндаи баракати умр мебошад.
Пешвои муаззами миллат дар паёми шодбошиашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид доштанд: «Имсол моҳи шарифи Рамазон ба давраи саршавии мавсими кишту кори баҳорӣ рост омад. Мо бояд аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ самаранок истифода бурда, корҳои кишоварзиро вусъат бахшем».
Дарвоқеъ, агар мо аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ самаранок ва оқилона истифода набарем, бо дарназардошти солҳои мураккабу вазнин ва ҳатто хатарзо пешгӯйӣ гардидани солҳои 2023-2024, корҳои фаҳмондадиҳиро бобати сарфаю сариштакорӣ ҷоннок нанамоем, бо мақсади таъмини озуқаворӣ ба истифодаи самараноку оқилонаи обу замин, боз ҳам баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба натиҷаҳои назаррас ва дилхоҳ ноил шуда наметавонем.
Аз ин рӯ, муъминон дар баробари ибодату тақво бояд доим ба иҷрои корҳои хайру савоб майл дошта бошанд, ботини худро ҳамеша аз кинаву ғурур пок нигоҳ доранд, чунки инсон танҳо бо ҳамин роҳ метавонад ба мағфирати Худованд сазовор гардад.
Дар ҳадиси Расули акрам (с) омадааст: «Аввал чизе, ки Худои таолло дар тарозуи амал мениҳад, ахлоқи нек ва саховат аст». Таълимоти дини мубини ислом саршор аз ғояҳои башардӯстиву инсонпарварӣ, аз ҷумла ҳусни муошират бо аҳли хонадон, самимияту муҳаббат ба наздикону хешу таборон, муомилаи ҳасана бо ҳамсоягон, аҳди бародариву мурувват бо дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморону барҷомондагон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону бечорагон ва поси хотири гузаштагон мебошад.
Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Хатлонзамин чун дар ин рӯзи хуҷаста суннатҳои волои инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некноми худро ҳамеша дар ёд дошта, барои сулҳу суботи ҷовидона, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву тараққиёти кишвари азизамон ва оромию осоиши ҳар як хонадон саъю талош мекунанд.
Дар арафаи иди саиди Фитр масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон, имомхатибон ва дигар қишрҳои ҷомеа бояд садақаи фитрро ба таври муташаккилона ҷамъоварӣ намуда, ба нафарони эҳтиёҷманд, аз ҷумла ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоату дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар намуди маводи ғизоӣ, асбобу анҷоми рӯзгор, таъмири хонаҳо ва дигар эҳтиёҷоти онҳо кӯмак расонанд.
Бори дигар, тамоми сокинони вилоятро бо фарорасии иди саиди Фитр аз самими қалб муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо тани сиҳат, хушбахтиву некрӯзӣ, рӯзгори босаодат ва дастархони пурфайзу бобаракат орзумандам.
Добавить комментарий
Ахбор
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР 11:06МАҲБУБИ КӮДАКОН 10:482025 – СОЛИ ФАТҲИ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ ДАР ХАТЛОН 10:39ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026 10:29ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 10:34Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад 14:36ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД 14:11Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд 15:13
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026
БОХТАР. НАСБИ АРЧАИ СОЛИНАВӢ БО БАЛАНДИИ 24 МЕТР
«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР»
Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд
Ҷ. БАЛХӢ. 8 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ЁВОН. НАСБИ ГУЗАРГОҲИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР КӮДАКИСТОН
ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД
Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад
МАҲБУБИ КӮДАКОН
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР



