Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТ БА ХОНАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ НОҲИЯ ВАХШ ТУҲФАҲОИ ИДОНА БУРД
Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш ташриф оварда, туҳфаҳои идона ва кумакҳои яквақтаинаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро ба тарбиятгирандагони ин муассиса расонид.
Туҳфаҳои идона аз китоб, сару либоси варзишӣ, пойафзол ва шириниҳо иборат буда, ҳамзамон барои тарбиятгирандагони муассисаи мазкур дастархони идона ороста шуд, ки боиси боз ҳам хушҳоливу рӯҳбаландии онҳо гардид.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид сараввал дар саҳни бино аз дастовард, ҳунару истеъдодҳои хонандагони ин муассиса дидан намуда, ба ҳунару истеъдодҳои онҳо баҳои баланд дод. Сипас, бо хонандагони ин даргоҳи маърифат мулоқот анҷом намуда, иброз доштанд, ки таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри фароҳам оврадани шароити мусоиди таҳсил ва кору рӯзгори тамоми қишрҳои ниёзманди ҷомеъа тадбирҳои зарури андешида мешавад.
Тибқи иттилоъ дар Муассиса - интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш айни замон 270 нафар кӯдакону наврасони ятими кул, нимятим ва аз оилаҳои ниёзманд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки дар он барои будубош, таҳсил ва истироҳату фароғати тарбиятгирандагони муассисаи шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Таъкид гардид, ки баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат тамоми ҷабҳаҳои ҳайёти мардум рушду густариш ёфта, барои сокинон шароити арзандаи рӯзгор фароҳам оварда шудааст.
Бахусус дар қатори масъалаҳои дигар, тавваҷуҳу ғамхориҳои пайваста нисбати ятимону бепарасторон, эҳиёчмандону оилаҳои ниёзманд дар меҳвари асосии сиёсати ичтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва чунин иқдому ташаббусҳои неку писандида каме ҳам бошад боиси рӯҳбаландии қишри эҳтиёљманди ҷомеа гардида, то андозае дар фароҳам гардидани шароити мусоиди рӯзгори онҳо таъсири мусбат мегузорад.
Тарбиятгирандагони Муассиса - интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш аз чунин таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимӣ изҳои хушнуди карда, иброз доштанд, ки бо аз бар намудани илму донишҳои гуногун, оянда дар рушду пешрафти мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Тибқи иттилоъ тарбиятгирандагони Муассиса-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш баробари барномаи таълимӣ, ҳамзамон ба китобхонӣ, аз бар намудани касбу ҳунарҳои мардумӣ ва бозиҳои гуногуни варзишӣ машғул гардида, малакаҳои зеҳниву ҷисмонии худро тақвият мебахшанд.
Соли гузашта хонадагони муассиса то ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳ ёфта сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Имсол аз 12 нафар хатмкунандагони ин даргоҳ барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои касбиву олии мамлакат 11 нафарашон дар Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорида, имрӯзҳо бо кӯмаки устодон барои имтиҳонҳои қабул омодагӣ мегиранд.
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД




