12 дек 09:26Ахбор / Маориф

БОЯД, КИ КИТОБХОНА ДАР СИНА БУВАД

Файласуфи дунёи қадими Юнон Арасту китобро бар ҳама ганҷу гавҳари олам бартарӣ дода, таъкид месозад, ки дар таърихи инсоният зар ба ҷуз зардрӯӣ ба касе манфиат наовардааст. Ҳатто дар шароити имрӯзаи пешрафти илму техникаи муосир, хусусан телефонҳои мобилӣ, ки ҳоло мардум аз он матнҳоро рӯбардорӣ мекунанд, агар амиқтар нигарем, ҳаргиз ҷои китобро гирифта наметавонад. Дар ин маврид устод Рӯдакӣ мефармояд: 


Дониш андар дил чароғи равшан аст,

        В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Дар ҳақиқат илму донише, ки кас онро аз китоб мегирад, вайро аз ҳама бадиҳо нигоҳдору ҷавшан мебошад. Ҷои дигар ба ҳамин мазмун ниёгон бузургии китобро чунин ситоиш кардаанд:


Илме, ки ҳақиқат аст, дар сина бувад,

Дарсе набувад ҳар он чи дар сина бувад.

Сад хона пур аз китоб наояд коре, 

Бояд, ки китобхона дар сина бувад.


Сад хона пур аз китобе, ки гоҳҳо аз барои намоиш меғундорем ва ё дар телефонҳои ҳозираи мобилисту дар лаҳзаҳои зарури аз рӯи он мо шеърҳоро қироат менамоем, қимату арзише надоранд, зеро бойгонии асосии дониш бояд маҳз дар сина бошад. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ», ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амри махсус роҳандозӣ гардид, сирф бо мақсади китобхонист. Бо мақсаде, ки дунёи ботинии мардум бою ғани гардад. Барои миллати фарҳангии мо, ки ворисони ҳақиқии бузургони илму адаб маҳсуб меёбанд, ин иқдом боз як ҷунбишу такони ҷиддист дар роҳи китобхонию донишомӯзӣ, то пеш аз ҳама насли солиму босаводро тарбия намудаю ба воя расонем.

Аз рӯи талаботҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ», ки дар вилоят аз 24 то 26 ноябри соли равон ҷамъбаст гардид, 400 нафар довталабон иштирок намуда, донишу ҳунари худро санҷиданд. Ба маҳорати иштирокчиёни ин сабқати зеҳнӣ доварон баҳои ҳаққонию воқеӣ доданд. Чил нафар ба даври сеюми ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, ки доварон ба онҳо роҳи сафеду барори кор орзу намуданд. Мақсаду ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусан хонандагон буд. Ҳайати ҳакамон ба даври ҷамбастии озмун ба иштирокдорони он аз рӯи чор номинатсия баҳогузорӣ карданд. Аз рӯи номинатсияи азёд кардану хондани осори адибони классик Сафармоҳи Аҳмадбек аз ноҳияи Ёвон сазовори ҷои аввал, Султон Каримов аз ҳамин ноҳия сазовори ҷои дуюм ва Банда Талбакова аз шаҳри Кӯлоб сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Аз рӯи номинатсияи азёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик ҷои аввал ба Маҳсумаи Маҳмурод аз ноҳияи Ёвон, ҷои дуюм ба Ширини Мирбадал аз шаҳри Бохтар ва ҷои сеюм ба Фарзона Темурова аз ноҳияи Ёвон насиб гардид. Азёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаю ривоятҳои халқии тоҷикӣ низ талаби дигари номинатсияи озмун буд, ки дар он ҷои якум ба Нурбону Ятимова аз ноҳияи Ёвон, ҷои дуюм ба Ҳумайнӣ Кароматзода аз ноҳияи Данғара ва ҷои сеюм ба Мадина Ҷабборова  аз ноҳияи Кӯшониён дода шуд.

Бе донистани осори адибони ҷаҳон кас наметавонад дунёи маънавии хешро бою рангин гардонад. Аз ин хотир, яке аз талаботҳои озмун азёд  кардану хондани осори бузургони дунё маҳсуб меёфт. Аз рӯи ин номинатсия Майсуна Муминова аз ноҳияи Данғара ба гирифтани ҷои аввал, Робия Қодирова ба гирифтани ҷои дуюм аз шаҳри Кӯлоб ва Файзулло  Қадамов аз ноҳияи Кӯшониён ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф гардиданд. Ҳамзамон ба ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» аз рӯи чор номинатсия аз 2 то 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва Ифтихорнома тақдим гардид. Иштирокчиёни дигари озмун, ки ба даври сеюм роҳхат ёфтанд, бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва 1000 сомонӣ сарфароз гардиданд. Ба 34 нафар иштирокчиёни дигари фаъол Сипаснома ва 500 сомонигӣ мукофотпулӣ  тақдим карда шуд.

Марҳилаи ниҳоӣ ва ҷамъбастии озмун барои ғолибон то 20 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки Шоҳҷоизаи он 50000 сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Баргузории озмуни мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди неруи маънавии ҷомеа пайваста дар маркази таваҷҷӯҳи Роҳбарияти олии кишвар қарор дорад ва он бозгашт ба асолати миллию рӯ овардан ба маърифатест, ки бунёди халқи моро тӯлии ҳазорсолаҳо сириштааст.


С. ПАРВИЗ
Добавить комментарий